Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯраҷонзодаҳо: Мо ҳаминҷоем


Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Хонаводаи рӯҳониёни саршинос Тӯраҷонзодаҳо сару садоҳо дар мавриди берун рафтанашон аз Тоҷикистон дар пайи ҳодисаҳои ахирро рад карданд.

Хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо - рӯҳониёни саршиноси тоҷик сару садоҳо дар мавриди берун рафтанашон аз Тоҷикистон дар пасманзари ҳодисаҳои ахири кишварро рад карданд. Онҳо мегӯянд, дар Ватан ҳастанд ва ба таври маъмулӣ аз пайи кору рӯзгори хешанд.

Пас аз ҳамлаи рӯзи 4-уми сентябр ба нерӯҳои интизомӣ дар Ваҳдат ва Душанбе, ки мақомот муовини вазири дифои Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ - Ҳалимро ба даст доштан дар он гунаҳкор карданд, ва боздошти 13 тан аз раҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ дар пайи анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим сарусадоҳое миёни мардум ва ҳаводорони Тӯраҷонзодаҳо ба миён омад, ки бародарон Ҳоҷӣ Акбар ва Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзодаҳо тарки Тоҷикистон карда ва гӯё ба Қазоқистон рафтаанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аксари аъзои ин хонавода, ба шумули падарашон Эшони Тӯраҷон ва Эшони Нуриддинҷон дар Қазоқистон ба сар мебурданд.

Субҳи 20-уми сентябр ҳамсари Эшони Нуриддинҷон дар манзилашон дар рустои Туркободи ноҳияи Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш барои адои намоз ба масҷид рафта, дар хона ҳузур надорад, аммо ҳаминҷост ва ҳеҷ заруратеро барои фирор намебинанд. Ҳамсари Эшони Нуриддинҷон афзуд: “Шавҳари ман коре накардааст, ки бояд гурехта равад. Ин гапҳо ҳамаш дурӯғ аст. Шавҳарам шояд дар масҷид бошад.”

Дар масҷид моро Аҳмад Тӯраҷонзода -- бародари Ҳоҷӣ Акбар ва Эшони Нуриддинҷон пешвоз гирифт. Ӯ низ дар Тоҷикистон будани ҳамаи бародаронашро тасдиқ кард, вале гуфт, ки онҳо дар ҳоли ҳозир наметавонанд хабарнигоронро ба ҳузур бипазиранд. Аҳмад Тӯраҷонзода гуфт: “Ҳамаамон дар ҳаминҷоем ва рафтанӣ ҳам нестем.”

Дар Ваҳдат будани ҳам Ҳоҷӣ Акбар ва ҳам Эшони Нуриддинҷонро ҳамсояҳояшон низ тасдиқ мекунанд. Ба қавли яке аз ҳамсояҳои Тӯраҷонзодаҳо, маҳаллаи онҳо аз чанд вақт ба ин сӯ аз ҷониби кормандони мақомот зуд-зуд назорат мешавад. Аммо зимни боздиди мо ҳеҷ нафаре аз намояндагони мақомот дида намешуд.

Тӯраҷонзодаҳо яке аз хонадонҳои бонуфузи рӯҳонии Тоҷикистон буда, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар солҳои 1989-1992 қозикалони Тоҷикистон ва баъди ҳиҷраташ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ яке аз раҳбарони аввали Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик буд. Ӯ баъди имзои созишномаи сулҳ муовини сарвазири Тоҷикистон таъин шуд ва то соли 2007 дар ин мақом кор кард.

Ҳамин тавр, масҷиди "Муҳаммадия"-и марбут ба ин хонадон дар зодгоҳашон- рустои Туркобод чандин сол аз пурнамозгузортарин масҷидҳои кишвар ба шумор мерафт. Ҳар рӯзи ҷумъа садҳо нафар аз дуру наздик барои адои намоз ва шунидани мавъизаҳои Эшони Нуриддинҷон ва бародараш Маҳмудҷон ба ҳамин масҷид меомаданд.

Аммо дар поёни соли 2011 Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Кумитаи дин Тӯраҷонзодаҳоро ба баргузории маросими Ошӯро айбдор карданд ва гуфтанд, ки ин маросим бештар хоси пайравони мазҳаби шиъа аст, на мазҳаби Ҳанафия, ки аксари сокинони Тоҷикистон пайравӣ мекунанд. Дар баҳори соли 2012 масҷиди Тӯраҷонзодаҳо дар Туркобод ба масҷиди панҷвақта табдил дода шуд ва онҳо имкони ваъз гуфтан ба тарафдоронашон пеш аз намозҳои ҷумъаро аз даст доданд.

XS
SM
MD
LG