Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп: Дари Амрико ба рӯи мусулмонон баста шавад


Доналд Трамп
Доналд Трамп

​Номзади пештози ҷумҳурихоҳон ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико хостааст, ки вуруди мусулмонҳо ба Иёлоти Муттаҳида манъ шавад.

Доналд Трамп, номзади пештоз ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ пешниҳод кардааст, ки барои вуруд дарвозаҳои Амрико ба рӯи мусулмонон комилан баста шавад. Ин суханони Доналд Трамп баъд аз тирандозиҳои ҳафтаи гузашта дар Сан Бернардинои Калифорния садо дод.

Ӯ рӯзи 7 декабр гуфт, мамнӯияти вуруди мусулмонон бояд то замоне боқӣ бимонад, ки намояндагони Амрико маълум кунанд, дар ин кишвар чӣ мегузарад. Раиси ситоди интихоботии Доналд Трамп гуфтааст, ки пешниҳоди ин номзади ҷумҳурихоҳон “шомили ҳама, аз ҷумла террористҳо ва касоне, ки мехоҳанд ба Амрико муҳоҷират кунанд, хоҳад шуд.” Аммо ӯ ба саволи он ки оё ин пешниҳод шомили шаҳрвандони мусулмони Амрико, ки аз ин кишвар хориҷ мешаванд, низ хоҳад шуд ё не? посух надодааст.

Ин пешниҳоди Доналд Трамп дар муддати кӯтоҳ бо интиқоди номзадҳои дигари раёсати ҷумҳури Амрико рӯ ба рӯ шуд. Ҷеб Буш, номзади дигари интихоботӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ ин суханони Трампро “аблаҳона” номидааст. Ҳилларӣ Клинтон номзади интихоботӣ аз Ҳизби демократ ин суханони Трампро қобили интиқод, зиёнбахш ва нақшаи нифоқбарангез арзёбӣ кард, ки ба амният зарар дорад.

Кохи Сафед аз ин изҳороти Трамп интиқод кард ва гуфт, ки он ба арзишҳои Амрико комилан мухолиф аст. Кохи Сафед гуфт, Доналд Трамп барои ҷалби ҳимоят аз маъракаи интихоботии худ бо ин гуфтаҳо бо тарсу ҳароси мардум бозӣ мекунад.

Дар ҳоле Доналд Трам хостори мамнӯияти вуруди мусулмонон ба Амрико шудааст, ки Барак Обама дар як суханронии зиндаи телевизионӣ гуфт, “агар мехоҳем, дар ҷанг алайҳи терроризм муваффақ шавем, бояд ба мусулмонон ба ҳайси як муттаҳиди қавӣ дар ин набард нигоҳ кунем, на ин ки бо суитафоҳум ва танаффур онҳоро аз худ биронем.”

XS
SM
MD
LG