Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

То ҳанӯз боздошт нашудани қотилони панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, зарфурӯшони Суғдро хавотир кардааст.

Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, ҳанӯз қотилони оилаи тиллофурӯш боздошт нашудаанд ва гурӯҳи вижаи фавриву ҷустуҷӯӣ ба таҳқиқи ҳодиса машғул аст. Дар мавриди ғорат ва қатли 5 узви як хонавода, ки ба фурӯши тилловорӣ машғул буданд, додситонӣ мутобиқи бандҳои “қатл” ва “ғорат” парванда боз кардааст.




Тоҷирони ҷавоҳирот дар шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки мунтазири шунидани хабари боздошти қотилони ҳамкасбашон ҳастанд, чунки дар озодӣ будани қотилон онҳоро аз амнияти худу аҳли байт ва дороиашон нигарон медорад. Фарида ном тоҷирзани бозори Панҷшанбе дар суҳбат бо Озодӣ дар ин бора чунин гуфт: “Ман аз ҳомиёни тартиботу ҳуқуқи инсон илтимос мекунам, ки тамоми кӯшишу ғайраташонро ба кор андохта, он ҷинояткорони ваҳширо аз куҷо набошад, ёбанд ва ҷазо диҳанд. Мо ҳам, ҳар чӣ аз дастамон ояд, барои дастгир кардани ҷинояткорон ёрӣ мерасонем. Он одамкушҳо халқро нотинҷ карданд, бигзор ҷазои амали онҳоро дар миёни халқ диҳанд.”

Дигар хонуми тиллофурӯш дар Хуҷанд гуфт, таъмини ҳифзи ҷону моли онҳо бар уҳдаи давлат аст, аз ин рӯ умеди бештар ба фаъолияти муассири мақомоти масъул мебандад: “Мо бархе аз рӯйи патент, баъзеҳо бо шаҳодатнома ба давлат андоз месупорем. Аммо кор кардан торафт душвор шуда истодааст. Баъди ҳодисаи куштори оилаи ҳамкасбамон, акнун аз худамону моламон дар хавотирем. Акнун баъзе харидорон омада саволу ҷавоб кунанд ҳам, моро дар хавотир меандозад. Худатон дида истодаед, ки ин ҷо қариб ҳама занон кор мекунем.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, ин ҷо мақомот барои онҳо шароити амни корӣ фароҳам кардаанд, аммо хавотирии онҳо аз бехатарии худ баъди кор ва дар хонаашон аст. Дар вилояти Суғд ба фурӯши ҷавоҳирот умдатан занон машғуланд ва танҳо ҳудуди 10 дарсади онҳо ҳамроҳи шавҳар, писар ё бародарони худ савдо мекунанд. Ҷавоҳирфурӯшон дар бозору мағозаҳои бузург дӯконҳои худро доранд ва рӯзҳои ҷумъаву якшанбе дар растаҳои ҷудогона барои тиҷорат ҷамъ меоянд.

Дар бозори Панҷшанбе ошёни дуюми мағозаи калони “Ҳоҷӣ Абдулазиз” ҷои хоси ҷавоҳирфурӯшон аст. Пештар бархе тоҷирон дар саҳни беруни бозор низ рӯйи миз ороишоти гаронбаҳои тиллову нуқраи худро ба маърази фурӯш мегузоштанд. Аммо субҳи рӯзи душанбеи 10-уми июн, ки ба бозори Панҷшанбе рафтам, мизҳои тиллофурӯшии бархе аз онҳо дигар ба чашм намерасид.

Тоҷирони қисмати ҷавоҳирфурӯшии мағозаи “Ҳоҷӣ Абдулазиз” дар суҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки баъд аз ҳодисаи қатли оилаи ҳамкасбашон аз ҷониби афроди шахсияташон то ҳол номаълум, ҳудуди 10 тан аз ҳамкасбонашон аз тиҷорат худ даст кашидаанд ва дигар ба ҷойи корашон ҳозир намешаванд.

Мавҷуда ном як хонуми фурӯшанда чунин гуфт: “Мо як мактуби дастҷамъона ҳам ба номи президенти давлатамон навиштем, ки барои беҳтар намудани шароити кору фаъолият ва таъмини бехатарии ҷону моли пулдорон ёриву мусоидат намоянд. Ҳоло зери он имзо монда, равон мекунем.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, куштори ваҳшиёнаи оилаи ҳамакасбашон дар ноҳияи Ғафуров ҷавоҳирфурӯшони Хуҷандро сабақ дод, ки дигар ба хотири эмин доштани ҷону моли худ аз ҳамлаи ғоратгарон тилловориву пули худро дар хона нигаҳ надошта, дар анҷоми кор ба хазинаи бонкҳо супоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG