Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маросимҳои таҷлили Наврӯз дар шаҳрҳои калони Туркия ва минтақаҳои ҷануб-шарқи он кишвар, ки аксари аҳолии он курдзабон мебошанд, мамнӯъ эълон шудааст.

Расонаҳои Туркия рӯзи панҷшанбеи 17-уми март иттилоъ доданд, ки ҳукумати он кишвар ҷашнҳои наврӯзӣ дар шаҳрҳои калони он кишвар, аз ҷумла Истанбул, Анқара ва ҳафт вилояти курднишинро мамнӯъ эълон кардааст. Ҳамин тариқ, ҳаргуна маросим барои таҷлили ин ҷашн аз 17 то 20 март манъ шудааст.

Сабаби чунин тасмим нигарониҳои амниятӣ гуфта шудааст. Пулиси Туркия гуфтааст, ки тибқи маълумоти истихборотӣ, Ҳизби коргарони Курдистон ва ё РKK тасмим дорад, ки аз 20 то 30 март дар шаҳрҳои калони Туркия амалиётҳои террористӣ роҳандозӣ кунад.

Аз ин қабл, Ҳизби демократии халқҳо, ки аз тарафдории курдҳо бархӯрдор аст, хостори ҷашни умумии Наврӯз дар шаҳрҳои калон ва минтақаҳои курднишини он кишвар шуда буд. Пас аз таркиши маргбори рӯзи якшанбеи гузашта дар Анқара -- пойтахти Туркия, ки сабаби марги беш аз 30 нафар шуд, ҳукумати он кишвар чораҳои шадиди амниятиро дар шаҳрҳои калон рӯи даст гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Ҳизби коргарони Курдистон дар сӯҳбат ба хабагузории русии "Спутник" хабари мамнӯъ эълон шудани таҷлили ҷашни Наврӯзро таъйид кардаанд. Дар баёнияи ин ҳизб гуфта мешавад, ки "имсол Наврӯзро дар шароити сахт ҷашн мегирем. Дар шароите, ки ҳар рӯз ранҷҳои наве бар болои мо илова мешавад."

Дар баёнияи Ҳизби коргарони Курдистон гуфта мешавад, ки "ҳукумати Туркия сабабҳое масхараомезро барои ин тасмим матраҳ кардааст ва ба сиёсати мамнӯият ва фишори худ идома медиҳад."

Ин ҳизби тарафдори курдҳо мамнӯъ эълон шудани таҷлили Наврӯзро ғайриқонунӣ хонда ва аз ҳукумати Туркия тақозо кардааст, ки онро бекор кунад: "Талошҳои барои ҷилавгирӣ аз баргузории ҷашни Наврӯз ғайриқонунӣ аст. Ин ҷашн аз ҳазорон сол пеш ҷашн гирифта мешавад. Мо аз ҳукумат мехоҳем амният ва сулҳро барои баргузории ин ҷашн, таъмин кунад."

Амалиёти нерӯҳои ҳукумати Туркия дар минтақаҳои ҷануб-шарқи он кишвар идома дорад. Ин амалиётҳо бар зидди Ҳизби коргарони Курдистон, ки фаъолияташа дар Туркия мамнӯъ аст, анҷом мешавад.

Наврӯз дар Туркия, Эрон, Ироқ, Афғонистон, Ҳинд, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон Туркманистон, Озарбойҷон, Албания, Македония ва дар бархе аз минтақаҳои Русия ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн дар соли 2010 мақоми байналмилалӣ гирифт ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз онро ба таври густурда таҷлил мекунанд.

XS
SM
MD
LG