Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Амрико: Пирӯзии Доналд Трамп ва Берни Сандерс дар Ню-Ҳемпшир


Сандерс ва Трамп - ғолибони интихоботи муқаддамотӣ дар Ню-Ҳемпшир
Сандерс ва Трамп - ғолибони интихоботи муқаддамотӣ дар Ню-Ҳемпшир

Дар интихоботи муқаддамотии номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ дар аёлати Ню-Ҳемпшири Амрико миллиардер Доналд Трамп ва дар овоздиҳии демократҳо сенатор Берни Сандерс пирӯз шудаанд.

Натоиҷи аввалияи интихоботҳои муқаддамотӣ дар аёлати Ню-Ҳемпшири Амрико ҳокист, ки аз байни довталабони номзадӣ ба президентии ин кишвар аз ҳизби ҷумҳурихоҳ миллиардер Доналд Трамп ва аз байни довталабони ҳизби демократ сенатор Берни Сандерс ғолиб омадаанд.

Доналд Трамп дар Ню-Ҳемпшир 34 дарсад овоз гирифтааст, ки мавқеи пешсафии ӯ дар байни довталабон аз ҳизби ҷумҳурихоҳ барои номзадӣ дар интихоботи рӯзи 8 ноябри раёсатҷумҳурии Амрикоро тақвият медиҳад.

Интихоботи Амрико: Пирӯзии Доналд Трамп ва Берни Сандерс дар Ню-Ҳемпшир
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:15 0:00

Ин миллиардери соҳиби шабакаҳои телевизионӣ, ки дар ҷараёни маъракааш ба манъи муваққати вуруди мусалмонон ба Ийолоти Муттаҳида даъват мекард, ҷалби интихобкунандаҳои норозӣ аз нухбагони сиёсии имрӯзаро дар меҳвари корзори интихоботиаш қарор додааст.

Доналд Трамп баъди маълум шудани пирӯзиаш дар Ню-Ҳемпшир бо лаҳни хоси ӯ гуфт, “мо Чину Ҷопонро хоҳем зад мо Мексикаро дар тиҷоратхоҳем зад. Мо ҳамаи ин кишварҳоро, ки ҳар рӯз маблағҳои бузурги моро аз мо мебаранд, хоҳем зад. Ин дигар ҳеҷ гоҳ рух нахоҳад дод... Мо хеле зуд ва хеле қотеона корҳоеро анҷом хоҳем дод, ки ҷаҳон дигарбора ба мо эҳтиром қоил шавад, дигарбора ба мо эътимод кунад.”

Берни Сандерси аз лиҳози ақидатӣ сотсиалист, ки низ бо айни шеваи ҷалби таваҷҷӯҳи мардуми норозӣ аз раҳбарони кунунии ҳизби демократ вориди сабқат шудааст, дар Ню-Ҳемпшир 58 дарсади овозҳои тарафдорони ин ҳизбро соҳиб шуд. Сандерси чапгаро дар барномаи интихоботиаш аз ҷумла таҷзияи бонкҳои бузург, тазмини таҳсили бепул дар коллеҷҳо ва имтиёзҳое мисли инро ҷой кардааст.

Сандерс баъди пирӯзӣ дар Ню-Ҳемпшир гуфт, “шумо метавонед мутмаин бошед, ки пирӯзии имшаби мо вокуниши элитаҳои молӣ ва нухбагони сиёсии кишварро, ки мехоҳанд пеши роҳи маъракаи мо барои тағйири Амрикоро бигиранд, ба бор хоҳад овард.” Сандерс ҳамчунин гуфт, демократҳо бояд ҳарчӣ зудтар дар моҳҳои наздик аз як гиребон сар бароранд, то ки “ҷумҳурихоҳони ростгаро, ки мо мухолифиашонем, набояд ба курсии президентӣ бирасанд.”

Ҳилларӣ Клинтон дар Ню-Ҳемпшир
Ҳилларӣ Клинтон дар Ню-Ҳемпшир

Рақиби умдаи Сандерс - Ҳилларӣ Клинтон, вазири собиқи хориҷа ва ҳамсари президенти пешини Амрико Билл Клинтон дар аёлати Ню-Ҳемпшир ҳудуди 40 дарсади боқимондаи овозҳоро ба даст овард. Ситоди Клинтон мегӯяд, бо вуҷуди шикат дар ин аёлат онҳо рӯи интихоботҳои муқаддамотии баъдӣ, ки моҳи март дар аёлатҳои бештар муҳофизакор ва аз нигоҳи нажодӣ гуногуни Каролинаи ҷанубӣ ва Невада сурат хоҳанд гирифт, ҳисоб мекунанд.

Онҳое ки ҷараёни интихоботҳои Амрикоро пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, корзори пешазинтихоботии ин кишвар ба як шоуи сиёсии тӯлонӣ мемонад, ки дар ҷараёнаш ҳамаи довталабонро аз ғалбер чунон мӯшикофона мегузаронанд, ки тамоми ҷузъиёти зинидагии онҳо аз овони кӯдакӣ то давраи номзадиашон барои ҷомиа боз мешавад ва дар натиҷа одами тасодуфӣ наметавонад ба мақоми раҳбарии ин кишвар бирасад.

