Пайвандҳои дастрасӣ

Анкара хостори ҳамкорӣ бо Маскав дар ҷанг бо ДИИШ шуд


Пойгоҳи ҳавоии Инҷирлик

Пойгоҳи ҳавоии Инҷирлик

Туркия ба Маскав ҳамкорӣ дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурияро пешниҳод кард.

Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, рӯзи 4 июл дар Истамбул гуфт, мо бо ҳама кишварҳое, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) меҷанганд, ҳамкорӣ хоҳем кард. Ӯ афзуд, пойгоҳи ҳавоии Инҷирликро ба рӯи ҳамаи онҳое боз хоҳад буд, ки мехоҳанд ба муборизаи фъолона бо “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шаванд”.

Баъзе аз хабаргузориҳо бо такя ба ин гуфтаҳо навиштанд, ки шояд Туркия ин пойгоҳи воқеъ дар ҷануби кишварро дар ихтиёри ҳавопаймоҳои Русия ҳам гузорад. Аммо Мавлуд Човушоғлу баъдан дар сӯҳбат бо хабарнигорон тавзеҳ кард, ки дар бораи аз сӯи Русия истифода шудани пойгоҳи ҳавоии Инҷирлик ҳарфе нагуфтааст.

Мавлуд Човушоғлу

Мавлуд Човушоғлу

Пойгоҳи ҳавоии Инҷирлик аллакай аз сӯи ИМА, Олмон, Бритониё, Арабистони Саъудӣ ва Қатар, ки ба Эътилофи байнулмилалии зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” шомиланд, истифода мешавад.

Ин пойгоҳ дар ҳашткилометрии шимоли шаҳри Аданаи Туркия дар наздикиҳои марз бо Сурия ҷойгир шудааст.

Пешниҳоди Анкара дар мавриди ҳамкории низомӣ бо Маскав дар ҳоле ироа шуд, ки Туркия ва Русия, баъд аз узрхоҳии раисиҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон барои аз сӯи ҳавопаймои туркӣ маҳв шудани ҳавопаймои русӣ дар моҳи ноябри соли гузашта, дар мавриди эҳёи робитаҳо ба мувофиқа расиданд.

Баъд аз моҷарои суқути ҳавопаймои СУ-24 аз сӯи ҳавопаймои туркӣ, тирборони яке аз халабонҳо ва баҳси дар қаламрави Туркия ё Сурия нобуд сохтани ин ҳавопаймо, Маскав ҳама робитаҳои иқтисодӣ бо Анқараро қатъ кард ва ба сайёҳони рус дастури парҳез аз истироҳат дар фароғатгоҳҳои Туркияро дод. .

Мавлуд Човушоғлу бо ишора ба ҳаводиси моҳҳои ахир гуфт, ҳамкории муштарак бо Русия ба он хотир зарур аст, ки дар оянда аз ин гуна низоъҳо ҷилавгирӣ шавад.

Маскав аз пешниҳоди Анқара дар мавриди ҳамкорӣ дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” истиқбол кард. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия рӯзи 4 июл ба хабарнигорон дар Маскав гуфт, ки ин пешниҳоди ҷиддӣ аст ва бояд аз нуқтаи назари низомӣ ва сиёсӣ омӯхта шавад”.

Пешниҳоди Анкара ба Маскав дар ҳоле ироа шуд, ки Туркия ва Русия дар ду тарафи низоъ дар Сурия қарор дорад – Анқара аз мухолифини раисиҷумҳур Башор Асад ҷонибдорӣ мекунад, Русияву Эрон бошанд аз пуштибонҳои аслии режими Димишқанд.

Пойгоҳи ҳавоии Русия дар Сурия

Пойгоҳи ҳавоии Русия дар Сурия

Алиризо Тақизода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар шаҳри Глазгои Шотландия, мегӯяд, аслан ҳадафи Анкара аз ин пешниҳод ҳамкории воқеъӣ бо Маскав дар мубориза бо ситезаҷӯён нест, ҳарчанд баъд аз бомбгузориҳо дар фурудгоҳи шаҳри Истамбул, ки мунҷар ба ҳалокати 44 нафар шуд, Туркия ба ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо дар мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" сахт ниёз дорад.

Эҳёи робитаҳо бо Русия ва Исроил, ва аз ҷумла, пешниҳоди ҳамкорӣ дар мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ин ба гунае чархиш дар сиёсати берунаи Туркия аст, ки моҳҳои ахир муносибаташ бо Ғарб ва НАТО андаке сард шудааст ва мехоҳад бо "корт"-и Русия бо Ғарб ва НАТО "бозӣ" кунад, мегӯяд таҳлилгар.

Мусоҳиби мо дар пойгоҳи Инҷирлик мустақар шудани ҳавопаймоҳои русиро аз эҳтимол дур мехонад, зеро Анкара бояд дар мавриди идомаи муносибатҳояш бо НАТО мулоҳиза кунад. Ҳавопаймоҳои Русия аз охири моҳи сентбяри соли гузашта дар вилояти Лозиқияи Сурия мустақаранд. Кишварҳои ғарбӣ борҳо Русияро дар он айбдор карданд, ки ҳадаф аз амалиёти нерӯҳои ҳавоияш дар Сурия на гурӯҳи "Давлати исломӣ", балки гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Димишқанд.

XS
SM
MD
LG