Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баррасии парвандаи 4 сокини ин ноҳия ва як сокини Конибодомро ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи "Ансоруллоҳ" оғоз кардааст.

Муҳокимаи парвандаи 5 нафар бо иттиҳоми шомил шудан ба созмони “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар додгоҳи ноҳияи Ғафуров шурӯъ шудааст.

Додгоҳ алайҳи 4 сокини ҷамоатҳои Исфисор ва Хистеварзи ноҳияи Ғафуров Абдураҳим Солиев, Рустамҷон Ғафуров, Равшан Солиев, Муҳиддинҷон Раҳимов тибқи 2 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ“ ва “иштирок дар иттиҳоди эстремистӣ” ва алайҳи сокини деҳаи Кӯчкаки Конибодом Бахтиёр Ёқубов барои “хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он”, иттиҳом пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи манобеи наздик ба тафтиши ин парванда, ин афрод гӯё дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба созмони “Ансоруллоҳ” шомил шуда, сокинонро барои ҳамроҳ шудан ба онҳо даъват мекардаанд. Боздошти онҳо баъди бозгашташон ба ватан аз мардикории Русия аз тирамоҳи соли гузашта ба ин сӯ, аз ҷониби мақомоти пулис сурат гирифтааст.

Бахтиёр Ёқубов, ҷавони 32-сола аз Конибодом, оиладор ва соҳиби ду кӯдак 1 январи соли равон дар манзили зисташ боздошт ва ба Хуҷанд оварда шудааст. Файзинисо Воҳидова, вакили дифои Бахтиёр Ёқубов мегӯяд, зерҳимояашро барои моҷарое, ки 5 сол пеш дар муҳоҷирати кории Русия аз сараш гузаштааст, имрӯз айбдор мекунанд:

“Соли 2010 дар шаҳри Тюмен ба масҷид барои хондани намози ҷумъа меравад. Он ҷо ду-се сокини Конибодом ба намозхонии Бахтиёр эрод мегиранд ва аз мобилашон наворҳои ҷиҳод дар Сурияро нишон медиҳанд. Аммо Бахтиёр аз ин кори онҳо норозӣ мешавад ва гапашон мегурезад. Ҳодисаро ба падараш, ки дар ҳамон шаҳр мардикорӣ

Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъ.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъ.

мекардааст, нақл мекунад. Падараш назди он ҷавонон рафта, гапҳои сахт мезанад, ки чаро писарашро ба ин роҳи хато дароварданианд. Баъди як ҳафтаи он ҳодиса, Бахтиёрро “аз бало дур” ба Тоҷикистон равон мекунад. Аз ҳамон вақт инҷониб Бахтиёр дигар он ҷавононро надидааст. Аммо рӯзи якуми январи соли равон кормандони интизомӣ аз девор ба ҳавлиаш даромада, ӯро ба Хуҷанд меоранд ва ба парванда ҳамроҳ мекунанд. Ҳол он, ки аз он ҳодиса 5 сол сипарӣ шуда ва мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан ҳам гузаштааст.”

Хонум Воҳидова мегӯяд, 5 нафаре ки ҳоло дар курсиҳои айбдорӣ барои шомил шудан ба созмони "Ансоруллоҳ" нишастаанд, дар муҳоҷирати корӣ бо ҳам иртиботе доштаанд. Аммо шомил шуданашон ба созмони мамнӯи “Ансоруллоҳ”-ро бепоя медонанд: “Инҳо дар Русия дар сохтмон ҳамроҳ кор мекардаанд. Вақти пурсиш ҳар нафареро, ки ном бурдаанд, боздошт карда, зери фишору зарбу лат иттиҳоми шомил шудан ба созмони “Ансоруллоҳ”-ро қабул кунонидаанд.”

Тафтиши парвандаи онҳоро додситонии вилояти Суғд анҷом дода, замони тафтиш ва мурофиаи додгоҳӣ ин нафарон дар боздоштгоҳ (СИЗО) - и Хуҷанд нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин афрод аз ҷумлаи ҳудуди 140 нафар сокини Суғд ҳастанд, ки пулиси минтақа бо гумони ҳамкорпӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро аз соли 2014, умдатан аз тирамоҳи соли гузашта то кунун дастгир кардааст.

Сояи Ансоруллоҳ дар шимоли Тоҷикистон

Додгоҳи Хуҷанд

Додгоҳи Хуҷанд

Муҳокимаи 5 нафар бо гумони ҳамкорӣ бо Ансоруллоҳ дар додгоҳи Бобоҷон Ғафуров дар ҳолест ки додгоҳи Хуҷанд ҳафтаи гузашта ба муҳокимаи парвандаи 23 сокини шимоли Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” оғоз кард.

Ин афрод аз охирҳои соли гузаштаи 2014 ва аввали соли равон дастгир шуда, сокинони ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров ва Ашт будаанд. Онҳо тибқи банди 187, қисми 2 (“иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ”), банди 307, қисми 3("иштирок дар фаъолияти созмони фаъолияташ манъшуда”)- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор мешаванд.

Ҳамчунин додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар аввали моҳи март як сокини 45-солаи шаҳри Истаравшанро бо ҷурми узвият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамин додгоҳ рӯзи 17 феврал 13 нафари дигарро бо айни ҷурми узвият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” маҳкум ба зиндон карда буд. 12 тан аз ин маҳкумин сокинони Конибодом ва якеи дигар, ки раҳбари гурӯҳ номида мешуд, аз Истаравшан буд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомот барои бузург нишон додани натиҷаи муборизаи худ бо ифротгароӣ одамонро багуноҳу бегуноҳ бо ҷурми ҳамкорӣ бо "Ансоруллоҳ" ва дигар гурӯҳҳои мам нӯъ ба пушти панҷара мекашонанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд латифае дар ин мавзӯъ нашр ҳам шудааст. Дар яке аз онҳо нафари муттаҳам ба ҳамкорӣ бо "Ансоруллоҳ" ба вакилаш мегӯяд, "илтимос, шиносномаи маро оварда, ба ҳамин акои милиса нишон деҳ. Ман мегӯям, ки номам Қӯзибой, ман Ансоруллоҳ не, вале вай "Ту - Ансоруллоҳ!" гуфта шиштааст. О, гӯед ба ин, ки номи ман Ансоруллоҳ нест."

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” як созмони тундравест, ки бовар меравад, ҷангиёни тоҷик соли 2006 баъди ҷудо шудан аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон таъсис додаанд. Раҳбари ин созмон Амриддин Табаров ном нафаре ном бурда мешавад, ки дарпоёни солҳои 90 сулҳи мухолифин бо ҳукумати Тоҷикистонро напазируфта, ба Афғонистон ва сипас ба Покистон фирор кардааст.

Бори аввал номи “Ансоруллоҳ” дар тирамоҳи соли 2010, дар пайи бар дӯш гирифтани масъулияти нахустин ҳамлаи маргталабон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Ин гурӯҳ бо пахши як баёния дар сомонаи ҷудоиталабони чечен эълон кард, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба шӯъбаи вижаи пулис дар шаҳри Хуҷандро нафари фиристодаи “Ансоруллоҳ” анҷом додааст.

Дар он ҳамла 3 тан кушта ва зери 30 кас, аксар афсарони идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, захмӣ шуданд. Баъди хунсо кардани гурӯҳи Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, як фармондеҳи собиқи мухолифин дар водии Рашт ҳам мақомот гуфта буданд, ки аз паноҳгоҳи ӯ гӯё парчами “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро пайдо кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG