Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркия дастрасӣ ба торнамои "Ютюб" ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед-пресс, мақомҳои ширкати мухобиротии Туркия эълом кардаанд, ки бар асоси таҳлилҳои техникӣ ва назароти ҳуқуқӣ сурат гирифтааст.

Дар ҳоле, ки хабаргузории "Анатолий"-и Туркия эълом кардааст, ки ширкати мухобиротии Туркия даст ба чунин иқдоме задааст, ба навиштаи Ассошиэйтед пресс, Ютюб ҳамчунон дар дастрасии бисёре аз корбарон қарор дорад.

Бо ин ҳол сухангӯи ширкати Гугл, молики торнамои Ютюб эълом кардааст, ки гузоришҳои расида аз Туркия аз он далолат мекунад, ки бархе корбарони қодир нестанд саҳифаи Ютюбро боз кунанд. Ин ширкат таъкид кардааст, ки ин мушкил аз ҷониби Гугл эҷод нашуда ва афзудааст, ки ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Хабари талошҳои барои бастани Ютюб дар ҳоле мунташир мешавад, ки пештар як навори аудиоӣ, ки ба вазири умури хориҷии Туркия, раиси дастгоҳи амниятии ин кишвар ва мақомҳои аршади низомии он кишвар тааллуқ дошт, дар ин торнамо нашр шуда буд. Дар ин навори аудиоӣ ин афрод дар бораи дахолати низомӣ дар Сурия гуфтугӯ мекунанд.

Бомдоди рӯзи панҷшанбе Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия бо интиқод аз интишори ин навор гуфт, "ҳатто ин дидор дар Ютуб мунташир шудааст... ин кори ғайри ахлоқӣ, ношоиста, касиф ва шармовар аст."

Аз ин пештар давлати Туркия шабакаи иҷтимоии "Твиттер"-ро маҳдуд карда буд. Оқои Эрдуғон он замон таъкид карда буд, ки шахсан фармони маҳдуд кардани ин вебсайтро додаааст, зеро ба гуфтаи вай, ин ширкат тибқи қонунҳои Туркия амал намекунад.

Баста шудани Твиттер низ пас аз он сурат гирифта буд, ки як навори аудиоӣ, ки ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва писараш тааллуқ дошт ва дар хусуси ҷобаҷоии миқдори зиёд пул ҳикоят мекард, дар ин шабака ба суръат мунтишир шуд.

Бо ин ҳол рӯзи чаҳоршанбе Девони идории Туркия бо судури ҳукме идораи мухобиротии он кишварро вазифадор кард, ки Твиттерро боз намояд. Иҷро шудани ин фармон, метавонад барои ҳафтаҳо тӯл бикашад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо пештар дар интиқод аз иқдоми давлати Туркия, масдуд шудани Твиттерро мухолифи демократия дониста буданд.
XS
SM
MD
LG