Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 сол ҳукми як узви "Ансоруллоҳ" дар Хуҷанд


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Р. Ю., сокини 45-солаи шаҳри Истаравшанро бо ҷурми узвият дар созмони мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Р.Ю. моҳи июни соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастгир ва ба Хуҷанд оварда шуд. Додгоҳ ӯро дар таъсиси созмони ҷиноӣ ва ташкили кори гурӯҳи ифтроӣ муҷрим шинохтааст.

Додраси парванда Наргис Набизода ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки Р.Ю. дар Санкт-Петербург “бо роҳи супурдани байъат узви созмони ифротии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” шуда, ба таври фаъолона онро таблиғ ва аъзои навро ба ҳайати ин созмон ҷалб мекард. Ӯ ҳамчун аъзои фаъоли “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро таъмини молӣ мекардааст.” Додгоҳи Хуҷанд рӯзи 17 феврал 13 нафари дигарро бо айни ҷурми узвият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” маҳкум ба зиндон карда буд. 12 тан аз ин маҳкумин сокинони Конибодом ва якеи дигар, ки раҳбари гурӯҳ номида мешуд, аз Истаравшан буд.

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” як созмони тундравест, ки бовар меравад, ҷангиёни тоҷик соли 2006 баъди ҷудо шудан аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон таъсис додаанд. Раҳбари ин созмон Амриддин Табаров ном нафаре ном бурда мешавад, ки дарпоёни солҳои 90 сулҳи мухолифин бо ҳукумати Тоҷикистонро напазируфта, ба Афғонистон ва сипас ба Покистон фирор кардааст. Бори аввал номи “Ансоруллоҳ” дар тирамоҳи соли 2010, дар пайи бар дӯш гирифтани масъулияти нахустин ҳамлаи маргталабон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Ин гурӯҳ бо пахши як баёния дар сомонаи ҷудоиталабони чечен эълон кард, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба шӯъбаи вижаи пулис дар шаҳри Хуҷандро нафари фиристодаи “Ансоруллоҳ” анҷом додааст. Дар он ҳамла 3 тан кушта ва зери 30 кас, аксар афсарони идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG