Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ҷасади халабони кушташударо ба Русия фиристод


Маросими гусели ҷасади халабони рус дар фурудгоҳи Анкара
Маросими гусели ҷасади халабони рус дар фурудгоҳи Анкара

Туркия ҷасади халабони ҳавопаймои ҷангии Русияро, ки ҳатфаи гузашта баъди суқути ҳавопаймо кушта шуд, ба Маскав баргардонд, вале танишҳо байни ду кишвар идома доранд.

Туркия рӯзи 30 ноябр ҷасади халабони ҳавопаймои ҷангии артиши Русияро ба он кишвар баргардонд. Олег Пешков рӯзи 24 ноябр, дар пайи суқути ҳавопаймояш аз суқути ҳавопаймои ҷангии Туркия, аз тири ҷангиён дар хоки Сурия кушта шуд.

Хабарҳои расида аз Анкара мегӯянд, ҷасади Пешковро рӯзи 29 ноябр аз Сурия ба Анкара интиқол додаанд ва мақомоти Туркия ҷасадро рӯзи 30 ноябр бо анҷоми як маросими хоси низомӣ дар фурудгоҳи Эсенбогаи Анкара ба Русия фиристодаанд.

Нирӯҳои ҳавоии Туркия ҳавопаймои Русияро рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар пайи вурудаш ба ҳарими ҳавоии Туркия ва сарфи назар кардани ҳушдорҳои батакрор дар мавриди хуруҷи билофосила аз ҳарими ин кишвар суқут доданд. Ду узви экипажи ҳавопаймои СУ-24 тавассути парашют худро аз ҳавопаймои суқуткарда берун андохтанд, вале ҳангоми фуромадан ба оташи чирикиҳои Сурия дучор шуданд. Дар натиҷа Пешков кушта шуд, вале штурмани ҳавопайморо бо анҷоми як амалиёти нирӯҳои вижаи артиши Русия, ки дар ҷараёни он як сарбози қарордодии рус кушта шуд, берун оварданд.

Русия исрор меварзад, ки ҳавопаймояш вориди ҳарими ҳавоии Туркия нашудааст ва дар қаламрави Сурия дучори ҳамла шуд.

Бо вуҷуди ба Русия баргардондани ҷасади халабон танишҳои дипломатӣ байни Анкараву Маскав ҳамчунон идома доранд.

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков рӯзи 30 ноябр бори дигар гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳошияи анҷумани ҷаҳонии тағйири иқлим дар Порис бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон мулоқот намекунад, чунки Туркия то ҳол аз узрхоҳӣ барои суқути ҳавопаймои артиши Русия сарпечӣ мекунад. Манобеи Ройтерс дар дафтари Эрдуғон низ тасдиқ кардаанд, ки Эрдуғон ва Путин кадом нақшаи мулоқот дар ҳошияи анҷумани Порисро надоранд.

Путин қаблан суқути ҳавопайморо “ханҷар аз пушт” номид ва ахиран алайҳи Туркия як силсила таҳримоти иқтисодиву сиёсӣ ҷорӣ кард. Таҳримоти Русия алайҳи Туркия, аз ҷумла манъи воридоти маҳсулоти кишоварзии Туркия ба Русияро дар бар мегирад.

Маскав пойфишорӣ дорад, ки Анкара бояд барои суқути ҳавопаймои русӣ узр бихоҳад. Аммо сарвазири Туркия Аҳмад Довудуғлу рӯзи 30 ноябр дар Брюссел бори дигар гуфт, ягон кишвар наметавонад аз кишвараш барои истифода аз ҳаққ ва масъулияташ барои дифоъ аз ҳарими ҳавоии худ талаби узрхоҳӣ кунад. Довудуғлу гуфт, Анкара мехоҳад, то Русия таҳримоти рӯзи 28 ноябр аз сӯи Путин эълоншударо бозбинӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, Йенс Столтенберг, дабири кулли паймони низомии НАТО, ки Туркия низ узви ин паймон аст, гуфт, муттаҳидони Туркия дар НАТО аз афзоиши ҳузури низомии Русия дар минтақа нигарон шудаанд. Столтенберг гуфт, НАТО дар ҳоли ҳозир рӯи оддӣ сохтани вазъ тамаркуз кардааст.

Олег Пешков чӣ инсоне буд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

XS
SM
MD
LG