Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умеди Туркия ба ҳамкории Русия дар мубориза бо ДИИШ


Вазири хориҷа Мавлуд Човушоғлу гуфт, кишвараш ба ҳамкорӣ бо Русия бар зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" омода аст.

Вазири умури хориҷаи Туркия Мавлуд Човушоғлу рӯзи 4 июл дар Истамбул гуфт, ки Туркия метавонад пойгоҳи ҳавоии Инҷирликро барои Русия боз кунад, тавре ки то имрӯз “мо барои дигар ҷонибҳое кардаем, ки зиддии гурӯҳи “Давлати исломӣ” фаъолона мубориза мебаранд”. Вай гуфт, “мо бо ҳамаи онҳое, ки зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” меҷанганд, ҳамкорӣ мекунем, пас чаро ҳамин корро бо Русия накунем?”.

Изҳороти Човушоғлу дафъатан аз ҷониби расонаҳои хабарии туркӣ нашр шуд. Аксарият гуфтанд, ки Туркия омода аст пойгоҳи низомии Инҷирликро ба рӯи Русия боз кунад. Ин хабар боз ҳам фаротар рафт ва Русия ҳам бо хушҳолӣ вокуниш нишон дод. Вале баъди муддате чанде аз ин гузоришҳо базудӣ аз Интернет бардошта шуд.

Човушоғлу ҳам бо назардошти ин вокуниши сареъ нишон дод ва якбора ҳарфҳои худро рад карду гуфт, ки дар бораи боз кардани дарҳои пойгоҳи ҳавоӣ ба рӯи Русия чизе нагуфтааст. “Ман дар бораи Инҷирлик чизе нагуфтам, - гуфт ӯ. – Ман танҳо суханҳои президентамонро такрор кардам, ки гуфт, мо омодаи ҳамкорӣ бо Русия дар мубориза зидди терроризм ҳастем”.

Баъди он ки тахминан 10 рӯз пеш президенти Туркия Раҷаб Таиб Эрдуғон дар бораи оддӣ ва беҳтар шудани равобити кишвараш бо Исроил ва Русия сӯҳбат кард, мунаққидон аз ҳарду сангар – ҳам чапгароҳо ва ҳам ростгароҳо ба ӯ ҳамла карданд:

“Чӣ чиз тағйир кард, ки шумо фикратонро 180 дараҷа дигар кардед?”,

“Бародаҳои ҷиҳодии дирӯза имрӯз террорист шуданд?”,

“Шумо Ғаззаро дар муомила бо Исроил фурӯхтед” – чунин аст мӯҳтавои асосии интиқодҳо аз президент.

Вале Эрдуғон ба назар намерасад, ки аз ин ҳарфҳо нороҳат шудааст. “Мо ҳеҷ гоҳ аз роҳи интихобкардаамон барнагаштем. Мо танҳо иштибоҳҳоро ислоҳ карда, танишҳои сунъии бавуҷудомада бо Русия ва Исроилро нармтар мекунем”, мегӯяд ӯ.

Вале бисёр сокинони бетарафи Туркия мегӯянд, дигар фурсати он расидааст, ки ба хотири пешрафт ҳама гуна зиддиятҳову душманиҳо бояд ҳадди аққал барои як фурсати кӯтоҳ фаромӯш шавад. 32 соли охир Туркия нархи баланди мубориза бо ПКК – ҳизби коргарии Курдистонро пардохт мекунад. Аз сӯи дигар гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор гирифтааст, ки мисли як вабо баъди сарнагун шудани режимҳои истибдодӣ дар қаламрави Ховари Миёна дар минтақа доман паҳн мекунад.

Аббос Ҷаводӣ

Аббос Ҷаводӣ

Дар оғози даҳсолаи охир, раҳбари исломии Туркия Эрдуғон аз таҳаввулоти Баҳори Араб хеле хушҳол буд ва бархе гурӯҳҳоеро дар ҳамсоягиаш дар Сурия, Ироқ ва ҳатто Миср пуштибонӣ кард, ба умеди ин ки бар ивази он режимҳои диктотурӣ ҳукуматҳои дигари наздик ба худаш сари кор меоянд. Вале ин ормонҳо амалӣ нашуд ва бар ивази онҳо хушунату тундгароӣ рӯи кор омад, ки ҳоло аз пои худи Туркия мегазад.

Аксарият дар Туркия эътироф мекунанд, ки ин кишвар ҳоло душвортарин марҳиларо пушти сар мекунад ва аз ҳамин хотир ҳам, тағйироти ҷиддӣ дар мавқеъгирӣ бо ҳамкорони нохушонянд ҳам шояд танишҳои баамаломадаро каме коҳиш бидиҳад.

Аббос Ҷаводӣ

XS
SM
MD
LG