Хабарнигори тоҷик Фирӯз Баротов, ки ҷараёни интихоботи президентии соли 2008 ва парлумонии соли 2010-ро мустақиман дар Амрико пайгирӣ кардааст, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Як чизи аз ҳама ҷолиби интихоботҳои Амрико ин аст, ки то охирин лаҳза касе исми ғолибро намедонад. Корзори интихоботии Амрико то рӯзу соати охир ҳамаро дар ҳолати ҳаяҷон нигоҳ медорад. Аз тарафи дигар, низоми интихобот чунон сохта шудааст, ки имкони тақаллубро тақрибан ба таври комил сарфи назар мекунад. Чизи дигаре, ки маро ба ваҷд овард, ширкати фаъолонаи мардум – чӣ ҷавонону чӣ солмандон – ҳам дар корзори пешазинтихоботӣ ва ҳам дар овоздиҳӣ буд.”

Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи 8 ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Раиси кунунии ин ҷумҳурӣ Барак Обама, ки давраи дувум ва ниҳоии раёсаташ ба поён мерасад, ҳаққи ширкат дар интихоботи имсоларо надорад.

Аз ҳизби демократ ба ҷуз аз Сандерс ва Клинтон боз дастикам 11 нафари дигар, бо шумули волии собиқи Мериленд Мартин ОМали, сенатор Линколн Чаффи ва профессори Донишгоҳи Ҳарвард Лоуренс Лессиг низ довталаби мақоми номзадии ин ҳизб дар интихоботи моҳи ноябранд. Мартиин ОМали баъди нахустин интихоботи муқаддамотӣ дар Айова номзадиашро пас кашид.

Номзадҳои ҷумҳурихоҳ
Номзадҳои ҷумҳурихоҳ

Рӯйхати довталабон аз ҳизби ҷумҳурихоҳ хеле бузургтар ба назар меравад. Аз ин ҳизб дар баробари Доналд Трамп ҳамчунин сенатор аз Техас Тед Круз, сенатор аз Флорида Марко Рубио, сенатор аз Кентакки Ренд Пол, ҷарроҳи асаб Бен Карсон, тоҷир Каоли Фиорина, волии собиқи Арканзас Майк Ҳакаби, ки дар интихоботи соли 2008 низ номзад буд, волии собиқи Ню-Йорк Ҷорҷ Патаки, волии собиқи Флорида Ҷеб Буш (писари раисиҷумҳури собиқ Ҷорҷ Буши калонӣ ва писари президенти дигари собиқи Амрико Ҷорҷ Буши хурдӣ), волии собиқи Техас Рик Перри, волии Оҳайо Ҷон Касич ва чандин тани дигар довталаби номзадӣ шудаанд. Аз миёни онҳо Майк Ҳакаби, Рик Санторум ва Ренд Пол баъди овоздиҳӣ дар Айова ва Рик Перри ва Сктор Вокер ҳанӯз то шурӯъи интихоботҳои муқаддамотӣ аз сабқат берун шуданд.

Интихоботҳои муқаддамотии дохилиҳизбӣ барои интихоби номзадҳо ба президентии Амрико рӯзи 1 феврал аз аёлати Айова оғоз ёфт. Дар овоздиҳии муқаддамотии ҳизби ҷумҳурихоҳон дар Айова Тед Круз бо 28 дарсади раъйҳо пирӯз шуд. Доналд Трамп дар Айова 24 дарсад ва Марко Рубио 23 дарсад овоз гирифтанд.

Дар овоздиҳии тарафдорони ҳизби демократ дар Айова Ҳилларӣ Клинтон ва Бернӣ Сандерс тақрибан раъйҳои баробар гирифтанд.

Дар Амрико довталабони номзадӣ аз ҳизбҳои демократу ҷумҳурихоҳ пеш аз онки дар анҷумани миллии ин аҳзоб номзади ниҳоӣ интихоб шавад, бояд аз ғалбери интихоботҳои муқаддамотии аъзо ва тарафдорони ин ҳизбҳо дар ҳар аёлат гузаранд. Ин овоздиҳо ба ду шакл анҷом мешаванд: овоздиҳии маъмулӣ ё крокус, ки дар он тарафдорони ҳар довталаб дар як гӯшаи толор ҷамъ мешаванд ва нафарони масъул як-як ҳисоб мекунанд, ки ин ё он номзад дар тӯдаи худ чанд тарафдорон ҷамъ овардааст. Маъмулан довталаб баъди пирӯзӣ дар ин ё он аёлат овози тамоми вакилони ин аёлат дар анҷумани миллии ҳизбро ба худ ихтисос медиҳад.

Дар интихоботҳои президентии Амрико номзадҳои мустақил низ ҳаққи ширкат доранд, вале дар баробари номзадҳои ду ҳизби тавонои демократ ва ҷумҳурихоҳ шонси зиёд надоранд. Дар интихоботи имсола низ шаҳрдори собиқи Ню-Йорк миллиардер Майкл Блумберг низ азми ширкат кардааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар интихоботи имсолаи президентии Амрико назар ба сиёсатмадорҳои матраҳ садои он довталабҳое баландтар аст, ки алайҳи элитаи сиёсиву молии имрӯзаи ин кишвар ҳарф мезананд, вале маъмулан то рӯзи интихобот касе сароҳатан гуфта наметавонад, ки баранда кист? Ба ин далел, танҳо баъди 8 ноябр маълум хоҳад шуд, ки раисиҷумҳури 58-уми Ийолоти Муттаҳидаи Амрико кӣ хоҳад шуд?

XS
SM
MD
LG