Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳлилгарони сиёсӣ ду рӯйдоди ахир – созиши ҳастаии Ғарб бо Эрон ва ҳамроҳ шудани Туркияро ба ҷанги зидди “Давлати Исломӣ” – қадамҳои эҳтимолие ба сӯи сулҳ дар Ховари Миёна меноманд.

Таҳлилгарони маҷаллаи The Christian Science Monitor мегӯянд, аҳамияти ҳама гуна хабарҳои Ховари Миёнаро посухи ин пурсиш муайян мекунад, ки то куҷо онҳо ба қатъи хушунат нигаронида шудаанд. Дар ин замина, онҳо ду ҳодисаи муҳими минтақа -- созиши ҳастаии Ғарб бо Эрон ва ҳамроҳ шудани Туркияро ба ҷанги зидди “Давлати Исломӣ” – қадамҳои эҳтимолие ба сӯи сулҳ дар Ховари Миёна меноманд.

Ин дар ҳолест, ки Туркия сар аз ҷумъаи гузашта амалиёти ҳавоиро зидди марказҳои “Давлати Исломӣ” дар Сурия оғоз намуд. “Агар амалиёти Туркия ба хубӣ ва бо ангезаҳои дуруст пеш равад, он метавонад ба таъсири мусбати созиши ҳастаии Ғарб ва Эрон афзояд ва ғалаёни оташу хунро дар Ховари Миёна боздорад,” – гуфта мешавад дар сармақолаи маҷалла. Дар ин маврид ба нақши сулҳофарини Туркия ҳамчун як кишвари ғайриараб арҷ гузошта мешавад.

Аммо, ба ақидаи сиёсатшиносони маҷалла, қарори стратегии Туркияро барои ҷанг бо “Давлати Исломӣ” нооромиҳои сиёсии он ва муборизаи деринааш зидди ҷудоиталабони курд печидатар мекунад. Бо оғози амалиёт ба муқобили “Давлати Исломӣ” Туркия гуфтааст, ҳамчунин марказҳои Ҳизби Коргари Курдистонро дар шимоли Ироқ низ ҳадаф қарор хоҳад дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки худи курдҳо бо “Давлати Исломӣ” меҷанганд. Амалкарди Туркия формулаи қадимии “душмани душмани ман дӯсти ман аст”-ро комилан рад мекунад ва ангезаҳои ин кишварро зери суол мебарад.

Бисёре аз таҳлилгарони дигар низ ишора мекунанд, ки курдҳо барои муқовимати сарсахтона бо гурӯҳи “Давлати Исломӣ” мавриди ситоиши Ғарб қарор ёфтаанд. Шояд ба ин сабаб тасмими дугонаи Туркия натавонист, истиқболи васеи Ғарбро ба даст орад.

The Christian Science Monitor дар сармақолааш менависад, “дар минтақае, ки марзҳои тези мазҳабу қавмият онро ба порчаҳои зиёд ҷудо кардаанд, Туркия метавонад як “эътидолгар”-и беҳтаре бошад. Он як кишвари демократӣ ва ба мисли аксари кишварҳои дигари Ховари Миёна суннимазҳаб аст ва умдатан хостааст, бо абзорҳои сулҳомез ба умури минтақа таъсир гузорад. Хештандории он аз мудохилаи ошкоро ба ҷанги Сурия қисман ба ҳукмронии фарохи туркҳо дар аҳди Усмония бармегардад. Аммо кишваре, ки як пояш дар Ғарбу НАТО-ст ва пойи дигараш дар решаҳои шарқӣ барои пешгирӣ аз густариши террори “Давлати Исломӣ” тавоноии стратегиро дорост.”

Дурнамои ба андозаи зиёд марбути раисиҷумҳури Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон аст. Ҳизби Адолати ва тавсеаи ӯ дар интихоботи гузаштаи порлумонии моҳи июн шикасти зиёд дид. Мумкин аст, бо оғози ҷанг дар Сурия ва ҳамла ба ҷудоихоҳони курд, ӯ мехоҳад, ҷойгоҳи ин ҳизбро дубора барқарор кунад. Рақиби асосии он ҳизбест, ки ҳимояти курдҳои шаҳрнишинро ба даст овардааст.

Кошиносон далели дигари вуруди боҷуръатонаи Туркияро ба саҳнаи Сурия дар он мебинанд, ки Эрдуғон шояд аз афзоиши таъсири Эрон нигарон аст. Дар ҳоли ҳозир Эрон ягона кишвари минтақа шумурда мешавад, ки сидқан бо гурӯҳи “Давлати Исломӣ” меҷангад. Баъд аз бекор шудани таҳримҳои зидди Теҳрон ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки нуфузи Теҳрон дар Ховари Миёна ба маротиб боло хоҳад рафт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири умури хориҷии Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи 26 июл дар нишасте дар Кувайт кишварҳои минтақаро ба муборизаи муштараки зидди "таҳдидҳои тундгароӣ, терроризм ва маҳзабгароӣ" даъват кард. Вай афзуд, ягон кишвари Ховари Миёна ин мушкилотро бе мадади дигарон ҳал карда наметавонад. Аммо ӯ ишора намуд, ки барои муборизаи муштарак давлатҳои дигари минтақа, на Эрон бояд сиёсатҳои худро бознигарӣ кунанд.

Ховари Миёна аксаран як минтақаи бесарусомон ва ноумед ба назар мерасад. Вале гоҳе рӯйдодҳо ҳадафҳои бузургтареро ба миён мегузоранд, ки ҳеч тарафе барои ба дини худ кашондани дигарон даст ба хуну оташ нахоҳад зад. Созиши ҳастаӣ бо Эрон ва акнун тасмими Туркия барои зарба ба “Давлати Исломӣ” хабар медиҳанд, ки сулҳ метавонад, дастнорас ҳам набошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG