Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила дар Индонезия даҳҳо нафарро қурбон кард


Харитаи Индонезия
Харитаи Индонезия

Мақомоти Индонезия мегӯянд, ки дар пайи заминларзаи рӯзи чаҳоршанбе дар соҳилҳои Суматра наздик ба 100 нафар қурбон шуд ва таъкид карданд, ки ин шумор метавонад афзоиш ёбад.

Мақомот ҳамчунин мегӯянд, ки дар ин ҳодиса 70 нафари дигар осеби ҷисмонӣ бардошт. Ба маълумоти бахши маҳаллии созмони Салиби Сурх зилзила даҳҳо бинову зерсохторҳоро хароб кардааст.

Заминларза бо нерӯи 6,5 рӯзи чаҳоршанбе дар вилояти шимолии Ачех ба вуқуъ пайваст ва ба гуфтаи маркази геологии Ийолоти Муттаҳида маркази он дар 19 километрии ҷануби шарқи мавзеи Сигли ҷойгир бурд.

Хадамоти обуҳавосанҷии Индонезия хатари обхезӣ ё сунамиро рад мекунад.

Моҳи декабри соли 2004 Индонезия як заминларзаи шадидро пушти сар кард, ки обхезиро ба вуҷуд овард ва садҳо ҳазорро дар 12 кишвари соҳили уқёнуси Ҳинд қурбон кард.

Соли 2005 зилзилаи дигар дар соҳилҳои Суматра ба мерги беш аз 900 нафар мунҷар шуд.

XS
SM
MD
LG