Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбатҳои Тӯраҷонзода ва Кабирӣ алайҳи "такфир"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода хостори таъсиси як шабакаи моҳвораӣ барои таблиғи Исломи мӯътадил шудааст.Муҳиддин Кабирӣ дар Теҳрон гуфтааст, ки танҳо дар сурати расидан ба як ҷомеаи озод, ки инсон дар он соҳиби каромат бошад, метавон пеши роҳи ифротгароиро гирифт.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар як ҳамоиш таҳти унвони "Ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ аз дидгоҳи уламои ислом", ки рӯзҳои 23-24 ноябр дар Теҳрон баргузор шуд, роҷеъ ба омилҳои пайдоиши ифротгароӣ дар ҷаҳони ислом сӯҳбат карда ва гуфтааст, танҳо дар ҳолати расидан ба як ҷомеаи озод, ки инсон дар он соҳиби каромат бошад, мусалмонон метавонанд пеши роҳи ин падидаи номатлубро бигиранд.

Дар ин нишасти байналмилалӣ, ки бо ҳузури намояндагони 70 кишвар баргузор шудааст, аз Тоҷикистон ба ҷуз Муҳиддин Кабирӣ, ҳамчунин рӯҳонӣ ва сиёсатмадори ишнохта Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, муовини раиси ҲНИТ Саидиброҳими Назар ва пажӯҳишгари умури исломӣ Абдуллоҳи Муҳаққиқ ширкат доштаанд.

Муҳиддин Кабирӣ дар ин нишаст аз ҷумла гуфтааст: “Имрӯз, таваҷҷӯҳи ҳама ба Ховари Миёна, Афғонистон ва дигар нуқтаҳои доғи ҷаҳони Ислом равона шудааст, ки гурӯҳҳои ифротгаро фаъол шудаанд ва масъалаи мубориза алайҳи онҳо аз муҳимтарин масоили ҷаҳон гаштааст. Вале кам касон атрофи омилҳои пайдоиш ва рушди ифротгароӣ дар ҷаҳони ислом фикр мекунад, ки боиси нашинохтани асли мушкилӣ ва пайдо накардани роҳҳалҳои муносиб гаштааст. Мо дар бораи ифротгароии гурӯҳҳои мусаллаҳ ошкор сӯҳбат мекунем, аммо ифротгароӣ дар адабиёт, мавъизаҳо, хутбаҳо ва навору дискҳоро нодида мегирем. Ҳол он, ки маҳз ифротгароии фикрӣ ва андешаӣ боиси пайдоиши ифротгароии мусаллаҳ ва такфир мегардад.”

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Ӯ дар идома гуфтааст: “Шояд уламо ва хатибҳо дар китобҳо ва сӯҳбату хутбаҳояшон аз истилоҳот ва калимаҳои "куфр" ва "ширк" нисбати дигарандешони мазҳабӣ зиёд истифода накарда бошанд, вале услуби навишт, тарҳи масъала ва хулосаҳои онҳо зеҳни хонанда, шунаванда ё бинандаи ҷавони ноогоҳро ба самти такфир ё инкори дигарон мекашонад. Вақте мо имрӯз мебинем, ки як мусалмон мусалмони дигар ва ё масеҳиву эзидиро бо як ваҳшоният ва хунсардӣ ба қатл мерасонад ва масҷиду калисо ва мақбараҳоро тахриб мекунад, ин натиҷаи ҳамон таълимоти зоҳиран илмӣ, вале амалан таҳрикомез аст, ки даҳсолаҳо дар ҳавзаҳо, факултаҳо ва ҳалқаҳои дарсиву таблиғӣ идома дошт.” Раиси ҲНИТ аз уламо хостааст, ки аз сохтани зеҳниятҳои манфӣ нисбати дигарон парҳез кунанд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии шинохтаи тоҷик дар анҷумани Теҳрон таъсиси як шабакаи моҳвораӣ таҳти назорати уламои мӯътадили илосимро ба хотири муқобила ба ақидаҳои тундгароёна пешниҳод кардааст. Хабаргузории ИРИБ аз қавли ин рӯҳони овардааст: "Пешниҳоди ман ин аст, ки уламои бедор бояд як шабакаи моҳвораӣ, ки аз сӯйи донишмандони мӯътадил идора бишавад, роҳ биандозанд. Бештари уламои ҷаҳони ислом мӯътадил ҳастанд, вале мутаассифона фақат ифротиҳо ва тундравҳои шиа ва суннӣ, ки хеле андак ва бесавод ҳам ҳастанд, дорои минбар шудаанд."

Муовини собиқи сарвазир ва қозии собиқи мусалмонони Тоҷикистон ҳамчунин дар масъалаи такфир хостори аз байн бурдани ҳарҷу марҷ шудааст: "Дар масъалаи такфир, сабаби аслӣ ин ҷаҳолат ва нодонӣ аст. Сабаби дигари такфир дар он аст, ки имрӯз дар миёни уммати исломӣ, дар масъалаи таъйини таклифи шаръӣ, ҳарҷу марҷ ҳоким шудааст. Ҳар кас барои худаш муфтӣ шудааст... Бояд ҷилави ин ҳарҷу марҷ дар фатво содир карданҳо гирифта шавад. Ҳаққи фатво доданро фақат бояд фақеҳони ҷомеъушшароит дошта бошанд."

Дар ҳамин ҳол, ба ақидаи оқои Кабирӣ, яке аз омилҳои дигари пайдоиши ифротгароӣ шароити бади иқтисодӣ ва маҳдудиятҳои озодӣ аст, зеро 80 дарсади ҷавонони олами ислом дар шароити сахти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳти зулму истибдод зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, ҷавонони мусалмон аз як тараф зери фишори низомҳои худкомаи дунявӣ ва аз тарафи дигар таҳти фишори доираҳои иртиҷоъии динӣ қарор доранд, ки ояндаи равшанеро барои онҳо таъмин намекунад ва маҳдудиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ ва маҳрумият аз як зиндагии бо шарофату бокаромат онҳоро дар ҳолати интиқомгирӣ аз ҳаёт ва атрофиён қарор додааст. Ӯ аз уламо даъват кард, то ҳукуматдорону сиёсатмадоронро ҳам насиҳат кунанд: “Вақти он расидааст, уламо эҳсоси масъулият намоянд ва на танҳо ба насиҳати ҷавонон, балки ба насиҳату роҳнамоии ҳокимону сиёсатмадорон бипардозанд ва масъулияти худро анҷом бидиҳанд, то ҳокимон ҳуқуқи миллатҳояшонро поймол насозанд, умеди ҷавононро нобуд насозанд ва наслҳои ояндаи моро ба вартаи ифроту такфир нарасонанд.”

Роҳбари ҲНИТ муътақид аст, “танҳо дар сурати расидан ба як ҷомеъаи озод, ки инсон дар он соҳиби каромат бошад, мо метавонем пеши роҳи ифротгароиро бигирем.”

Ӯ афзуд: “Номи ин ҷомеъаро метавонед мардумсолорӣ, демократӣ ё “мадинаи фозила” бигузоред, ё ҳарчи дилатон мехоҳад, муҳим ин ки дар он инсон соҳиби каромату шарофат бошад, озодиҳову ҳуқуқаш таъмин бошад ва ҳама бидонанд, ки дар чорчӯби қонун метавонанд ба ояндаи беҳтаре бирасанд. Дар сурати ғайр, ин ҳама суханрониҳо, чорабиниҳо ва иқдомҳои амниятӣ натиҷаи лозимиро барои пешгирии ифротгароӣ нахоҳад дод ва ҳатто дар сурати саркӯби гуруҳҳои ифротии имрӯза, шоҳиди пайдоиши дигар гурӯҳҳо дар оянда хоҳем шуд.

XS
SM
MD
LG