Пайвандҳои дастрасӣ

Дар марз бо Сурия дар шаҳри Ҷароблус субҳи 24 август Туркия як амалиёти низомиро зидди ҳадафҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» роҳандозӣ кард.

Дар марз бо Сурия дар шаҳри Ҷароблус субҳи 24 август Туркия як амалиёти низомиро зидди ҳадафҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» роҳандозӣ кард. Ин амалиёт баъди он шурӯъ шуд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия ҳадафҳои ДИИШ-ро дар ин минтақаи марзӣ бомбаборон карданд. Ҳадафи амалиёти нирӯҳои мусаллаҳи Туркия ва эътилофи байналмилалии нирӯҳои ҳавоӣ пок кардани минтақаи Ҷароблуси вилояти Ҳалаб аз террористони ДИИШ аст, гуфта шудааст дар изҳороти дафтари нахуствазири Туркия.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки нирӯҳои туркӣ ё гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия, ки аз Туркия пуштибонӣ мебинанд, дар ин амалиёт сафарбар шудаанд, ё на. Амалиёт дар рӯзе шурӯъ шуд, ки дар Анкара муовини президенти ИМА Ҷо Байденро мунтазиранд. Ин сафари нахустини як мақоми баландпояи ғарбӣ ба Туркия баъди табаддулоти нокоми давлатӣ дар ин кишвар мебошад, ки рӯзи 15 июл иттифоқ уфтод.

Мавлуд Човушоғлу, вазири хориҷаи Туркия рӯзи 23 август гуфт, ки марзҳои кишвараш бо Сурия бояд аз нишонаҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» поккорӣ шавад. Туркия ин гурӯҳи террористиро масъули ташкили ҳамлаи террористӣ болои як ҷашни арӯсӣ медонанд, ки рӯзи 20 август мунҷар ба марги 54 ва захмӣ шудани даҳҳо нафари дигар шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG