Пайвандҳои дастрасӣ

Хатлон. Панҷ "ҳимоятгар"-и марз дар курсии додгоҳ


Бинои яке аз додгоҳҳо дар вилояти Хатлон.

Бинои яке аз додгоҳҳо дар вилояти Хатлон.

Панҷ афсари нерӯҳои марзбонии КДАМ, ки дар курсии айбдории додгоҳи низомии Хатлон нишастаанд, ба гуноҳи худ иқрор кардаанд.

Ин афрод бар асоси 5 моддаи кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқ, нигоҳдории ғайриқонунии аслиҳа, сўистифода аз мақоми хизматӣ, муттаҳам дониста мешаванд.

Маҳмудалӣ Алимардонов, додситони ҳарбии гарнизони Қўрғонтеппа, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки афсарони муттаҳам ходимони низомии қисми ҳарбии 2610-и марбут ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, воқеъ дар Панҷи поён, будаанд.
Вай афзуд, капитан Мирзомиддин Яъқубов, ки сардори дидбонгоҳи №1-и «Вахш»-и хадамоти марзбонӣ будааст, дар ҷиноёти убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқ, нигоҳдорӣ ва дуздии аслиҳаи оташфишон ва сўйистифода аз мансаб, муҷрим дониста мешавад.

Капитан Зуҳуршо Мирзоев, сардори дидбонгоҳи марзии рақаи 3-и қисми ҳарбии 2610, низ бо гумони нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ, хабар накардани мақомот дар бораи содиршавии ҷиноят ва сўистифода аз мансаб, ба курсии айбдорӣ нишастааст.

Нисбати майор Анварҷон Ҳакимов, сардори хадамоти нақлиётӣ ва лейтенанти калон Алишер Сўфиев, сардори артиллерияи қисми ҳарбии мазкур, бошад, бар асоси моддаҳои 323 (сохтакории хизматӣ), 347, қ.2 (хабар надодан аз содиршавии ҷиноят ё рўйпўш кардани он) ва 391, қ.3 (сўйистифода аз мансаб)-и кодекси ҷиноятӣ, айб эълон шудааст.

Дар баробари афсарони хадамоти марзбонӣ, ҳамчунин нисбати аскари қатории воҳиди низомии мазкур Ҷонибеки Нуралӣ бо иттиҳоми «гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир», парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст.

Қозии мурофиаи додгоҳӣ Исмоил Мирмахсумов, зимни муаррифии парвандаи ҷиноятӣ дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки капитан Мирзомуддин Яъқубов ҳанўз 17-уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби ходимони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо 20 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш боздошт гардидааст. Вакилони мудофеи афроди муттаҳам, ғайриинтизор аз суҳбат бо расонаҳои хабарӣ ва шарҳи қазияи афроди зерҳимояташон худдорӣ мекунанд.

Тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкур аз ҷониби муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сурат гирифта, афроди муттаҳам дар СИЗО-и шаҳри Қўрғонтеппа нигаҳдорӣ мешаванд. Қарор аст, мурофиаи додгоҳии мазкур то як ҳафтаи дигар идома кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG