Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркияву Русия: Ях об мешавад?


Ҳукумати Туркия гуфт, "дар сурати зарурӣ" омода аст, ҷуброни ҳавопаймои низомии СУ-24-ро пардохт намояд, ки моҳи ноябри соли 2015 нобуд карда буд. Дар ин бора дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии TRT нахуствазир Биналӣ Йилдирим изҳорот дод.

Ӯ гуфт, "ҳарду ҷониб хостори муътадил шудани муносибатҳо ҳастанд. Фикр мекунам, ки равобит беҳтар мешавад." Нахуствазири Туркия афзуд, рӯзҳои 29 ва 30 июн, қарор аст, як сӯҳбати телефонии миёни президентҳои Русия ва Туркия – Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон баргузор шавад. Ин сӯҳбат роҳҳои беҳбудёбии равобити миёни ду кишварро баррасӣ хоҳад кард.

Аз ин пеш Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар як нома аз Владимир Путин дар робита бо нобуд шудани ҳавопаймои русӣ узрхоҳӣ кард. Эрдуғон аз ҳодисаи марги халабони рус “амиқан изҳори таассуф” кардааст. "Инчунин, ӯ ба аҳли оилаи халабони рус ҳамдардии худро баён карда аз вуқӯи ин ҳодиса пӯзиш хостааст," - менависад нашрияи “Ҳуррият”-и Туркия.

Шоми душанбе Эрдуғон изҳори умед кард, ки базудӣ равобити Русияву Туркия беҳбуд хоҳад ёфт.

Муносибатҳои Русияву Туркия баъди он якбора бад шуд, ки рӯзи 24 ноябри соли 2015 дар марзи Туркияву Сурия як ҳавопаймои бомбафкани туркӣ ҳавопаймои низомии Су-24-и Русияро нобуд кард. Дар натиҷа, подполковник Олег Пешков ба ҳангоми кӯшиши наҷот ёфтан бо чатр аз замин тирборон ва кушта шуд. Анқара гуфт, ки ҳавопаймои русӣ ҳарими ҳавоии Туркияро рахна кард, вале Маскав ин далелро қабул надорад.

Раисиҷумҳури Русия он вақт амали туркҳоро "ханҷар аз пушт" унвон карда, зидди Туркия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуд. Маскав гуфт, шарти дубора оддӣ шудани муносибатҳои миёни Русияву Туркия узрхоҳии раҳбарони сиёсии ин кишвар аз Маскав, пардохти ҷуброни ҳавопаймои нобудшуда ва муҷозоти гунаҳкорони ҳодиса мебошад.

Анқара дар посух танҳо бо изҳори таассуф аз ҳодисаи баамаломада барои қабули талабҳои дигари Маскав розӣ нашуд. Як аломати нармиш дар равобити Туркияву Русия ин шуд, ки вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлӯ даъватномаи ширкат дар кори ҳамоиши созмони ҳамкориҳои Баҳри Сиёҳро пазируфт. Қарор аст, рӯзи 1 июл ӯ ба Сочӣ сафар карда ва аввалин мақоми баландпояи турк шавад, ки баъди ихтилофҳои 8-моҳа аз Русия дидан мекунад.

Таҳлилгарони рус мегӯянд, Эрдуғон маҷбур шуд узрхоҳӣ кунад, чунки тиҷорату соҳибкории Туркия аз таҳримҳои Русия шадидан осеб дид. Илова ба ин, равобити бадшудаи миёни Туркияву ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо бар сари масъалаи муҳоҷирон ин кишварро дар инзивоъ қарор дод. Ҳамин масъалаҳо водор кард, ки Туркия баъди ихтилофҳои дипломатии шашсола бо Исроил равобиташро барқарор кард.

Аз рӯи ҳисобҳои Хадамоти федеролии гумруки Русия, дар давоми соли 2015 мизони табодули молу коло миёни Русияву Туркия 23,4 миллиард долларро ташкил медод. Дар давоми чор моҳи аввали соли 2016 ин нишондод танҳо 4,8 миллиард долларро ташкил додаасту бас. Нишондодҳои содироти мол аз Русия ба Туркия 43 дарсад ва воридоти мол аз Туркия ба Русия ду баробар кам шуд.

XS
SM
MD
LG