Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъво ва кашмакаши сайёҳони хориҷӣ бо ҷангалбони тоҷик


Як гурӯҳ аз сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон бинобар надонистани забон бо як ҷангалбони тоҷик ҷанҷолу кашмакаш кардаанд ва кор то ҷое расидааст, ки ҷангалбони тоҷик ба яке аз онҳо дарафтодааст.

Дар видеое, ки Томаш Лабурда - ҷаҳонгарди чех ва донишҷӯи Донишгоҳи олии техникии шаҳри Прага бардошта ва дар саҳифааш дар Фейсбук гузоштааст, дида мешавад, ҷангалбони тоҷики либоси низомӣ ба бар шиносномаҳои сайёҳонро дар даст дорад ва аз онҳо мехоҳад, ки ҳаққи сайёҳиро бипардозанд ва сипас шиносномаашонро медиҳад. Ба муроҷиати ҷаҳонгардони чех, ки аз ҷангалбони тоҷик талаб доранд, шиносномаро пас диҳад, ҷангалбон бо забони русӣ мегӯяд, ки “ман шиносномаҳои Шуморо намехӯрам, пулро пардозед, баъд мегиред, агар не ба пеши Аловуддин (ҷангалбони ноҳияи Айнӣ) равед.”

Аз рафтори марди тоҷик сайёҳон ба хашм меоянд ва яке аз онҳо ба забони чехӣ ба ҷангалбони тоҷик мегӯяд, “Ту кистӣ? Чаро паспортҳоро мегирӣ? Аз инҷо гум шав, рав ба хонаат.”

Зимни кашмакаш ҷангалбони тоҷик наворгирии Томаш Лабурдаро дида ва ба ӯ бо лагад таҳдид мекунад ва бо ҳамин видео қатъ мешавад. Томаш Лабурда дар шарҳи ин видео дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, “дар муқаррароташон возеҳ гуфта шудааст, ки касе дар кӯҳҳо ҳаққи сайёҳӣ намепардозад, вале ҳар нафар дар либоси ҷангалбон омада, аз мо ҳақ талаб мекунад. Мо ҷанҷолро зиёд накардем ва пул ҷамъ карда арзонтар халос шудем. Ҳоло бубинем, мақомоти Тоҷикистон чӣ мегӯянд.”

Худи Томаш рӯзи 4 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ҷанҷоли калон набуд, вале хушоянд ҳам набуд. Ян Пала, сайёҳе, ки бо ҷангалбони тоҷик кашмакаш мекунад, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки баъд аз пардохти 60 сомонӣ кашмакашу даъво тамом шуд. Ҳодиса нимаи дувуми моҳи сентябр дар назди Кӯли калон дар ноҳияи Панҷакент рух додааст, ки як маҳаллаи маҳбуб барои сайёҳон аст.

Ҳошим Нуров, ҷангалбони масъули минтақаи Кӯли калон рӯзи 4 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби аслии сар задани моҷаро, надонистани забон ва “ҷавонии сайёҳон” будааст. “Онҳо бачаҳои ҷавон буданд, маро нафаҳмиданд, ман ба онҳо дашном надодам, зӯроварӣ накардам. Ман гуфтам, ки ба ман шиносномаҳоро диҳед, ки ман мувофиқи шиноснома ба шумо “кассовой ордер” навишта диҳам, онҳо маро нафаҳмиданд ва ба ман зӯроварӣ карданд. Ман фаҳмондам, ки бояд пули сайёҳиро пардозанд, баъд пеши сайёҳони рус рафтем. Баъд аз ин, онҳо маро фаҳмиданд ва ман ҳам аз онҳо бахшиш пурсидам. Онҳо гуфтанд, ки мо қонуну қарорро намедонем,” – гуфт ӯ.

Ҳошим Нуров афзуд, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷие, ки ба инҷо меоянд ва шабро сипарӣ мекунанд, 15 сомониву 17 дирам муқаррар карда шудааст ва аз шаҳрвандони Тоҷикистон 4 сомониву 79 дирам гирифта мешавад. Ян Пала гуфт, дар воқеъ ҷангалбони тоҷик ба онҳо расиди пардохти пули ҷаҳонгардиро дод. Зоҳиран гирифтани ингуна маблағ дар ноҳияи Айнӣ, ки сайёҳони чех ба онҷо рафтаанд, сабаби сӯитафоҳум ва хашми ҷаҳонгардони чех шудааст. Шикояти сайёҳон аз талаби пул дар маконҳои дидании ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон аз ин ҳам пеш дида шудааст. Моҳи июни ҳамин сол гурӯҳе аз сайёҳони аврупоӣ ба Радиои Озодӣ аз супурдани “ҷангалпулӣ” сари ҳар қадам шикоят карданд.

Роберт Маркус, сайёҳ аз Латвия, ки бо 5 тани дигар барои саёҳат ба водии Зарафшон омада буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд онҳо тамоми хароҷотро ба ширкатҳои сайёҳӣ месупоранд, вале дар ҳар макони сайёҳӣ дар ноҳияҳои гуногун аз онҳо маблағ меситонанд ва сипас иҷозаи ҳаракат медиҳанд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 ҷаҳонгардони хориҷӣ ва дохилӣ барои шабгузаронӣ дар минтақаҳои сайёҳӣ бояд пул пардозанд ва ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, ин муқаррарот дар зеҳни ҷаҳонгардон ин эҳсосро ба вуҷуд меорад, ки бояд ҳар сари қадам “ришва диҳанд”.

Дар Тоҷикистон, ки аксаран ҷаҳонгардон ба саёҳати табиат ва кӯҳсори кишвар мераванд, шикоят дар бораи ришваситонӣ ва ё рафтори дағалонаи мақомоти милиса зиёд аст, вале бори аввал аст, ки рафтори дурушт бо сайёҳон барои талаби пул дар видео дида мешавад. Дар шарҳи ин видео, яке аз ҳамсафарони Томаш Лабурда навиштааст, ки “Агар раиси ҷумҳури бузурги Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ин видеоро бубинад, чӣ гуна сайёҳонро озор медиҳанд, хушҳол намешавад.”

Ба гуфтаи сайёҳони чех, аз онҳо дар фурудгоҳи Душанбе “аз маблағи талабкардаи ҷангалбон 100 баробар бештар талаб кардаанд, вале “мо ин пулро ба ӯ надодем,” -- гуфт Ян Пала. Вале бо вуҷуди ин ҷаҳонгардони чех аз сафарашон ба Тоҷикистон пушаймон нестанд ва мегӯянд, ки аз табиати зебо ва муносибати хайрхоҳонаи мардум ба ваҷд омадаанд ва бо хотираҳои хубе аз онҷо баргаштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG