Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Якуми Майи Бишкек шоми рӯзи ҷумъа се сиёсатмадори мухолифи ҳукуматро маҳкум ба зиндон кард.

Раиси ҳизби Ота Ҷурт Қамчибек Тошиев, муовини раиси парлумони Қирғизистон Талант Мамитов ва узви ҷиноҳи ҳизб дар Жогорку Кенеш Содир Ҷабборов фақат аз рӯи банди 295-уми Кодекси ҷиноӣ “Даъват барои аз роҳи зурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ” айбдор шуданд. Қамчибек Тошиев ва Содир Ҷабборов барои якунимсолӣ ва Талант Мамитов барои як сол аз озодӣ маҳрум мешаванд.Муҳофизони Тошиев ҳам як солиро пушти панҷара сипарӣ хоҳанд кард. Собиқ додситони низомии кишвар Қубатбек Коҷоналиев сафед карда шуд.

Аз ин пеш додситон талаб карда буд, ки Қамчибек Тошиев барои даҳ сол ба зиндони низомаш шадид интиқол дода шавад. Ӯ ҳамчунин хостори барои 9-солии маҳбас маҳкум кардани Талант Мамитов ва Содир Ҷабборов шуда буд. Айбдоркунанда собиқ додситони низомӣ Кожоналиевро ҳам ширкаткунандаи табаддулоти давлатӣ хонда ва талаб карда буд, ки ӯ ба 8 соли маҳбас маҳкум шавад.

Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар канори бинои додгоҳи ноҳияи Якуми Май тақрибан 150-200 тан аз ҷонибдорони Ота Ҷурт гирдиҳамоӣ созмон дода, талаб карданд, ки сиёсатмадорон озод карда шаванд. Барои назорати тартибу низом тақрибан 100 корманди милиса сафарбар шудаанд.

Ба иттилои расмӣ, вакилони парлумон моҳи октябри соли гузашта тақрибан ҳазор нафарро дар канори бинои парлумон дар Бишкек гирди ҳам оварда талаб намуданд, ки кони тиллои Кумтор миллӣ гардонида шавад. Дар ин ҳамоиш аз забони онҳо талаби аз байн бурдани ҳукумати феълӣ ҳам садо додааст. Гирдиҳамомадагон талош карданд, ки аз болои панҷараҳо гузашта вориди бинои парлумон шаванд ва ҳамчунин бо муҳофизони бино даргир шуданд. Барои парокандасозии эътирозгарон кормандони милиса гази ашковар ва норинҷакҳои баландсадоро истифода бурданд. Ба иттилои расмӣ, дар бархӯрдҳо 12 нафар осеб диданд.

Аммо вакилони боздоштшуда ва вакилони дифои онҳо иттиҳомро эътироф накардаанд ва мегӯянд, ки муҳокимаи додгоҳӣ ангезаи сиёсӣ дорад.

Мирослав Ниёзов, собиқ Дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон, ки бо ӯ қабл аз эълони ҳукми додгоҳ сӯҳбат мекардем, гуфт, эътирози имрӯзаи мардум на пуштибонӣ аз сиёсатмадорнест, ки ҷиноят содир кардаанд, балки бештар эътироз ба сиёсати ҳукумати феълии Қирғизистон аст. Аммо оё ҳукми додгоҳ боиси амиқтар гаштани бӯҳрон ва эътирозҳои густурдаву нооромиҳои нав дар Қирғизистон нахоҳад шуд? Мирослав Ниёзов дар посух ба ин суол мегӯяд, ки “ҳукм бештар боиси ихтилофи назарҳо хоҳад шуд, Яъне як бахши аҳолӣ хоҳанд гуфт, ки бале, барои аблаҳӣ бояд посух гуфт, аммо бахши дигар онҳоро чун парчам болои сар хоҳад бардошт. Вале, ман такрор мекунам, ки сабаби асосӣ – нобоварӣ ба сохторҳои ҳукумати расмист".

Мурофиаи додгоҳии сиёсатмадорҳои мухолифи ҳукумат 10-уми январ шурӯъ шуда буд. Дар ин муддат ҷонибдорони Ота Ҷурт дар Бишкек ва манотиқи ҷанубии Қирғизистон чанд бор намоиши эътирозиву раҳпаймоиҳо ташкил карда, хостори раҳоии вакилони парлумон шуданд.

XS
SM
MD
LG