Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони рустои Фонии ҷамояти Моғиёни шаҳри Панҷакент мегӯянд, то ҳол аз кушта шудани ҳамдеҳагонашон хабар надоранд ва хонаводаи онҳо ҳам дар ин бора иттилоъе надоранд.

Намозалӣ Қурбоналиев, сокини ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент, 300 километрии шимоли пойтахти Тоҷикистон рӯзи 14-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки сокинони деҳаи Фонии ҷамоати Моғиён Абдуманнон Сангинбоев ва Сайриддин Мутрифов тайи чанд соли ахир дар Русия муҳоҷири корӣ буданд, вале аз ҳодисаи кушта шудани онҳо дар Челябинск хабар надоранд ва волидонашон ҳам итилоъ надоранд.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки хонаводаи онҳо зиндагии оддӣ дошта, падари Абдуманнон устои чубтарош буда падари Сайридин коргари оддӣ аст.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 14-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки сафорат бо такя ба иттилое, ки дастрас намуд, дақиқ кардааст, ки ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 12-уми ноябр дар ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск кушта шудаанд, яке Сангинбоев Абдуманон Шодимуродович, соли таваллудаш 22-уми сентябри соли 1982 ва Мутрифов Сайриддин Сайфиевич, соли таваллудаш 21-уми ноябри соли 1990 будаанд. Ҳар ду сокини деҳаи Моғиёни шаҳри Панҷакент будаанд.

Ба иттилои мақомти интизомии Русия феълан ду нафар, ки аз онҳо Р.А. ва К.А ном бурда шудааст, ҳамчун гумонбар боздошт карда шудаанд. Ангезаи ин ҳодсиа кушторо дар ҳоли ҳозир мақмомти интизхомии Русия ғоратгарӣ шарҳ додаст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар медиҳад, ки феълан барои интиқоли ҷасадҳои ду нафар сокинони ҷамоати Моғиён ба Панҷакент тадбирҳо ҷуста истодааст.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 13-уми ноябр ба «Озодӣ» гуфт, «субҳи имрӯз сафири кишварамон Абдулмаҷид Достиев ба масъулин дастур дод, ки ҳар чӣ зудтар бо мақомоти дахдлори вилояти Чиелябинск дар тамос бишаванд ва ҷузъиети бештареро дар робита ба ин ходисаи куштор, ки дар он ба қавле аломатҳои марги маҷбурӣ дида мешавад, руйи мизи ӯ гузоранд».

Ба гуфтаи ҷаноби Эгамзод, ҳамакнун Хадамоти консулии сафорат якҷо бо консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ карданд. Ин манбаъ афзуд, ки ҳамчунин ба раиси ҷамъияти тоҷикистониёни вилояти Челябинск дар тамос шуда, аз ӯ хоҳиш намудаанд, ки ба ин қазия расида намояд.

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Челябински Русия бо зарби корду табар ба қатл расидаанд. Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 13-уми ноябр дар торнамои худ хабар дод, ки рӯзи сешанбеи 12-уми ноябр дар кӯчаи Школнийи рустои Кайгородови ноҳияи Сосновскийи ин вилоят, ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо аломатҳои марги маҷбурӣ – зарбаҳои зиёди олотҳои бурранда, дарёфт кардаанд. Дар пайи ин ҳодиса ду сокинин маҳаллиро бо гумони даст доштан дар қатли ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дастгир кардаанд.

Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ин ду шаҳрванди дастгиршуда қаблан доғи судӣ дошта, яке аз онҳо ҳамроҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷамъоварӣ ва фурӯши оҳанпора машғул будааст. Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон хонаеро иҷора гирифта буданд ва бо ҷамъоварии оҳанпора машғул будаанд. Тибқи тафтишоти пешакӣ, қотилон барои дуздии оҳанпора ба макони зисти ин шаҳрвандони Тоҷикистон омада, дар хона соҳибони онро дида, ба муноқиша бархостаанд. Дар натиҷа ҳарду шаҳрванди Тоҷикистонро аввал бо корду табар зада, узвҳои баданашоро реза кардаанд.

Ному насаби шаҳрвандони Тоҷикистон ва он ду қотили дастгиршуда гуфта нашудааст. Вале мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, тоҷикони ҳалокшуда яке 31-сола ва дигаре 22-сола мебошанд. Ду гумонбар ба қатли тоҷикон, яке 25-сола сокини вилояти Челябинск, дигаре 33-сола сокини вилояти Курганский будаанд, вале ному насаби онҳо то ҳол махфӣ нигоҳ дошта шудааст. Мақомоти Русия гуфтаанд нисбати ин ҳодиса бо ҷурми «куштори ду нафар» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ҳамасола ба Тоҷикистон садҳо тобути шаҳрвандони ин кишвар умдатан аз Русия ворид мешавад. Омори ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия сол ба сол дар ҳоли афзоиш аст.

Бино ба иттилоъи расмӣ, соли 2011 ба Тоҷикистон 636 ва соли 2012 - 730 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия интиқол ёфтааст. Дар нимсолаи аввали 2013 теъдоди тобутҳо 460 ададро ташкил дод. Танҳо ба фурудгоҳи байнулмалалии Хуҷанд дар 9 моҳи соли равон тобути 249 шаҳрванди Тоҷикистон, сокини минтақаи шимолии Тоҷикистон аз Русия ба Хуҷанд интиқол ёфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG