Пайвандҳои дастрасӣ

Александр Терехов-Тӯраев -- писари Сайфиддин Тӯраев


Ситораи синамои Русия Маргарита Терехова аввалин бор номи падари писараш Александрро ифшо кард. Вай гуфт, ин шахс Сайфиддин Тӯраев аст, ки дар Истравшани Тоҷикистон ба сар мебарад ва раҳбари як корхонаи хусусии кешбофист.

То рӯзи чаҳоршанбеи 26-уми сентябр касе намедонист, ки исми хонаводагии Александр Терехов тоҷикист. Гуфтугӯ аз Тӯраев дар расми муаррифии филме ба миён омад, ки Терехова аз рӯи "Чайка"-и Чехов ба навор гирифта, Александр дар он нақш мебозад ва исрор кардааст, исмаш дар титрҳо "Александр Тӯраев" навишта шавад.

Зимни пойфишории журналистон Маргарита Терехова, яке аз зеботарин занони Русия гуфт, бо Сайфиддин Тӯраев тасмими издивоҷ дошт ва ҳатто ба хонаи ӯ рафта, бо модари Сайфиддин ва хешу наздикони ӯ шинос шуда буд. Вале бо сабабе ин издивоҷ рӯй надод ва дертар Александр зода шуд, аммо Сайфиддин Тӯраев аз таваллуди Александр хабар надошт.

Хабарнигорони рӯзномаи "Комсомолская правда" ба Истаравшан занг зада Сайфиддин Тӯраевро пайдо кардаанд ва ӯ аз шунидани ин ки як писари 23-сола дорад дар ҳайрат афтодааст. Вале иқрор кардааст, ки Маргарита Тереховаро мешиносад ва омодааст, ба ӯ кӯмак кунад. Сайфиддин Тӯраев аз сӯҳбати бештар бо хабарнигорон худдорӣ кардааст ва гуфтааст, танҳо бо Терехова гуфтугӯ хоҳад кард. Ҳамдиёрони Сайфиддин Тӯраев ба хабарнигорони рӯзномаи "Комсомолская правда" гуфтаанд, Тӯраеа дар кишвари онҳо шахси саршинос аст, ҳамсар ва чаҳор фарзанди бузургсол дорад.

Нашрияҳои Русия ҳадс задаанд, ки Маргарита Терехова бо Сайфиддин Тӯраев эҳтимолан дар соли 1977 шинос шуда бошад. Он вақт Терехова дар Душанбе дар наворгириҳои филми "Кӣ ба Трускаветс меравад" ширкат мекард. Худи Тӯраев дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигорон гуфтааст, ин воқеъа 20-30 сол пеш рӯй дода буд.

Александр Тӯраев, ки ба ҳадди зиёде шабеҳи Сайфиддин Тӯраев буда, монанди ӯ қомати баланд дорад, мегӯяд, ҳамеша дар орзуи дидани падараш буд. "Ин орзу дар кӯдакию наврасиям сахт буд, баъд бо гузашти солҳо коҳиш ёфтааст." Вай мехоҳад, дар бораи сарнавишти худ филме ба навор гирад.

XS
SM
MD
LG