Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон: "Евгений Примаков дӯсти самимии Тоҷикистон буд"


Евгений Примаков

Евгений Примаков

Эмомалӣ Раҳмон даргузашти Евгений Примаков -- вазири умури хориҷӣ ва нахуствазири собиқи Русияро талафоти бебозгашт номида, аз саҳми дар сулҳи тоҷикон тавсиф кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, даргузашти Евгений Примаков -- вазири умури хориҷӣ ва нахуствазири пешини Русияро, ки аз асосгузорони сулҳи тоҷикон низ гуфта мешавад, талафоти бебозгашт номидааст. Оқои Раҳмон бо ирсоли номаи ҳамдардӣ ба ҳамтои русаш Владимир Путин гуфтааст, "ӯ дар ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадоре, ки барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бисёр талош кардааст, машҳур буд."

Президенти Тоҷикистон дар идомаи номааш Примаковро "дӯсти самимии Тоҷикистон" гуфта, аз саҳми ӯ барои ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар низ тавсиф намудааст.

Аз ин пештар низ бархе аз иштирокдорони давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон нақши Евгений Примаковро дар имзои Созишномаи истиқрори сулҳ дар 18 соли пеш калидӣ унвон карданд. Примаков, ки ба ҳайси раҳбари Идораи ҷосусӣ, вазири умури хориҷӣ ва нахуствазири Русия кор кардааст, рӯзи 26 июн дар синни 86 даргузашт.

Талбак Назаров, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ даргузашти Евгений Примаковро "талафоти бузург" донист ва гуфт, ки "ӯ ҳамеша барои Тоҷикистон хайрхоҳ буд" Примаков, . Оқои Назаров афзуд, Примаков дар давраҳои музокироти ҳайатҳои ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини собиқ ҳамеша таъкид мекардааст, ки тоҷикон ба ҷуз аз сулҳ ва ваҳдат роҳи дигар надоранд.

Талбак Назаров

Талбак Назаров

"Вақте дар музокираи Ишқобод бӯҳрон ба вуҷуд омад, Примаков аз Маскав зуд расид ва аввал бо ману Тӯраҷонзода якҷоя ва баъд дар алоҳидагӣ сӯҳбат кард. Мушкил баъд аз он ҳал шуд ва музокирот боз як қадам пеш рафт," -- ба ёд овард Талбак Назаров.

Вазири собиқи умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, баъд аз имзои созишномаи сулҳ низ Евгений Примаков барои Тоҷикистон хизмат карда ва дар иваз аз ҷониби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ордени “Дӯстӣ” гирифтааст. Ӯ аз соли 1997 ба ин тараф узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон будааст.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, яке аз раҳбарони Иттиҳоди мухолифини пешин ва собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон, низ аз даргузашти Евгений Примаков изҳори андӯҳ карда ва нақши ӯро дар мавриди имзои сулҳи тоҷикон калидӣ донист. Ӯ гуфт, "агар Примаков намебуд, имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар 27 июни 1997 дар гумон буд".

Оқои Тӯраҷонзода 26 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Евгений Примаков дар замони вазири умури хориҷӣ ва ҳам нахуствазири Русия буданаш барои Тоҷикистон хидмати бузург кардааст". Ӯ махсусан аз нақши Примаков дар сулҳи тоҷикон ёдоварӣ карда ва афзуд, "18 сол

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

пеш, дар рӯзи имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон миёни ҳайатҳои ду тараф ихтилоф ба вуҷуд омад. Евгений Примаков президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири умури хориҷӣ Талбак Назаров ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва бандаро ба Кремл давъат намуда, роҳи ҳалли мушкилро нишон дод. Сипас ин санад ба имзо расид."

"Евгений Примаков ҳамчун сиёсатмадори бопринсип ва дурандеш дар давраҳои музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон кӯшиш мекард, ҳарчӣ зудтар тоҷикон ба мусолиҳа оянд ва созишномаи сулҳро ба имзо расонанд," -- афзуд Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

Евгений Примаков, нахуствазири собиқи Русия ва аз сиёсатмадорони маъруфи он кишвар 26 июн дар синни 86 аз ҷаҳон даргузашт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия гуфт, Владимир Путин даргузашти Примаковро ба хонавода ва дӯстонаш тасаллият гуфтааст.

Хабари марги Евгений Примаковро наберааш низ тасдиқ карда ва гуфтааст, "мутаассифона, ин хабар ҳақиқат дорад. Ӯ имрӯз даргузашт." Евгений Максимович Примаков 29 октябри соли 1929 дар Киев зода шуда, аз соли 1996 то 1998 вазири умури хориҷӣ ва солҳои 1998-1999 нахуствазири Русия буд.

Евгений Примаков аз асосгузорони сулҳи тоҷикон низ гуфта мешавад. Бисёриҳо махсусан сафари ӯ ба Кобул дар тобистони соли 1993 ва сӯҳбатяш бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари Иттиҳоди мухолифини пешини тоҷикро тақдирсоз медонанд. Ин сӯҳбат ҳамагӣ чанд рӯз баъди ҳамла ба дидбонгоҳ ё заставаи 12-уми марзбонҳои Русия дар Тоҷикистон сурат гирифта ва гуфта мешавад, дар ин мулоқот Примаков ваъда додааст, дар сурати қатъи амалиёти низомӣ Русия омодааст, ки нақши миёнҷигариро миёни ҳукумат ва мухолифони тоҷик иҷро кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG