Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савченко ҳукми додгоҳи Русияро қабул надорад


Надя Савченко
Надя Савченко

Додгоҳи Русия халабони украинӣ Надя Савченкоро дар мушорикат дар қатли ду сол пеши ду журналисти рус дар шарқи Украина гунаҳкор шинохт.

Додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростови Русия рӯзи 21 март ба қироати ҳукми халабони украинӣ Надя (Надежда) Савченко шурӯъ кард. Бино ба гузоришҳои расида, додгоҳ Савченкои 34-соларо дар мушорикат дар қатли ду журналисти рус дар соли 2014 дар шарқи Украина гунаҳкор шинохтааст. Қозии парванда гуфтааст, ки Савченкоро “адоват” ба ин амал таҳрик додааст.

Қироати ҳукми Савченко метавонад то 2 рӯзро дар бар бигирад.

Ҳукми додгоҳ то замони поёни қироаташ ҳанӯз ниҳоӣ нест, вале лаҳни шадиди қозӣ Леонид Степаненко нишон медиҳад, ки додгоҳ айбномаи додситониро ҳамчун асос барои ҳукми худ баргузидааст. Додситонӣ дар авоили моҳи март аз додгоҳ барои Савченко 23 соли зиндон хоста буд.

Николай Полозов, вакили Савченко гуфт, ки муваккилаш ҳар навъ ҳукми додгоҳи Русияро рад хоҳад кард, чунки "ба бовари вай, ин ҳама ҳеҷ рабте ба адолат надорад."

Бисёриҳо дар Ғарбу Украина ва ҳам дар худи Русия додгоҳи Надежда Савченкоро сиёсӣ меноманд.

Муҳокимаи парвандаи Надя Савченко дар додгоҳи шаҳри Донетск, воқеъ дар наздикии марзи Русия бо Украина аз сентябри соли 2015 ба ин сӯ идома дорад. Ӯ ба нишони эътироз ба боздошту муҳокимааш эълони гуруснанишинӣ кардааст.

Савченко мегӯяд, ки ӯро дар моҳи июни соли 2014 дар шарқи Украина, замоне ки дар як баталйони ихтиёриён алайҳи ҷудоиталабони таҳти пуштибонии Русия меҷангид, дастгир карда ва ғайриқонунӣ ба Русия овардаанд. Савченко ду ҳафта пеш дар сухани охиринаш гуфт, қонунияти додгоҳи Русия ва ҳукми онро қабул надорад.

Мақомоти тафтишотии Русия Савченкоро ба ҳамоҳангсозии тирандозии нирӯҳои низомии Украина айбдор мекунанд ва мегӯянд, маҳз бо роҳнамоии ӯ тири як мушак мунҷар ба ҳалокати ду журналисти шабакаи телевизиони давлатии Русия (ВГТРК) - Антон Волошин ва Игор Корнелюк шуд.

Худи Савченко ва вакилонаш инро рад мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, журналистони рус дар қаламрави таҳти назорати ҷудоиталабон дар вилояти Донетск вақте кушта шуданд, ки Савченко алакай дар асорати ҷудоиталабон қарор дошт.

Барои ҳимоят аз халабони украинӣ се вакили парлумони Украина аз ҳизби президент Петро Порошенко, 5 вакил аз ҳизби Баткившина ва сухангӯи президенти Украина Святослав Тсеголко ба шаҳри Донетск омадаанд.

Пахши мустақим аз додгоҳи Савченкоро инҷо тамошо кунед:

Пахши бахши русии Радиои Озодӣ:

Пахши созмони "Русияи боз":

XS
SM
MD
LG