Пайвандҳои дастрасӣ

Се тоҷики боздоштшуда дар Миср раҳо мешаванд ё ҷазо мегиранд?


Бинои сафорати Тоҷикистон дар Миср.

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Миср.

Бо вуҷуди гузашти бештар аз ним сол аз боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон дар Миср, додгоҳ ҳукми онҳоро содир накардааст ва қарор аст, муҳокимаи онҳо рӯзи 10-уми июн баргузор шавад.

Муҳокимаи се шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳудуди ним сол қабл дар Миср боздошт шуданд, қарор аст дар нимаи аввали моҳи оянда баргузор шавад. Шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" муттаҳам мекунанд, ҳарчанд ҳарсе нафар ин иддаоро рад кардаанд.

Рӯзи 19-уми май дар сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира Радиои Озодӣ хабар доданд, ки мурофиаи додгоҳии ҳарсе рӯзи 26-уми апрел дар додгоҳи минтақаи шимоли Ҷизаи Қоҳира баргузор шуд, вале бо дархости вакилон муҳокимаро то аввали тобистон ба таъхир андохтанд:

“Мурофиаи мазкур дар асоси муроҷиати вакили дифои шаҳрвандони мо сурат гирифт. Пас аз бозпурсии навбатии шаҳрвандони мо аз сӯи додситон додгоҳ қарор қабул кард, ки бинобар норӯшан боқӣ мондани ҷузъиёти қазия, боздошти пешакии шаҳрвандони мо бори дигар тамдид ва мурофиаи навбатӣ 10 июни соли ҷорӣ барпо шавад.”

Мақомоти амниятии Миср 4 шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи 19-уми сентябри соли 2014 дастгир ва баъдан онҳоро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” муттаҳам кардаанд. Расонаҳои мисрӣ дар он вақт навиштанд, ки “шаҳрвандони Тоҷикистон бо баҳонаи саёҳат, вале бо ҳадафи ҷалби ҷавонон ба ҳайати созмони “Давлати исломӣ”ба Қоҳира омадаанд.”

Яке аз ин ҷавононро аввали ҳамин сол озод карданд ва ӯ ба Тоҷикистон баргашт. Сафорати Тоҷикистон дар Миср мегӯяд, умедвор аст, пас аз равшан шудани тамоми паҳлӯҳои парванда бегуноҳии шаҳрвандони Тоҷикистон собит мешавад ва онҳоро озод мекунанд. Ба далели пӯшида сурат гирифтани муҳокима, мақомоти Миср ва сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира аз ифшои ному насаб ва маҳалли зисти боздоштшудаҳо худдорӣ мекунанд.

Ба гуфтаи донишҷӯёни тоҷике, ки дар Қоҳира таҳсил мекунанд, яке аз боздоштшудаҳо бо номи Алӣ дар Донишгоҳи маъруфи исломии Ал-Азҳари Қоҳира таҳсил мекардааст ва дигарӣ бо лақаби Эшон қаблан донишҷӯи Донишгоҳи Айни Шамс будааст.

Расонаҳои мисрӣ дар моҳи сентябри соли 2014 навиштанд, ки ҳангоми ҷустуҷӯи мошини кирокардаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷиза, маҳалли аҳромҳои маъруфи Миср, як корд, либоси низомӣ ва маводи марбут ба созмони “Давлати исломӣ” кашфу мусодира шудааст.

Аммо чанд донишҷӯёни тоҷике, ки дар Қоҳира таҳсил мекунанд ва аз ин қазия огаҳанд мегӯянд, ки боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон тасодуфе беш нест, вале бинобар печидагиҳо дар низоми додгоҳии Миср, муҳокимаи онҳо ба ин андоза тул кашид ва маълум ҳам нест, ки онҳоро озод мекунанд ва ё ҷазо медиҳанд.

Ин бори аввал аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони “Давлати исломӣ” дар Миср дастгир мешаванд. Гурӯҳи ифротгарои "Давлати исломӣ", қаламравҳои васеъе дар Ироқу Сурияро ишғол кардааст ва бино ба гузоришҳо, бештар аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин гурӯҳ пайваста ва алайҳи нерӯҳои ҳукуматии ду кишвар меҷанганд. Аммо аксарияти он ҷавонон, ба гуфтаи мақомоти амниятии Тоҷикистон аз тариқи Туркия ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Миср мегӯяд, ки қазияи мазкурро аз наздик пайгирӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG