Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши гузаштан аз марзи Тоҷикистон бо 2 миллион доллар


Додгоҳи Узбакистон 6 саррофи маҳаллиро бо ҷурми интиқоли ғайриқонунии беш аз 2 миллион доллари нақд ба Тоҷикистон аз 5,5 то 7 сол равонаи зиндон кардааст.

Хабаргузориҳои интернетии Узбакистон, аз ҷумла 12news.uz ва Vesti.uz, хабар доданд, ки додгоҳи ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд се сарроф аз ин минтақаи бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарзро бо иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии 1,8 миллион доллар пули нақд ба ин кишвари ҳамсоя маҳкум ба зиндон кардааст. Гуфта мешавад, Б.Миннадиров, И.Абдибоев ва Ш.Мӯъминов ҳанӯз моҳи феврали соли 2014 аз сӯи маъмурони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар марз бо Тоҷикистон ҳангоми талоши интиқоли ғайриқонунии 200 000 доллари нақд дастгир шудаанд. Ба гуфтаи тафтишот, ба ҳар кадоми онҳо барои интиқоли ин маблағи бузург 250-долларӣ “ҳақ” ваъда шуда буд.

Тафтишот мегӯяд, ин се саррофи маҳаллӣ дар маҷмӯъ, 1,8 миллион долларро ғайриқонунӣ, бидуни сабт дар ниҳодҳои гумрукӣ, ба хориҷи Узбакистон интиқол додаанд.

Бо ҳукми додгоҳ, ин се нафар тибқи моддаҳои 177 (харидуфурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ), 182 (вайрон кардани қонунгузории гумрукӣ) ва 223 (убури ғайриқонунии марз)-и Кодекси ҷиноии Узбакистон гунаҳкор шинохта шуданд. Додгоҳ Б.Миннадиров ва И.Абдибоевро ба 7 сол ва Ш.Мӯъминовро ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст. Бо ҳукми додгоҳ 500 000 долларе, ки ҳангоми боздошт ва кофтукоби манзилҳои ин се нафар ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуда буд, низ ба нафъи давлати Узбакистон мусодира мешавад.

Додгоҳи Бекобод ҳамин тавр, дар як парвандаи дигар мудири ширкати маҳаллии “Нафис коғоз” Неъмат Эргашев, бародари ӯ Нозим Эргашев ва зодаи Тоҷикистон Мақсуд Холиқовро бо айни иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон маҳкум ба зиндон кардааст. Бино ба гузориши сомонаи 12news.uz, ин гурӯҳ дар марз ҳангоми интиқоли 260 000 доллар ба даст афтодаанд. Гуфта мешавад, Мақсуд Холиқов, ки дар Бекобод ҳамчун нафари бидуни шаҳрвандӣ зиндагӣ мекард, дар ин гурӯҳ нақши интиқолдиҳандаи пулро дошт ва барои “хидмат”-аш 150-долларӣ мегирифт.

Додгоҳ Н.Эргашев ва М.Холиқовро барои 6,5 сол ва Н.Эргашевро барои 5,5 сол равонаи зиндон кард. Пулҳое, ки ҳангоми боздошти онҳо ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуда буд, низ аз тарафи давлат мусодира мешавад.

Эълони ҳукми якбора 6 нафар бо ҷурми харидуфурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ ва интиқоли ғайриқонунии садҳо ҳазор доллар ба Тоҷикистони ҳамсоя дар ҳолест, ки сӯм – пули миллии Узбакистон – дар ин авохир башиддат қурбашро дар муқобили доллару евро ва асъори дигари муҳим аз даст медиҳад. Ин ҳол, бино ба гузориши бахши узбакии Радиои Озодӣ, Бонки марказии Узбакистонро ҳатто маҷбур кард, дар ҳафтаи гузашта фурӯши асъори хориҷӣ бо нархҳои боимтиёз тавассути бонкҳоро то 1 июл қатъ кунад.

Дар ҳоле ки қурби расмии як доллар аз сӯи Бонки марказии Узбакистон барои амалиётҳои имрӯз, 25 май, 2525 сӯму 58 тийин муқаррар шудааст, дар “бозори сиёҳ”-и Узбакистоннархи як доллар ҳафтае пеш аз марзи 5000 сӯм гузашт. Баъди ин мақомот бо роҳандозии як силсила амалиёт “бозори сиёҳ” саррофонро маҷбур карданд, то қурби долларро пойин баранд. Абдураҳим, як сокини Тошканд, пойтахти Узбакистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар поёни ҳафтаи гузашта дар “бозори сиёҳ” як доллар тақрибан 3800 сӯм харида мешуд. Аммо бисёре аз саррофони “бозори сиёҳ” фаъолияти худро танҳо бо харидани доллар маҳдуд кардаанд ва аз фурӯши он бо чунин нархи, ба ақидаи онҳо, “ғайрибозорӣ” истиҳола мекунанд.

Бино ба охирин хабарҳои расида аз Узбакистон, қурби доллар сар аз рӯзи 25 май дубора рӯ ба боло овард ва ҳоло дар "бозори сиёҳ"-и ин кишвар барои як доллар аз 4200 то 4500 сӯм медиҳанд.

XS
SM
MD
LG