Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машаққати мусофирони роҳи оҳан. Айби худиҳо ё ҳамсояҳо?


Бархе аз мусофирони қаторҳои Тоҷикистон мегӯянд, кормандони гумрук ва марзбонҳои кишварҳои ҳамсоя онҳоро "ғам" медиҳанд.

Сулаймон, як муҳоҷири тоҷик, ки чанде пеш аз Русия тариқи қатора ба Душанбе омадааст, мегӯяд, дигар ҳаргиз бо роҳи оҳан сафар нахоҳад кард. Ӯ меафзояд, ситамеро, ки дар 4 рӯзи сафари роҳи оҳан кашид, ҳаргиз фаромӯш намекунад.

Ба нақли Сулаймон, дар қаламрави Узбакистон ӯро борҳову борҳо бо баҳонаи тафтиш бараҳна намуданд ва дар ҳар постгоҳ маҷбур мешуд, тамоми ҷиҳози борхалтаҳояшро берун оварда, бо сари хам алфози қабеҳро шунавад ва зуд ҳама колояшро ҷамъу гир намояд. "Ҳатто дар дастам ноутбук доштам, беш аз ним соат онҳо дар дохилаш ҷустуҷӯ карданд. Намедонам, онҳо дар он ҷо чӣ мекофтанд. То ҷое фаҳмидам ҳадафашон танҳо тӯл додани вақт буд. Дағалӣ мекарданд, ҷояш буд, рӯирост таҳқир менамуданд. Ман барои фарзандам чандин сабтҳои филмҳои тасвирӣ харида будам, ҳамаи он сабтҳоро гирифта, дигар барнагардонданд",-нақл мекунад Сулаймон.

Мусоҳиби мо мегӯяд, ин аввалин ва охирин сафари ӯ тариқи роҳи оҳан аст, зеро он таҳқире, ки дар ҷараёни сафараш дида буд, то ҳанӯз ба худ наомадааст. Аммо ҳамсафари ӯ - Диловар бештар на аз марзбонону гумрукиён ё милиса, балки аз ришвагирии роҳбаладони қатора нороҳат аст: "Баробари ба қатора ворид шудан роҳбалад "чойпулӣ" талаб мекунад, яъне, барои он ки дар постгоҳо зиёд тафтиш накунанд. Аммо агар ин "доля"-ро надиҳӣ, дар гузаргоҳҳои марзӣ ӯ ҳатман ба марзбонҳо хоҳад гуфт ва баъдан бо ҳар баҳона кашокаш сар мешавад."

Усмон Қаландаров
Усмон Қаландаров
Машаққати мусофирони роҳи оҳанро масъулони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон тасдиқ карданд ва мегӯянд, чунин шикоятҳо, дарвоқеъ, зиёданд. Муовини раиси ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон, Усмон Қаландаров, гуфт, зимни ин шикоятҳо дар як сол 201 роҳбалад ва сардорони қатораҳо барканор шуданд. Ӯ афзуд, ширкат мушкилиҳоеро, ки ба кори худаш марбутанд, ҳал мекунад, вале масъалаҳое ҳаст, ки ба онҳо дахл кардан душвор аст: "Дар давлатҳои ҳамсоя нисбат ба роҳбаландон ва қатораҳои мо талаботи аз ҳад зиёд ва ҳатто ғайриқонунӣ ҳам мекунанд. Аммо аз аксаран аз мо роҳи оҳанчиён ин чандон вобаста нест ва мо асосан тариқи гумруку сарҳадчиён ба онҳо менависем. Зеро ягон роҳиоҳанчӣ маблағ талаб намекунад, балки қувваҳои ғайриқонунӣ ба ин кор даст мезананд. Аксарияташон ҳатто хоакаи сафдеро илова карда, бо ин рҳ тарсонданӣ мешаванд, ки аз вагон мефарорем. Масалан, дар Қарақалпоқистон барои як диски мазҳабӣ 20 дақиқа қаторро манъ кардаанд ва ё барои ду ё се китоби мазҳабӣ қатораро то як соат нигаҳ медоранд. Ҳатто то телефонҳои дастиро санҷиш мекунанд, ки дар ягон ҷо рост намеояд. Мо тариқи додситонӣ ба онҳо таъсир мерасонем, ки чаро онҳо ба ин корҳо даст мезананд."

Каримҷон Мӯъминов, яке аз дигар масъулони Роҳи Оҳани Тоҷикистон оид ба тафтиши қатораҳо дар ҳудуди кишварҳои ҳамсоя мегӯяд, кайҳо фурсате расидааст, ки барои тафтиш аз сканнерҳо истифода шавад. Он гоҳ ҳам вақт сарфа мешавад ва ҳам эътирози мусофирон коҳиш меёбад.

Муҳибуллои Қурбон
Муҳибуллои Қурбон
Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон азият шудани мусофирони тоҷикро дар роҳи оҳан ба сардии равобити Тоҷикистону Узбакистон рабт медиҳанд. Вале ҳамзамон гуфта мешавад, пулис, кормандони гумрук ва марзбонони Узбакистон, ки максири аксари қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон аз қаламрави он мегузаранд, аз итоаткорӣ ва ҳақношиносии худи мусофирон сӯистифода мекунанд. Рӯзноманигори тоҷик, Муҳибуллои Қурбон мегӯяд, "албатта, дар мадди аввал ин муносибатҳои сиёсист, аммо баъдан ин ки мусофирони мо ҳуқуқи худро хуб намедонанд. Зеро дар сурате, ки онҳо аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдор бошанд, метавонанд бо марзбонон ва ё гумрукиён баҳс кунанд, дар ин ҳолат онҳо низ хомӯш мешаванд. Аз ҳамин чиз бародарони ҳамсояи мо хеле хуб истифода мекунанд."

Мавҷудияти чунин мушкилот дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони Роҳи Оҳани Тоҷикистон теъдоди хоҳишмандони сафар бо қатора хеле кам гашта, аз ин хотир дар 6 соли охир арзиши чиптаи қатораҳо аз сӯи ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон як сомонӣ ҳам баланд нашудааст. Агар азми ҳамсӯҳбати мо Сулаймон, ки мегӯяд, дигар танҳо бо ҳавопаймо ба Русия хоҳад рафт, қатъӣ бошад, шумораи мусофирони роҳи оҳан боз як нафар камтар шуд.
XS
SM
MD
LG