Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон "ҳайкал"-и нотамомашро дар ағбаи Анзоб пурра мекунад


Ҷониби Эрон мегӯяд, ки то ду моҳи дигар босзозии нақби "Истиқлол"-ро ба поён расонда, мушкили ҷорӣ шудани об дар дохили туннелро ҳал хоҳад кард. Ҳоло навад дарсади ин корҳо анҷом шудааст.

Ин шабу рӯз дар ҳавои сард ва ҳарорати зери сифр ҳудуди 320 муҳандиси эронӣ ва тоҷик дар нақби "Истиқлол" машғули маҳкам кардани рахнаҳои ҷоришавии об ва бетонрезӣ ҳастанд. Бозсозии нақбро ширкати "Собир"-и Эрон бар ӯҳда дорад ва ин ширкат мегӯяд, ки то ҳоло 90 дарсади корҳоро ба анҷом раонда, то ду моҳи дигар нақбро пурра мавриди истифода қарор хоҳад дод. Ҳоло сокинон тавассути ағбаи Анзоб аз Душанбе ба Хуҷанд ва ё баръакс равуо мекунанд. Қобилҷон Муродов, яке аз коргарони тоҷик, мегӯяд, агар тамоми нақшаҳояшон барои доштани пеши роҳи об ба иҷро расанд, "дар фасли баҳор низ об дигар ба роҳҳои мошингузар ҷорӣ намешавад".

Нақби "Истиқлол" дар 75-километрии ҷодаи Душанбе ба самти Хуҷанд қарор дорад ва минтақаи шимоли кишварро ба ҷануб мепайвандад. Тарҳи сохтмони ин нақбро ҳанӯз охири солҳои Шӯравӣ муҳандисони рус оғоз карда, вале ба сабаби сардии ҳаво ва ҷорӣ шудани об корро қатъ намудаанд.

"Баъд аз рафтани русҳо ширкати “Данғарастрой” идомаи кори нақбро бар дӯш гирифт. Аммо ба сабаби он ки мушкили норасоии техника доштанд, аз ҷумҳурии Эрон ширкати “Собир”-ро оварданд," -- гуфт Шодмон Боқиев, корманди собиқадори нақб.

Ширкати “Собир”-и Эрон аз аввалҳои соли 2003 корро дар нақби “Истиқлол” сар карда, 23 марти соли 2006, баъд аз сӯрох кардани кӯҳ ва нотамом мондани кор дар нақб, онро ба истифода супурд. Наримон Ризоӣ, намояндаи расмии Вазорати нерӯи Эрон мегӯяд, “вақте раисиҷумҳурони Тоҷикистону Эрон омаданд ва хостанд, ки ин нақбро боз кунанд, он вақт кор ба анҷом нарасида буд. Вале он замон хостанд, ки корро ба анҷом расонанд. Баъдан чун мошинҳои боркаш бо борҳои аз ҳад берун аз инҷо мегузаштанд, ҳама бетонҳо хароб шуданд ва вазъ ба ин ҳад расид.”

Ба қавли муҳандисон ва коршиносони эронӣ, агар аз як сӯ нотамом ба истифода додани нақб сифати кори онҳоро номуваффақ гардонда бошад, аз сӯи дигар мавҷуд будани кӯлу тарма ва обҳои зиёд дар атрофи он, баъди ба истифода додан роҳҳоро вайрону валангор гардонидааст. “Ин ҳама ба табиати Тоҷикистон рабт дорад, на ба малакаи ҳирфаии сохтмончиён,” – изҳор дошт Абдулҳамид Вакилзода, масъули ширкати “Собир”.

Нақби “Истиқлол” аз сатҳи баҳр дар баландии 2700 метр қарор дорад ва бар асоси пажӯҳиши олимон яке аз нақбҳои серобтарини дунё будааст. Дар ҳар як сония аз гирду атрофи нақб 5 метри мукааб об ҷорӣ мешавад. Абдулмаҷид Шарифов, намояндаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, “мутахассисон барои ба пуррагӣ хушк кардани об комёб гардиданд, вале 5-10 сол баъд вазъияти он чигуна мешавад ҳеҷ кас ҳеч кафолат дода наметавонад.”

Бо гузашти тақрибан як даҳсола ин тарҳи нотамом дар ҷомеаи Тоҷикистон ба унвони як тарҳи номуваффақи эронӣ шинохта мешавад ва ҳамин тавр роҳҳо ва нақбҳоеро, ки Чин дар Тоҷикистон сохтааст, ба унвони тарҳи чинӣ ёд ва ин ҳарду бо якдигар муқоиса мешаванд.

Лоиҳаи азнавсозии нақби “Истиқлол” 9 миллиону 338 ҳазор долларро дар бар мегирад, ки аз ҷониби Тоҷикистону Эрон пардохт гардидааст. Ҳоло ҳудуди 90 дарсади кори бозсозии нақб, яъне аз дарозии ҳудудан 5,5 километрии он 4 километраш ба анҷом расидааст ва обҳои ҷории зеризаминиро бо лӯлаҳои калон ба туннели ҳавогузар интиқол медиҳанд. Дар болои лӯлаҳои обгузар то баландии 40 сантиметр бетонрезӣ карда, барои мошинҳо роҳро ҳамвор месозанд.

Наримон Ризоӣ, намояндаи Вазорати нерӯи Эрон мегӯяд, “ин пружа то ин ҳад барои Эрон муҳим аст, ки вазири нерӯ, раисиҷумҳури мо ва ҳайатҳое, ки аз Эрон меоянд, ҳамеша пайгири ин қазия ҳастанд. Зеро анҷоми кори ин пружа обрӯи мост ва мо бояд обрӯи Эронро дар Тоҷикистон ба исбот бирасонем ва кор ба дурустӣ бояд анҷом бишавад.”

XS
SM
MD
LG