Пайвандҳои дастрасӣ

Як тарроҳ ё худ дизайнери хуҷандӣ тавассути насби муҷассама дар дохили як дарахти қадимии Кӯлоб маҳсули табиат ва дасти инсонро ба ҳама оварда, дарахтро аз буридан наҷот дод.

Як тарроҳи тоҷик дарахти чанореро, ки беш аз 200 сол умр дорад, бо истифода аз гаҷкорӣ ва нақшу нигор дубора "зинда" кардааст. Ин дарахт дар хиёбони марказии шаҳри Кӯлоб, дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ ва паҳлӯи бинои ҳукумат, ҷойгир аст.

Рустам, ороишгари меҳмонхонаи нави панҷситорадоре, ки дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, рӯзи 20 август гуфт, "бо таваҷҷӯҳ ба он ки ин дарахт дар назди меҳмонхона воқеъ аст ва қадимиву фарсуда шудааст, сохтмончиён мехостанд, онро аз бех баркананд, аммо ҷойҳои хушкшудаи онро нақшу нигор карда ва ба истилоҳе "зинда" намудем, ки ба бино ҳусну ороиши нав мебахшад."

Ин аст, ки ба гуфтаи Ромиш пас аз “зинда” кардани дарахт, тасмим шуд, то он дар ҷояш бимонад. Ҳатто Ромиш мегӯяд, ба ин дарахт номи “Ҳаёт” гузоштааст ва ҷолибиаш он аст, ки агар як навдаи он сабзу шукуфо бошад, бадан ва навдаҳои дигар бо наққошиҳо, бозгӯи таърихи Тоҷикистонанд. Зеро дар бадани ин дарахт Ромиш бар иловаи гулкорӣ, боз баъзе аз ёдгориҳо, ба хусус Қалъаи Ҳулбукро бо истифода аз гаҷ ҳаккокӣ кардааст.

Ин дарахт аз ҷумлаи 500 дарахти қадимии чанор дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб аст, ки аз 50 то 300 сол доранд. Миёни ин чанорҳо як дарахти 500-сола низ будааст. 2 сол қабл 100 чанор дар ин минтақа, дарахти қадимӣ эътироф шуда ва ба ҳар кадомаш шиносномаи махсус таҳия карданд.

Зимнан, меҳмонхонаи нави панҷситорадор, иборат аз 12 табақа муддати як соли ахир аз ҷониби Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сохта мешавад ва интизор меравад, дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб, ки аввали моҳи сентябр ҷараён бигирад, баҳрабардорӣ хоҳад шуд.

Ин нахустин меҳмонхонаи 12-табақа ва замонавӣ дар шаҳри Кӯлоб хоҳад буд. Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб дар чорчӯби таҷлил аз 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мутафаккири бузурги Шарқ сурат мегирад. Оромгоҳи ин шахсияти бузурги таърихиву фарҳангӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб воқеъ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG