Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобинаи Довудоғлу дар Туркия истеъфо дод


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия ба истеъфои кобинаи Аҳмад Довудоғлу мувофиқат кард, аммо аз нахуствазири ин кишвар хостааст, ки ӯ ва дигар вазирон то замони ташкили ҳукумати нав, ба фаъолияти худ идома бидиҳанд.

Дафтари президенти Туркия рӯзи сешанбе бо нашри як баёнияи кӯтоҳ гуфтааст, ки "ҷаноби раиси ҷумҳур имрӯз истеъфои кобинаи Аҳмад Довудоғлу, нахуствазирро пазируфт". Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки "ҷаноби раиси ҷумҳур, ки қадрдони хизматҳое аст, ки кобина то кунун анҷом дод, аз ҳайати давлат хостааст, то вақте, ки ҳукумати нав ташкил мешавад, бар сари кор бимонад."

Истеъфои кобинаи Аҳмад Довудоғлу пас аз интихоботи парлумонии ахири Туркия рух медиҳад, ки Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа аксарияти курсиҳоро дар парлумон аз даст дод. Ин ҳизб аз соли 2003 ба ин тараф яккатози майдони сиёсии Туркия буд ва қудратро дар даст дошт.

Ба ин тартиб, Туркия ё бояд шоҳиди ташкили як ҳукумати эътилофӣ бошад ё шоҳиди баргузории инхоботи пеш аз мӯҳлат. Хабаргузории Франс-пресс ба нақл аз як манбаи давлатӣ дар Туркия навиштааст, ки Раҷаб Таййи Эрдуғон ба зудӣ бо Довуд Аҳмадоғлу ҷаласа хоҳад дошт, то бо ӯ дар бораи эътилоф бо дигар ҳизбҳо, гуфтугӯ кунад.

Ин хабаргузорӣ ҳамчунон навиштааст, ба сабаби он, ки ташкили эътилоф кори осоне нахоҳад буд, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки интихоботи парлумонии қабл аз мӯҳлат баргузор шавад. Раҷаб Таййи Эрдуғон гуфтааст, агар талошҳо барои ташкили эътилоф то 45 рӯз ба натиҷа нарасад, интихоботи пеш аз мӯҳлат, баргузор мешавад.

Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеаи Туркия дар ин даври интихоботи парлумонӣ тавонист 41 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст биёварад. Пас аз он Ҳизби ҷумҳури халқ бо 25 дарсад ва Ҳаракати миллӣ бо 16, 5 дарсади оро қарор доранд. Дар ин интихобот Ҳизби демократи халқ, ки дар миёни курдҳои Туркия аз маҳбубият бархӯрдор аст, тавонист 13 дарсади орои мардумро касб кунад ва барои нахустин бор шумораи лозим барои вуруд ба парлумонро ба даст оварад.

XS
SM
MD
LG