Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар мурофиаи додгоҳии Даврон Қурбонов, ки ба овехтани парчами гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар пули маҳаллаи 103-и Душанбе муттаҳам мешавад, ду мақоми давлатӣ шоҳидӣ доданд.

Рӯзи 15-уми апрел дар мурофиаи додгоҳии Даврон Қурбонов, ки ба овехтани парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" бар фарози пули маҳаллаи 103-и ноҳияи Синои пойтахт гунаҳкор дониста мешавад, ду мақоми давлатӣ - муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодик ва сардори тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амниятии миллӣ Неъматуллоҳ Каримов шоҳидӣ додаанд.

Дар ин мурофиа дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар курсии айбдорӣ, дар канори Даврон Қурбонов ҳамчунин истиқоматкунандаи 17-солаи кӯчаи Меҳнатободи ноҳияи Сино Қудрат Насруллоев низ менишаст. Мурофиа таҳти раёсати додраси додгоҳи ноҳияи Сино Луқмон Раҷабов бо ҳузури вакилони мудофеъ, айбдоршавандаҳо ва наздикони онҳо сурат гирифт.

Барои нахустин бор дар мурофиа мақомоти давлатӣ ба ҳайси шоҳид ширкат карданд. Назарзода Ризо Шодик, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар мурофиа гуфт, соати 4:33 дақиқаи бомдоди 29-уми август, ҳангоме ба хона бармегашт, бар фарози пули маҳаллаи 103-и пойтахт дар канори овезаи “Душанбе шаҳри дилороӣ”, парчами сиёҳро мушоҳида кард. Тавре вай дар мурофиа гуфт, аз ронандааш хоҳиш кардааст, ки дубора баргардад ва ба назди пул биояд ва вақте аз наздик мушоҳида карданд, он парчами гурӯҳи “Давлати исломӣ” будааст.

Назарзода мегӯяд, пас аз он ба вазорати умури дохилии Тоҷикистон тамос гирифт, аммо аз бахши навбатдорӣ посухе дарёфт накард ва сипас ба Кумитаи давлатии амнитяи миллии Тоҷикистон дар тамос шуд. Аз онҷо ба ӯ гуфта мешавад, ки парчамро барчинад, вале Назарзода мунтазири намояндаҳои КДАМ шуда ва пас аз расидани онҳо ба маҳал, парчам канда мешавад.

Назарзода Ризо Шодик мегӯяд, дар лаҳзаҳое, ки ҳамроҳи ронандааш мунтазири намояндагони КДАМ буданд, як велосипедрон дар масофаи 8-10 метр бо либоси варзишии сарпӯшдор аз назди онҳо убур кард. Ба гуфтаи вай, ин ҷавон ба Даврон Қурбонов шабоҳат дошт. Вай гуфт, вақте маъмурони амниятӣ акси ин ҷавони муттаҳам -- Даврон Қурбоновро нишон доданд, ӯро аз рӯи қаду қомати велосипедрон, монанд донистааст.

Назарзода гуфт, ки чеҳраи ҷавони велосипедсаворро надидааст, зеро ӯ бар сараш кулоҳ дошт ва танҳо биниашро дидааст, ки қаҳваранг будааст. Вай гуфт, ки танҳо аз рӯи пӯст ва қаду қомат ҳадс мезанад, ки он ҷавон Даврон Қудратов мебошад. Вале айбдоршаванда Даврон Қудратов аз додрас иҷозаи суол пурсид ва аз шоҳид Назарзода суол кард, ки пӯсти ӯ сафед аст ва чигуна ӯро ба нафари велосипедсавор монанд кардааст. Назарзода дар посух гуфтааст, ки давоми дар боздошт қарор доштан, шояд пӯсти чеҳраи Даврон Қудратов сафед шуда бошад.

Шоҳиди дигар Неъматулло Каримов, сардори тавқифгоҳи КДАМ дар мурофиа гуфт, ки рӯзи 4-уми декабри соли 2015 вақте Даврон Қурбоновро ҳамроҳи Қудрат Насруллоев ба ҳоҷатхона мебурд, Қудрат ба Даврон гуфтааст, ки “агар гуноҳро ба гардан нагирӣ, моро озод мекунанд”. Аммо ҳар ду айбдоршаванда ва вакилони дифои онҳо ин суханони сардори тавқифгоҳи КДАМ-ро рад намуда гуфтанд, ки чунин гуфтугузор миёни онҳо сурат нагирифтааст.

Вакилони мудофеъ аз сардори тавқифгоҳ пурсиданд, ки онҳо дар боздошгоҳ таҳти чӣ шароите нигоҳ дошта дошта мешаванд ва ҳини овардан, осори лату кӯб дар бадани онҳо мушоҳида мешуд? Неъматулло Каримов гуфт, ки қабл аз он ки як гумонбар ба тавқифгоҳ оварда шавад, аз муовинаи ҳатмии тиббӣ мегузарад ва дар бадани ин ду нафар осори лату кӯбро мушоҳида накарданд. Ӯ дар мавриди шароити нигаҳдории Даврон Қурбон ва Қудрат Насруллоев гуфт, ки дар тавқифгоҳ шароити муносиби хурду хоб барои онҳо муҳайё шудааст ва рӯзе се дафъа аз ҳоли онҳо хабардор мешаванд.

Айбдоршавандаҳо дар мурофиаи рӯзи 15-уми апрел бори дигар иттиҳоми насби парчам бар фарози пули маҳаллаи 103-и ноҳияи Синои пойтахтро радд карданд.

Парвандаи Даврон Қурбонов -- донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон охирҳои ҳафтаи гузашта дар дасти додгоҳ расид ва мурофиаи аввалаш рӯзи 11 апрел баргузор шудааст. Ба иттилои додрас, додситонии ноҳияи Сино Даврон Қурбоновро бар асоси нишонаи аввали моддаи 307, яъне "даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Тоҷикистон" айбдор донистааст.

Даврон Қурбонов.

Даврон Қурбонов.

Даврон Қурбонов рӯзи 28 ноябри соли 2015 ҳамроҳи ҳамсинфаш Ҳасан Соҳибов ҳамчун гумонбар дар овехтани парчами сиёҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар болои пули маҳаллаи 103-пойтахт боздошт шуданд. Аммо пас аз як ҳафтаи тафтишот, Соҳибов озод шуда, алайҳи Даврон Қурбонов парванда кушодаанд.

Мувофиқи маълумоти тафтишотӣ, Даврон Қурбонов гӯё ҳамроҳи як ҳамсинфаш рӯзи 25-уми август аз бозор ранги сафед ва матои сиёҳ харида, парчам дуруст мекунанд ва шаби 28 ба 29 август дар купрӯки маҳаллаи 103-юм меовезанд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, Даврон Қурбонов дар яке аз интернет-кафеҳои пойтахт кор мекард ва наворҳои марбут ба созмони "Давлати исломӣ"-ро тамошо карда, дигаронро низ ба тамошои ин наворҳо даъват менамуд.

Дар ҳамин ҳол, Давлатмурод Қурбонов, падари Даврон Қурбонов бо ирсоли нома ба президенти Тоҷикистон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хостааст, ки ба ҳалли мунсифонаи парвандаи фарзандаш мусоидат кунанд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Аксари ин шаҳрвандон аз Русия бо даъват ва маблағгузории эмиссарҳо то хоки Сурия ва Ироқ расидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG