Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвои ду ширкати азими нафтӣ бо як ширкати тоҷикӣ дар Париж


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ду ширкати азими нафтӣ, аз Додгоҳи Байналмилалии Ҳакамӣ хостаанд, ба даъвои онҳо бар сари як тарҳи истихроҷи нафт дар Тоҷикистон хотима диҳад.

Ду ширкати бузурги нафтии ҷаҳон, як ширкати хурди нафтӣ дар Тоҷикистонро барои иҷро накардани ӯҳдадориҳояш ба Додгоҳи Байналмилалӣ Ҳакамӣ кашидаанд.

Ширкатҳои фаронсавии "Тотал" ва ширкати азими чинии "CNPC" охири моҳи май ба ин додгоҳ муроҷиат кардаанд, то ба баҳси ду тараф бо ширкати "Кулоб Петролиум Лимитед" нуқта гузорад. Дар ин бора "Тетис Петролиум", як ширкати нафтии фаъол дар Тоҷикистон, ки "Кулоб Петролиум Лимитед", пойбанди он аст, бо нашри як баёнияи расмӣ дар рӯзи 20 июн хабар дод.

"Тетис Петролиум" мегӯяд, вакилони дифои "Тотал" ва "CNPC" рӯзи 19 май расман даъвои худро ба додгоҳи байналмилалӣ супурдаанд. Як манбаи огоҳ аз ин қазия 20 июн ба Озодӣ гуфт, ки "сухан дар бораи ӯҳдадориҳои "Кулоб Петролиум Лимитед" дар тарҳи муштараки "Бохтар" меравад, ки кашфу истихроҷи майдонҳои азими нафт дар Тоҷикистонро дар назар дорад."

Ба гуфтаи ӯ, то кунун “Кулоб Петролиум Лимитед”, ки бояд барои иҷрои тарҳу корҳои иктишофӣ саҳми молӣ мегузошт, ин корро накардааст ва айни замон намехоҳад, бо назардошти фоида гирифтан дар оянда аз тарҳи муштарак хориҷ шавад.

“Кулоб Петролиум Лимитед” дар гузашта тақрибан 2 миллион доллар саҳми худро барои иҷрои тарҳи "Бохтар" надодааст ва бо вуҷуди дархостҳои батакрори “Тотал” ва "СNPC" аз иҷрои тарҳ хориҷ нашудааст ва ҳам намехоҳад, саҳмияҳои худро дар ихтиёри ин ду ширкат гузорад. Дар тарҳи "Бохтар" ин ду ширкати бузург 33.335 дарсадӣ ва “Кулоб Петролиум Лимитед” 33.33 дарсадро дар ихтиёр дорад.

Тарҳи истихроҷи нафту гази “Бохтар” дар Тоҷикистон яке аз тарҳҳои бузургест, ки ду ширкати азими ҷаҳонӣ мехоҳанд, дар он саҳм бигиранд.

Майдони нафту гази “Бохтар” дар вилояти Хатлон дар миқёси 35 ҳазор километри мураббаъ ба гуфтаи “Тетис Петролиум” яке аз майдонҳои бузурги дастнохурдаи нафт аст ва мумкин аст то 27 миллиард бушка нафт ва миллиардҳо мукааб метри мукааб гази табиӣ дорад. СNPC -Ширкати миллии нафту гази Чин ва чаҳорумин ширкати бузурги ҷаҳонӣ ва "Тотал" яке аз ҳафтумин ширкати бузурги ҷаҳонии истихроҷи нафту газ ба ҳисоб меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG