Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳукми Тошев ва Ризоевро бетағйир гузошт


Садриддин Тошев.
Садриддин Тошев.

Додгоҳи вилояти Суғд парвандаи Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоевро бар асоси аризаи шикоятии вакилони мудофеъ баррасӣ намуда, ҳукми додгоҳи Хуҷандро дар умум бетағйир гузошт.

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи панҷшанбе парвандаи Садриддин Тошев (Қорӣ) ва Сунатулло Ризоевро бар асоси аризаи шикоятии вакилони мудофеъ баррасӣ намуда, ба истиснои кам кардани ду сол мӯҳлати адои ҷазо дар низоми «маҳбасӣ» барои Тошев, дигар ҳукми додгоҳи Хуҷанд дар нисбати онҳо бетағйир гузошта шуд.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев рӯзи 24-уми январ ба радиои "Озодӣ" гуфт, бар асоси аризаи шикояти онҳо, додгоҳи вилоят дар СИЗО-и Хуҷанд ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷандро, ки Тошевро 8 сол ва Ризоевро 9 сол аз озодӣ маҳрум карда буд, баррасӣ намуд ва ба сурати умум ин ҳукмро бетағир гузошт. Дар моҳи октябри соли гузашта додгоҳи шаҳри Хуҷанд маҳбусон Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоевро бо иттиҳоми пахши ахбори бардурӯғ ва таҳқиромез, мутаносибан ба 7 ва 9 соли зиндон маҳкум карда буд.

Хонум Воҳидова афзуд, ба истинои ду соли ҳукми Тошев, ки мебоист дар низоми «маҳбасӣ», ки низоми сангин аст, сипарӣ мекард, вале додгоҳи вилоят ин ду солро ба маҳбаси низомаш «махсус» иваз намуд. Ба гуфтаи вакили дифоъ, дар мурофиае, ки ба ин муносибат баргузор шуд, ҳам Тошев ва ҳам Ризоев бо далелҳо даст надоштани худро дар паҳн намудани ахбори бардурӯғ собит карданд ва вакилони мудофеъ низ дар ин бора гузориш додаанд, аммо додгоҳ онро ба эътибор нагирифтааст.

Хонум Воҳидова афзуд, азбаски дар Тоҷикистон ягона маҳбаси низомаш «махсус» дар Қӯрғонтеппа аст, Садриддин Тошев рӯзҳои наздик ба ин маҳбас интиқол дода хоҳад шуд ва Сунатулло Ризоев дар маҳбаси Хуҷанд давраи ҷазои худро сипарӣ хоҳад кард.

Дар мурофиаи қаблӣ, ҳам Тошев ва ҳам Ризоев таъкид карда буданд, ки дар паҳн кардани наворҳои латтукӯби маҳбусон дар зиндони Хуҷанд дар соли гузашта даст надоранд. Вакили дифоъ гуфт, ки «додгоҳи шаҳри Хуҷанд иҷозат надод, ки навори видеоиӣ лату кӯби маҳбусон, бахусус навори зарбу лати Садриддин Тошев ҳамчун маводи аёнии шиканҷаи маҳбусон истифода шавад".
Аммо додраси додгоҳи Хуҷанд гуфтааст, ки доғҳои зарбу лат дар бадани Садриддин Тошев нишонаи латукӯб набуда, балки вай худашро "пӯчидааст."

Қаблан Садриддин Тошев, фармондеҳи мухолифини пешин бо ҷурми терроризм, бандитизм ва одамрабоӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бино бар қонуни авф, мӯҳлати ҷазои ӯ коҳиш ёфта, қабл аз ҳукми додгоҳи Хуҷанд танҳо 3,5 соли ӯ боқӣ монда буд. Акнун бар иловаи ҳукми додгоҳи Хуҷанд, Тошев боз 10 солу 5 моҳи умри худро дар паси панҷара хоҳад гузаронд.

Волидони Сунатулло Ризоев мегӯянд, ки то поёни муҳлати ҷазои фарзандашон каме бештар аз 2 сол боқӣ монда буд. Қаблан Сунатулло Ризоев бо қарори Додгоҳи олӣ бо иттиҳоми авбошӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шуда буд, акнун бо иловаи 9 соли ҳукми нав беш аз 11 соли дигар дар зиндон хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG