Пайвандҳои дастрасӣ

Дурӯғгӯе ки сабаби "погром" ва латтукӯби 2 тоҷик шуд (ВИДЕО)


Антон Гученко дар додгоҳ. Акс аз сомонаи "В курсе"

Антон Гученко дар додгоҳ. Акс аз сомонаи "В курсе"

Додгоҳи Перми Русия парвандаи миллатгароеро баррасӣ мекунад, ки як дурӯғаш сабаби ба кӯчаҳо рехтани издиҳом ва латтукӯби ду муҳоҷири тоҷик шуд. Аммо Антон Гученко зоҳиран бо ягон ҳукми шартӣ халос мешавад.

Додгоҳи кишвари Перми Русия ба муҳокимаи парвандаи ошпази як вагон-ресторан ва сарбози собиқи нирӯҳои десантӣ Антон Гученко оғоз кардааст. Ин ҷавони 25-солаи маҳаллӣ ба он айбдор мешавад, ки як сол пеш, дар моҳи январи соли 2014 аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бардурӯғи кушта шудани як сокини маҳаллӣ аз сӯи муҳоҷиронро нашр карда, мардумро ба латтукӯби мардумони бегона даъват кардааст.

Маркази “Сова”, яке аз созмонҳои шинохтаи ҳомии ҳуқуқи инсони Русия хабар дод, ки ҳоло мақомоти Русия Антон Гученкоро бар асоси қисми якуми моддаи 280-ум (даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ) ва қисми якуми моддаи 212-ум (вайрон кардани тартиби баргузории тазоҳурот ва ташкили бетартибиҳои оммавӣ) айбдор мекунанд.

Иттиҳоми якум, тибқи қонунҳои Русия, ба ҳайси ҷазо аз ҷарима ба маблағи аз 100 000 то 300 000 то 3 сол корҳои ислоҳӣ ва ё аз 1 то 4 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ Кодекси ҷиноии Русия ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 600 000 то 1 миллион рубл ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз 400 то 800 соат ваё то 5 сол ҳукми зиндонро дар назар дорад.

Мақомоти тафтишотии кишвари Перм, воқеъ дар 1450-километрии шарқи Маскав гуфтаанд, ки Антон Гученко, ошпази як вагон-ресторан, дар моҳи январи соли 2014 бо лақаби “Максим Фирстов” дар саҳифааш дар шабакаи иҷтиимоии “ВКонтакте” хабари бардурӯғ дар бораи гӯё бо даасти муҳоҷирон кушта шудани як сокини маҳаллиро нашр ва бо шиорҳои бегонабадбинона (ксенофобӣ) мардуми маҳаллиро ба “погром” (“торумор”)-и мардумони бегона даъват мекунад.

Матни даъвати Гученко чунин будааст:

«ДАВАЙТЕ УСТРОИМ ИМ ТЕМНУЮ ПРОСТО РАЗНЕСЕМ ЭТУ БАГАДЕЛЬНЮ, в воскресенье в 19.00 возле немо».

Дар натиҷа шоми 12 январи соли 2014 баъди нашри ин хабари бардурӯғ дар бораи “куштор” беш аз 100 нафар дар назди тарабхонаи “Немо”, ки гӯё сокини маҳаллиро дар назди он “кушта” бошанд, ба “народный сход” (“анҷумани мардумӣ”) ҷамъ мешаванд. Ин издиҳом таҳти шиорҳои зиддимуҳоҷирон ба ҷустуҷӯи муҳоҷирони хориҷӣ мепардозанд ва, бино ба гузориши маркази “Сова”, иттифоқан ду муҳоҷири тоҷик ба дасти онҳо меафтанд ва таҳти латтукӯби шадид қарор мегиранд. Танҳо баъди дахолати нирӯҳои пулис ба мақомот муяссар шудааст, ки 134 нафар аз тазоҳургарон, аз ҷумла худи Гученкоро боздошт карда, бо ҳамин пеши роҳи ба хунрезиҳои боз ҳам бештар печидани даъвати мабнӣ бар дурӯғи Антон Гученкоро бигиранд.

Видеои таҷаммӯи мардум дар Перм бо шиорҳои зидди муҳоҷирон инҷост:

Марши қавмгароён дар Перм

Пулис, ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, бо истифода аз фанновариҳои муосир тавонист изи ин ҷиноятро кушояд ва Антон Гученко – муаллифи аслии нашри хабари дурӯғи “куштор” ва даъвати мардум ба “торумор”-и муҳоҷиронро рӯи об барорад.

Гученко баъди боздошт ба гуноҳи худ иқрор кардааст, вале гуфтааст, зодагони Қафқозу Осиёи Марказиро дӯст намедорад. “Муносибат бо онҳо бароям хушоянда нест,” – гуфтааст Гученко ҳангоми бозпурсӣ дар бахши маҳаллии ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия.

Ба навиштаи сомонаи маҳаллии “В курсе”, айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ ба 4 соли зиндони шартӣ маҳкум кардан ва 100 000 рубл ҷарима бастани Гурченро тақозо кардааст. Аз ҷумла ба ин далел, ки ба гуфтаи айбдоркунандаи давлатӣ Руслан Иброҳимов, Антон Гученко дар ҳамла ба ду шаҳрванди Тоҷикистон шахсан ширкат накардааст.

Иброҳимов, бино ба гузориши “В курсе”, рӯзи 28 январ дар додгоҳ гуфт: “Маъмурони пулис пеши роҳи бетартибиҳои оммавӣ, аз ҷумла торумори қаҳвахонаи воқеъ дар рӯбарӯи кӯчаро гирифтанд. Аз ин рӯ, хоҳиш мекунам, аз айбдномаи Гученко мавриди ҳамлаи гурӯҳи афроди ношинос ба 2 шаҳрванди Тоҷикистон дар тангкӯчаи Баковый, 6-ро бардоред. Парвандаи ҷиноии марбут ба ин ҳодиса ба таври алоҳида таҳқиқ ва муҳокима мешавад.”

Аммо худи Гученко, сарбози собиқи нирӯҳои десантии артиши Русия, рӯзи 28 январ дар додгоҳ бо хушҳолӣ аз таваллуди нахустписараш бо вазни 3 килою 100 грамм хабар дода, гуфтааст, ба ин далел ҳукми ӯро сабуктар кунанд. Вакили ӯ Марина Попилевич низ рӯзи 28 январ аз додгоҳ хост, ки Гученкоро сафед кунанд: “Муваккили ман гуноҳашро ба гардан гирифт ва аз даъватҳои ифротгароёна изҳори пушаймонӣ кард. Ба назари ман, ҷазои ӯ бояд ҳадди ақал бошад.”

Интизор меравад, Антон Гученко рӯзи 2 феврал дар додгоҳ сухани охиринашро бигӯяд ва баъд аз он додрас ҳукмашро эълон кунад. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ ба инки Антон Гученко кадом ҳукми сангине бигирад, чандон бовар надоранд ва мегӯянд, додгоҳҳои Русия маъмулан ба ҷиноятҳои анҷомшуда дар заминаи адовати қавмӣ аз паси панҷа нигоҳ мекунанд ва омилони чунин ҳамлаҳоро аксар вақт бо ягон ҳукми шартӣ озод мекунанд.

"Марши русӣ" дар Маскав. Ноябри соли 2014

"Марши русӣ" дар Маскав. Ноябри соли 2014

Парвандаи ин сарбози собиқи нирӯҳои десантӣ бо иттиҳоми даъват ба “погром” дар додгоҳи Перм дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки дар солҳои охир ҳомиёни ҳуқуқ аз афзоиши эҳсосоти қавмгароӣ ва бегонабадбинӣ дар ҷомиаи Русия ва афзоиши шумори пайравони созмонҳои тундрави қавмгаро дар ин кишвар изҳори нигаронии башиддат мекунанд.

Бино ба омори маркази “Сова”, ки мавридҳои хушунатҳо дар заминаи адовати қавмию нажодӣ ва бегонабадбинро пайгирӣ ва сабт мекунад, дар соли 2013 дар Русия аз ҳамлаҳои нажодпарастон ва қавмгароён 20 нафар кушта ва 173 нафар захмӣ шудаанд. 13 тан аз куштаҳо ва 39 тан аз захмиҳо муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ будаанд, ки ба ақидаи ҳомиёин ҳуқуқ, беш аз ҳар гурӯҳи дигари мардуми муҳоҷир ҳадафи ҳамлаи скинҳедҳо қарор мегиранд. Дар нимаи аввали соли 2014, боз ҳам бино ба гузориши маркази “Сова”, бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгарою скинҳед дар Русия 13 нафар кушта ва 61 тан захмӣ шудаанд.

Мақомоти умури дохилаи Русия мегӯянд, дар ин кишвар дастикам 150 созмони ифротии қавмгаро амал мекунанд, ки аксаран ҷавононро муттаҳид кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ҷамъи қавмгароён дар Русияро то 60 000 нафар баровард мекунанд ва мегӯянд, тақрибан нисфи қавмгароёни фаъоли ҷаҳони имрӯза маҳз дар Русия ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG