Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду зан ба гумони қочоқи инсон дар Душанбе


Бештари занҳо барои истифодаи ҷинсӣ ба кишварҳои Араб мунтақил мешаванд
Бештари занҳо барои истифодаи ҷинсӣ ба кишварҳои Араб мунтақил мешаванд

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду сокини шаҳри Душанберо ба гумони даст доштан дар қочоқи инсон боздошт кардаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду сокини шаҳри Душанберо ба гумони даст доштан дар қочоқи инсон боздошт кардаанд.

Масъулони дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “дар пайи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ дар таърихи 19 декабр аз ҷониби кормандони милитсия, ду зани 25 ва 26-солаи сокини шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар ҷалби одамон барои истисмор дастгир карда шуданд.”

Ба иттилои ин манобеъ, “муайян карда шуд, ки гумонбаршудаҳо бо маслиҳати пешакӣ бо зане бо тахаллуси “Хола”, ки айни замон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб қарор дорад, бо мақсади ҷалб ва ба истисмори ҷинсӣ гирифтор намудани зани 26-солаи сокини ноҳияи Восеъ, аз ҳисоби худ раводид, шиноснома ва чипта харидорӣ намуда, рӯзи 16 декабр ӯро ба воситаи ҳавопаймо ба шаҳри Дубай равон кардаанд.”

Ҳарчанд ин масъулон ҷузъиёти бештареро дар бораи ин ҳодиса ироа накардаанд, аммо мегӯянд, ҳамакнун нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Боздошти ду зани тоҷик ба гумони даст доштан дар қочоқи инсон дар холест, ки ахиран додситонии Суғд, дар шимоли Тоҷикистон аз афзоиши мавориди қочоқи занону духтарон ба хориҷи кишвар ба шиддат изҳори нигаронӣ кард.

Бино ба маълумоти додситонӣ, дар 10 моҳи аввали соли равон танҳо дар шимоли Тоҷикистон 18 парвандаи ҷиноӣ марбут ба хариду фурӯши инсон боз шудааст.

Додситонӣ мегӯяд, 1 парванда дар иртибот ба дуздии инсон, 5 парванда хариду фурӯш, 10 парвандаи ҷалби одамон ба хотири истисмор, аз ҷумла истисмори шаҳвонӣ ва 2 парвандаи ҷиноятии дигар марбут ба фурӯши атфол ба додгоҳ рафтааст.

Бар пояи иттилои додситонии Суғд, ҷиноятҳои марбут ба қочоқи инсон дар ин минтақа дар 3 соли охир низ рӯ ба афзоиш дошта, дар соли 2012 танҳо 6 чунин ҷиноят ошкор ва таҳқиқ шуда, вале дар соли 2013 шумораи чунин ҷиноятҳо 14 ва дар соли гузаштаи 2014 ба 26 маврид расид.

Ба маълумоти додгоҳи Хуҷанд, ки чандин парвандаи марбут ба қочоқи занони тоҷик ба хориҷи кишварро анҷом додааст. Гуфта мешавад, занон аз шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе бо роҳи ҳавоии кишвар ё Русияву Қирғизистон умдатан ба Туркия ва Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб фиристода мешаванд.

Ба иттилои ин манбаъ, ба ҷалбу гусел ва қабули занон як шабакаи фаъолияташ танзимшуда дар дохил ва хориҷи кишвар даст дорад, ки умдатан аъзои қатории он дар Тоҷикистон дастгир ва ба маҳбас кашида мешаванд. Дасти мақомоти тоҷик барои дастгир намудани он афроде, ки дар Туркияву Иморати Муттаҳидаи Араб занони ҳаммиллати худро ба танфурӯшӣ водор ва мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор медиҳанд, кӯтоҳ арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG