Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пробка" дар як хонаводаи тоҷик


“Пробка”, номи филми навест, ки аз рӯзгори як хонаводаи бефарзанди тоҷик қисса мекунад.Ин филм маҳсули дасти коргардони ҷавон Диловар Султонов буда, рӯзҳои наздик ба намоиш мебдарояд.

““Traffic jam” ё “пробка”, филми навест, ки аз рузгори як хонаводаи бефарзанди тоҷик қисса мекунад. Бефарзандӣ дар ин оила боиси дилсардӣ ва нофаҳмиҳо дар байни зану шавҳари ҷавон мегардад. Ин филми кутоҳ маҳсули дасти коргардони ҷавон Диловар Султонов аст, ки рӯзҳои наздик пешкаши бинандаҳо хоҳад шуд. Коргардони ҷавон мегӯяд, ки муҳтавои филм иҷтимоист ва дар рӯзгори инсонҳо зиёд мушоҳида мешавад. “Пробка” аввалин филми ин коргардон нест. Филми дебютии Диловар Султонов бо номи “Гунҷишки сафед”, ки кӯтоҳметраж аст, дар чанд ҷашнвораҳои дохиливу байнулмилалии синамогарон соҳиби ҷоиза шудааст.

Диловар Султонов, муддати даҳ сол мешавад, ки дар риштаи филмофарӣ фаъолият дорад. Ӯ мегӯяд, дар бахшҳои гуногуни филмсозӣ кор кардааст, аммо бештари вақт ба ҳайси танзимгари филмҳо. Ҳамакнун ӯ мехоҳад, ҳунари худро дар бахши коргардонӣ такмил диҳад ва қадам ба қадам ба сохтани филмҳои комил ва дорои буҷаи калонҳаҷм даст ба кор шавад. Ин коргардони ҷавон тасмим дорад, бо таҷрибаи омӯхтааш аз синамогарони хориҷӣ дар филмҳояш навгонӣ ворид кунад ва дар синамои тоҷик муваффақ бошад.

Диловар Султонов дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз идеяи таҳияи филми иҷтимоии “Пробка” ва аз нақшаҳояш дар оянда қисса кард. Сӯҳбат ва намунаи кори ин филмсози ҷавонро метавонед дар ин навор бубинед:

"Пробка"дар зиндагии як хонаводаи тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:17 0:00

XS
SM
MD
LG