Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарчанд шикоятҳо дар бораи шиканҷаи ноболиғон аз сӯи маъмурони полис бисёр аст, вале мақомот онро рад мекунанд.

Акмал, ки дар синфи нӯҳум таҳсил меунад, чанд рӯз пеш аз тарафи кормандони Шӯъбаи корҳои дохили ноҳияи Рӯдакӣ ба гумони даст доштан дар дуздӣ боздошт шудааст.

Вай мегӯяд, ӯро панҷ соат дар шӯъбаи корҳои дохилӣ нигоҳ ва мавриди шиканҷа қарор додаанд.

"Ин қадар пурсиданд, чизе нагуфтам. Заданд, гуфтанд, ки дуздиро ба дӯш гирам. Бо "дубинка» ба сарам заданд. Дашном медоданд"
,-афзуд ин наврас.

Вақте бо Акмал сӯҳбат мекардем, ӯ ба пои худ рост истода наметавонист ва мегуфт, кафи пойҳояш аз шиддати зарбаи калтаки милиса осеб дидаанд.

Модари Акмал мегӯяд, баъд аз ҷустуҷӯи зиёд писарашро аз шӯъбаи корҳои дохилӣ пайдо кардааст. Ӯ гуфт, ки пас аз собит шудани бегуноҳии писараш милисаҳо аз ӯ ва писараш узр хостаанд.

Нурулло Талбаков, сардори бахши кофтукоби ҷиноии ноҳияи Рӯдакӣ, ба мо гуфт, дар мавриди ин ноболиғ ва муносибати ғайриқонунӣ нисбат ба ӯ иттилое надорад. Вале ин масъули умури дохилии ноҳияи Рӯдакӣ афзуд, ба ваҷҳи умум муносибат бо ноболиғон бояд бидуни шиканҷа сурат бигирад.

Вай афзуд, "қонун шиканҷаро манъ кардааст. Ин нафаре, ки Шумо гуфтед, намедонам. Дар мо танҳо нисбат ба ду ноболиғ барои ҳамкорӣ дар ҷиноят парванда боз шудааст."

Аммо Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, "ин мисол гувоҳӣ медиҳад, ки барои гирифтани нишондодҳои ба худашон маъқул мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар хилофи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд кӯшиш менамоянд, ки ба зӯроварӣ даст зананд. Албатта, ин ҳама дастраси созмонҳои ҷаҳонӣ ва назоратӣ мегардад."

Созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон борҳо дар робита ба мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳо садо баланд кардаанд.

Аммо Вазорати корҳои дохилӣ ба шиддат ин иддаоҳоро рад мекунад. Моҳи январи соли ҷорӣ зимни нишасти хабарии худ вазири корҳои дохилӣ ҳолатҳои шиканҷаи ноболиғон аз тарафи ходимони пулисро рад кард ва гуфт, ки "кадом милисае ин корро кардааст, дар назди қонун ҷавоб мегӯяд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG