Пайвандҳои дастрасӣ

"Бо ваъдаи арӯсӣ ба Сурияву Ироқ бурда... ғулом кардаанд"


Муқоваи гузориши Департаменти давлатии ИМА дар бораи қочоқи инсон дар ҷаҳон

Муқоваи гузориши Департаменти давлатии ИМА дар бораи қочоқи инсон дар ҷаҳон

Соли 2015 бархе аз занону духтарони тоҷик дар Ховари Миёна ба ғуломии шаҳвонӣ афтоданд. Чунин гуфта шудааст дар гузориши нави Департаменти давлатии Амрико, ки "Қочоқи инсон. Соли 2016" ном дорад.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, ки соли гузашта баъзе аз занону духтарони тоҷик дар Ховари Миёна ба ғуломии шаҳвонӣ афтодаанд.

Департаменти давлатии Амрико дар гузориши тозааш бо номи “Қочоқи инсон. Соли 2016” гуфтааст, фактҳое сабт шудааст, ки занҳову духтарҳои тоҷик бо ваъдаи издивоҷ ба Сурияву Ироқ сафар карда, аммо дар ниҳоят ба бардагии шаҳвонӣ афтодаанд. Айни замон, гузориши Вазорати корҳои хориҷии ИМА дар бораи ҳодисаву омори дақиқи чунин мавридҳо хабар намедиҳад.

Нуктаи дигари ин гузориш ба қочоқ шудани духтарону занони тоҷик ба Афғонистон марбут аст, ки мегӯяд, ин занҳо барои издивоҷи маҷбурӣ ба ин кишвар бурда шуда, дар ниҳоят ба ғуломи ҷинсӣ табдил ёфтаанд ё дар ивази қарз дода шудаанд. "Ҳодисаҳои ба талбандагии маҷбурӣ дар Афғонистон машғул шудани кӯдакони тоҷик ҳам ба қайд гирифта шудааст," - мегӯянд муаллифони ин гузориш.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки дар бораи вуҷуди чунин ҳодисаҳо, аз ҷумла ба бардагии ҷинсӣ дар Сурияву Ироқ афтодани занҳои тоҷик ва ё бо талбандагӣ машғул шудани кӯдакон дар Афғонистон иттилое дар даст надоранд. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ВКД, рӯзи 1 июл гуфт, расман ҳам ба дасти ин сохтор шикоятҳое дар ин замина ворид нашудааст ва аз ин рӯ тасдиқ ё инкор кардани ин ҳолатҳо кори осон нест.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ моҳи феврал Зарина Сардорова барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ба 13 соли зиндон маҳкум карда буд

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ моҳи феврал Зарина Сардорова барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ба 13 соли зиндон маҳкум карда буд

Дар як намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Ховари Миёна низ ба Озодӣ гуфтанд, ки дар бораи ҳодисаҳои ба бардагии шаҳвонӣ дучор шудани занҳои тоҷик дар Сурияву Ироқ иттилое надоранд. “Соли ҷорӣ на аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишварҳо ва ё аз худи ҷабрдидаҳо шикояте ба ин мазмун ба дасти мо нарасидааст,” – гуфт ин дипломати тоҷик.

Моҳи июни соли 2015 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи ҳузури дувоздаҳ зану духтари тоҷик дар ҷангҳои Ироқу Сурия изҳори нигаронӣ карда буд. Ин ниҳод гуфт, ки як бахши ин занҳо бо ҳамроҳии шавҳаронашон ва бахши дигар мустақилона бо ҳадафи пайвастан ба гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» роҳи Сурияву Ироқро пеш гирифтаанд.

Департаменти давлатии Амрико талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро барои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон ситоиш карда, машварат додааст, ки аз методҳои замонавии мубориза бо ин ҷиноятҳо бештар кор гирад. Аз рӯи омори ин гузориш, ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта 25 ҷинояти марбут ба хариду фурӯши инсонро бо ширкати 39 гумонбар таҳқиқ карда, нисбат ба 24 гумонбар ҳукми айбдоркунанда содир кардааст. Ин омор назар ба соли 2014 як андоза бештар будааст.

10 қочоқбар дар соли 2015 аз ҷониби додгоҳҳои Тоҷикистон ба мӯҳлати аз 6 моҳ то 12,5 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Маҳдии Собир

Маҳдии Собир

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ба хотири пайвастан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” рафтаанд, 1100 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумор ҳудуди 300 нафарашон дар ду соли охир кушта шудаанд. Яке аз масоили мавриди нигаронии мақомот ин буд, ки бархе аз ҷангиён ҳамроҳ бо хонавода, аз ҷумла зану фарзанду модарҳояшон равона шудаанд.

Шумори ин хонаводаҳо, ба гуфтаи таҳлилгари масоили амниятии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Маҳдии Собир, “дар ҳудуди 30-40 адад аст, на бештар аз ин”. Ӯ дар як суҳбат бо Озодӣ рӯзи 1 июл гуфт, бо шиддат гирифтани муборизаи байналмилалӣ зидди ҷангиёни ДИИШ ва ҳам маъракаи густурдаи ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз сафарҳои шаҳрвандон ба ҷангҳои хориҷӣ, “сафарҳо ба Сурияву Ироқ хеле кам шудааст”.

“Дар масъалаи занҳо: воқеан ҳам онҳое, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аксарашон шавҳарони худро ҳамроҳӣ кардаанд. Аз рӯи он хабарҳо ва ҳам маълумоти расонаишуда, охирин ҳодисаи сафари як зан аз Тоҷикистон ба хотири пайвастан ба ДИИШ марбут ба ҳамсари Гулмурод Ҳалимов аст,” – хулоса кард Маҳдии Собир.

Ҳумайро Мирова

Ҳумайро Мирова

Ҳумайро Мироваи 40-сола, собиқ корманди дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ба гуфтаи хешовандонаш, ҳамсари дувуми полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов аст ва моҳи феврали соли ҷорӣ ҳамроҳ бо чор фарзандаш ба Сурия рафт. Баъди ин, ба гуфтаи хешовандонаш, тамоман бо онҳо дар тамос нашуд.

Вале ҷалби духтарони муҷаррад ба қаламравҳои таҳти назорати ДИИШ аксаран тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Матбуоти тоҷик тобистони соли 2015 дар бораи қиссаи ду ҷавонзани тоҷик - Дилором Шарифзода (соҳиби ду фарзанд) ва Наргис Ортиқова хабар дод, ки бо Сулаймон Саидов ва Озод Саидӣ тариқи Интернет ошноӣ пайдо карда, ба ваъдаи онҳо барои никоҳ ва зиндагӣ дар Туркия «фирефта» шудаанд.

Нигина, як духтари дигар нақл кардааст, ки ҷангиён духтарони хеле ҷавонро ба худ моил мекунанд ва орзуҳои оддиву самимии онҳо, мисли бунёди оилае бар пояи ишқу муҳаббат ва хушбахт шуданро барои пиёда кардани ҳадафҳои худ истифода мебаранд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG