Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи иттилои расонаҳои Туркия, бар пояи натиҷаи шумориши 98 дарсади орои интихоботи парлумонии он кишвар, Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа ҳудуди 41 дарсад орои интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Интихоботи сарнавиштсози парлумонии Туркия рӯзи якшанбеи ҳафтуми июн баргузор шуд. Ба гузориши CNN-и Туркия, ҳизби курдгарои халқӣ-демократӣ дар ҳудуди 13 дарсади орои интихобкунандагонро касб кардааст. Ин ҳизб бо дарназардошти натиҷаҳои ба дастомада, барои нахустин бор бо касби ҳадди нисоб ё орои лозим, вориди парлумони Туркия хоҳад шуд. Як мақоми Ҳизби халқӣ-демократӣ рӯзи якшанбе гуфтааст, ки эҳтимолан ин ҳизб 80 курсии парлумони Туркияро ба даст биёрад.

Салоҳиддин Демиртош, раҳбари Ҳизби халқӣ-демократӣ бегоҳи рӯзи якшанбе дар як нишасти хабарӣ дар Истанбул эълом кард, ки ҳизби ӯ дар як эътилофе бо Ҳизби адолат ва тавсеа иштирок нахоҳад кард. Салоҳиддин Демиртош гуфт, ки "ин интихобот ба баҳсҳо барои тағйири низоми парлумонӣ ба президентӣ ва диктаторӣ дар Туркия, поён дод."

Натиҷаҳои ин даври интихоботи парлумонии барои Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа сарнавиштсоз аст, зеро ин ҳизб дар садади тағйири низоми парлумонӣ ба президентӣ мебошад. Интизор мерафт, ки Ҳизби адолат ва тавсеа аз рақибони худ дар ин ин интихобот пеш бошад. Ба ҳар ҳол, бо дарназардошти натиҷаҳои ба дастомада, ин ҳизб дигар қодир нахоҳад буд, даст ба тағйир дар низоми сиёсӣ ва Қонуни асосӣ бизанад.

Ҳама таваҷҷӯҳ ҳоло ба ҳизби чапгарои курд (Ҳизби халқӣ-демократӣ) равона шудааст. Ин ҳизб тавонист беш аз 12 дарсади ороро касб кунад ва ҳадди нисоби 10 дарсадии орои лозимро барои вуруд ба парлумон, убур намояд.

Ҳизби адолат ва тавсеа дар интихоботи соли 2011 49,8 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст оварда буд. Дар интихоботи парлумонии Туркия 20 ҳизби сиёсӣ ширкат ва ҳудуди 55 миллион шаҳрвандони Туркия ҳаққи раъйдиҳӣ доштанд. Дар сурате, ки Ҳизби адолат ва тавсеа метавонист ҳадди ақали 330 курсиро ба даст биёрад, онгоҳ қодир буд баргузории референдум барои тағйироти мавриди назари худ дар Қонуни асосир тасвиб кунад.

Аммо агар ин ҳизб аксари мутлақи ё дастаким 348 курсиро, ки баробар ду савуми курсиҳои парлумон аст, ба даст меовард, метавонист ин тағйиротро бидуни баргузории референдум ва танҳо бо тасвиби парлумон, амалӣ намояд. Ҳизби адолат ва тавеа дар Туркия хостори афзоиши қудрати раёсати ҷумҳурӣ дар Туркия аст ва мунтақидони Раҷаб Таййиб Эрдуғон мегӯянд, ки президент мехоҳад қудрати шахсии худро мустаҳкам намояд.

Дар ҳамин ҳол Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия рӯзи якшанбе аз боздошти як нафар ба гумони даст доштан дар таркишҳои рӯзи ҷумъа дар гирдиҳамоии Ҳизби халқӣ-демократӣ дар Диёрибакр хабар дод. Дар ду таркиши рӯзи ҷумъа дар он гирдиҳамоӣ 2 нафар кушта ва шумораи зиёде захмӣ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG