Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси ҷиноҳи туркзабонҳо дар порлумони Эрон


Сад намояндаи порлумони Эрон нахустин нишасти ҷиноҳи "Минтақаҳои туркнишин"-ро баргузор карданд. Шумораи умумии намояндагон дар порлумони Эрон 289 нафар мебошад.

Сад намояндаи порлумони Эрон нахустин нишасти фраксияи "Минтақаҳои туркнишин"-ро баргузор карданд. Дар ин нишаст Масъуд Пизишкиён, муовини раиси порлумони Эрон, раис ва Нодир Қозипур – намояндаи Урумия – ноиби раҳбари ин фраксия интихоб шуданд.

Туркҳо ё озариҳо баъди форсзабонҳо дувумин гурӯҳи қавмӣ дар Эрон ба шумор мераванд.

Қудрат Шаҳидӣ, таҳлилгари бахши Фардои Радиои Озодӣ, гуфт, аз назари ҷамъият туркҳои озарӣ яке аз ақаллиятҳои қавмии бузург дар Эрон ҳастанд ва солҳо боз ин баҳс матраҳ буд, ки чӣ гуна гирди ҳам оянд. "Аммо ин фраксия асосан барои матраҳ кардан ва ҳалли мушкили минтақаҳои туркнишин ташкил шудааст ва ҷанбаи сиёсӣ надорад. Чунки дар миёни аъзои фраксия ҳам усулгароҳо ҳастанд, ҳам ислоҳталабон", - афзуд ӯ.

Шаҳидӣ гуфт, дар гузашта фраксияҳои ғайрирасмии "Минтақаҳои курднишин" ё "Манотиқи араб" низ дар Маҷлиси Эрон буданд, "вале бори аввал аст, ки фраксияи расмӣ бо номи "Минтақаҳои туркнишин" ташкил шуда ва бо сад намояндааш аз бузургтарин ҷиноҳҳои порлумони Ҷумҳурии Исломист".

​Туркҳо ё озариҳо баъди форсзабонҳо дувумин гурӯҳи қавмӣ дар Эрон ба шумор мераванд. Шумори зиёде аз туркҳои Эрон шаҳрнишин ҳастанд ва дар Табрез, Урумия, Ардабил, Занҷон ва Мароға зиндагӣ мекунанд. Гуфта мешавад, теъдоди зиёди туркҳо дар Теҳрону Ҳамадон, Қазвин ва Караҷ низ зиндагӣ мекунанд. Аксарияти туркҳои Эрон монанди бештари қавмҳои он кишвар мусалмони шиа бо фарҳанги эронӣ ҳастанд.

Заҳро Соӣ, сухангӯи фраксияи "минтақаҳои туркнишин" хабар дод, ки ин ҷиноҳ рӯзи 30 октябр бо ҳузури 100 намоянда ташкил шуд ва 25 намояндаи порлумон узви Шӯрои марказии он ҳастанд. Заҳро Соӣ низ ҳадаф аз ташкили ин фраксияро “истифода аз зарфиятҳои ин минтақаҳо ва тавсеаву тақвияти ваҳдати миллӣ” номидааст.

Интихоби Нодир Қозипур ба унвони ноиби раиси ин фраксия дар ҳоле аст, ки чанд моҳ қабл латту кӯби Эҳсон Бадоғӣ, хабарнигори рӯзномаи Эрон, аз сӯи ӯ пас аз суол дар бораи ташкили фраксияи "минтақаҳои туркнишин" хабарсоз шуда буд.

Ин фраксия дар ҳоле ташкил шудааст, ки дар солҳои гузашта тарҳи бархе аз дархостҳои қавмиятҳои сокини Эрон аз минбарҳо ва расонаҳои расмӣ афзоиш ёфтааст. Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, низ дар даврони маъракаи интихоботии худ дар чаҳор соли пеш, дар як баёния ба риояи ҳуқуқи қавмҳо, адён ва мазҳабҳо дар Эрон таъкид карда ва ваъда дода буд, омӯзиши забони модарии қавмҳо ба таври расмӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо ҷорӣ хоҳад шуд.

Ҳусейн Таваккулӣ, мушовири олии Созмони санҷиш ва омӯзиши Эрон чанд муддат пеш гуфта буд, ки имкони интихоби риштаҳои забону адабиёт курдӣ ва забон ва адабиёти туркӣ барои довталабони соли ояндаи таҳсил дар Эрон фароҳам шудааст.

XS
SM
MD
LG