Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси дастгоҳи президент ҳам пора мегирифтаст


Акс аз додгоҳ

Акс аз додгоҳ

Раҳбари собиқи дастгоҳи президенти Қирғизистон ба ришвахорӣ айбдор шуда дар ростои 12 соли зиндон қарор гирифтааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 10 ноябр аз додгоҳи ноҳияи Первомайски шаҳри Бишкек барои раҳбари собиқи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қирғизистон Дониёр Норимбеков 12,5 соли зиндон ва барои вакили собиқи парлумон Ҳоҷимурод Коркмазов 12 сол ҳукми зиндон хост. Айбдоркунанда ҳамчунин мусодираи молу мулки Норимбековро тақозо кардааст. Аммо айбдоршавандаҳо ва ҳамин тавр, вакилони онҳо ба бегуноҳии онҳо исрор варзида, аз додгоҳ хостаанд, то Норимбеков ва Коркмазовро сафед кунад.

Додгоҳ бо ҳамин муҳокимаи ин парвандаро анҷом дода, эълон кард, ки ҳукмашро дар мавриди ин ду мансабдори баландпоя, ки ба фасоди идорӣ ва ришвахорӣ айбдор мешаванд, рӯзи 18 ноябр эълон хоҳад кард.

Ҳоҷимурод Коркмазов, ки он вақт ҳанӯз вакили парлумон буд, рӯзи 15 июл ва Дониёр Норимбоев ҳафтае баъд, бар асоси шаҳодатҳои ин вакили парлумон дастгир шуданд. Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ду рӯз қабл аз боздошташ Норимбоевро аз мақоми раҳбари дастгоҳи президент барканор кард.

Ҳоҷимурод Коркмазов ба он айбдор мешуд, ки аз хешовандони вакили собиқи парлумон ва шаҳрдори собиқи Бишкек Наримон Тулеев, ки соли 2013 бо ҷурми фасод маҳкум ба зиндон шудааст, ҳазорон доллар пора гирифтааст.

Аммо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ, ки аз 15 октябр идома дорад, Коркмазов ҷузъиёти тозаеро дар бораи чигуна дар фасоди идорӣ даст доштани мансабдорони баландпоя, аз ҷумла Дониёр Норимбоев, ифшо кард. Ӯ гуфт, ки Норимбоев барои аз ҳабс баровардани молу мулки шаҳрдори собиқи Бишкек Наримон Тулеев 200 000 доллар талаб карда буд. Коркмазов гуфт, ки ӯ байни Нозгул – духтари Тулеев - ва Норимбоев ҳангоми додани 50 000 доллар пора танҳо миёнаравӣ кардааст. Ба гуфтаи Ҳоҷимурод Коркмазов, Норимбоев гуфтааст, “ин пул танҳо барои як занги ӯ ба муовини раиси Додгоҳи олӣ Қанатбек Турганбеков аст. Нозгул Тулеева 50 000 доллар овард ва ман онҳоро ба Дониёр Норимбоев бурда додам. Ман байни наздикони Тулеева ва Норимбоев танҳо нақши миёнаравро иҷро кардам.” Ӯ афзуд, ки раҳбари дастгоҳи президент барои ҳалли мусбати масъалаи Тулеев дар Додгоҳи олӣ ду дафъа 50 000-долларӣ ва як ҳавлӣ бо нархи 100 000 долларро талаб кардааст.

Дар посух ба ин иддао дар мурофиаи рӯзи 15 октябр Норимбоев эътироф кард, ки дар воқеъ Коркмазов чанд дафъа бо дархости ҳалли масъалаи Тулеев ба ӯ муроҷиат карда буд, вале вай аз Коркмазов пора нагирифтааст: “Ба ман бародари Тулеев Норинбек ҳам муроҷиат карда буд. Ман гуфтам, ки ҳамаро дар чорчӯби қонун додгоҳ ҳал мекунад. Баъдан бо миёнаравии Коркмазов ман Нозгул Тулееваро қабул кардам. Ман ягон хел пора талаб накардаам. Ин ҳарфҳо, ки ман гӯё аз Нозгул Тулеева пул гирифтаам, дурӯғанд.”

Дар робита ба ин қазия вакилони парлумон Чинибой Турсунбеков ва Нурғозӣ Ҳайдаров, ки низ дар ҷараёни музокироти раҳбари дастгоҳи президент бо наздикони шаҳрдори собиқи Бишкек ширкат доштаанд, бозпурсӣ шудаанд.

Наримон Тулеев аз соли 2008 то 2010 шаҳрдори Бишкек буд, вале баъди суқути ҳукумати президент Қурмонбек Боқиев аз мақом барканор ва дар моҳи сентябри соли 2010 дар фурудгоҳи Бишкек дастгир шуд. Дар соли 2013 бо ҳукми додгоҳ Тулеев ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ аз он ҷумла ба он айбдор мешуд, ки ҳангоми фаъолияташ дар мақоми пойтахти Қирғизистон нархи автобусҳои аз Чин харидаро баланд нишон дода, ба давлат ба маблағи 1 миллион доллар зиён овардааст.

Дониёр Норимбоев баландпоятарин мақоми ҳукумати раисиҷумҳури кунунӣ Алмосбек Отамбоев аст, ки бо иттиҳоми ришвахорӣ ба додгоҳ кашонда шудааст.

XS
SM
MD
LG