Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурбониёни шиканҷа: Модараш то ҳол ба марги Мақсуд бовар надорад (ВИДЕО)


Дар шаҳри Душанбе бо баргузор кардани намоиши аксҳои қурбониёни шиканҷа масъулон хостанд бори дигар мақомоти давлатӣ ин масъаларо ҷиддӣ бигирад.

«Модари Мақсуд сарбози ғурамарги тоҷик, ҳанӯз ҳам ба марги писараш бовар надорад ва ҳар шом баргашти ӯро ба хона мунтазир аст, ҳарчанд медонад, ки ӯ дигар барнамеградад. Падараш ҳам ҳар субҳи худро аз зиёрати манзили писараш ва сӯҳбат бо ӯ оғоз мекунад.»

Ин зернависи акси як навҷавони хандон, диққати бисёре аз бинандагони намоишгоҳи зидди шиканҷаро ба худ мекашид. Марги Мақсуд Носирови 21-сола, 27 январи соли ҷорӣ дар қисми низоми 2758 воқеъ дар ноҳияи Спитамен, ба ҳангоме рух додааст, ки куҳнасарбозон ӯ ва чанд ҳамхидматашро латукӯб кардаанд. Пас аз зарбаҳои сахте ба гулӯ ва зери шикамаш Мақсуд ба замин афтод, аз ҳуш рафт ва бо ҳамин дигар ба худ наомад.

Бо кӯшишҳои зиёд нисбати 4 гунаҳкори ин фоҷиа парвандаи ҷиноятӣ боз шуд ва ҳар яки онҳо аз 5 то 7,5 -солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Аммо вакили Мақсуд талаб дорад, ки парвандаи куштори ӯ бозбинӣ шавад.

Аксҳои Мақсуд дар қатори тасвирҳои дигаре, ки вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон ва қурбониёни онро бозгӯ мекунад 26-уми июн дар маросиме бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Ин ҳамоиш бо ибтикори Дафтари ҳуқуқи башар ва риояти қонуни Тоҷикистон ва мусоидати Созмони Авфи Байналмилал, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва Бунёди Сорос шакл гирифтааст.

Дилрабо Самадова, собиқ раҳбари созмони «Ампаро» ва яке аз ташабусскорон намоишгоҳи мазкур мегӯяд, «тавре таҳлили мо нишон дод, зӯроварӣ қариб ки дар тамоми қисмҳои низомии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ва мо шоҳиди он мегардем, ки чунин ҳодисаҳои нохуш на танҳо дар дохили худи қисмҳои ҳарбӣ, балки дар ҷомеа низ ин маълумотҳо паҳн шудаанд. Ҳоло дар ташкилоти мо се парванда мавҷуд аст, ки вакилони мо нисбати он кор мебаранд. Ин ҳам парванди Шаҳбол Мирзоев, Акмал Давлатов ва Мақсуд Носиров, яъне инҳо ҳодисаҳое, мебошанд ки намунаи ваҳшитарини зӯроварӣ дар қисмҳои ҳарбиро нишон медиҳанд. Дар ду парванда аскарон то марг расонда шуда буданд. Чунин намошинома соли пеш ҳам баргузор шуда буд ва мо имсол пешниҳод кардем, ки дар қатори аксҳои дигари қурбониёни шиканҷа қиссаи ин се сарбоз низ ҷой дода шавад»

Хонум Дилрабо мегӯяд, ҳарчанд омилони ин се ҳодиса муҷозот шудаанд, вале маъсалаи пардохти ҷуброн то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Мисоли рӯшан қазияи Шаҳбол Мирзоев, ҳаст, ки бо вуҷуди ниёз доштан ба кӯмаки молӣ барои идомаи муолиҷа, то кунун аз тарафи давлат ва Қушунҳои сарҳадии кишвар чунин дасгириро дарёфт накардааст.

Хонум Дилрабо меафзояд, онҳо тасмим гирифтаанд, ки барои кӯмак ба хонаводаи Шаҳбол аз ҳисоби шикратдорони намоишгоҳ маблағ ҷамъ оваранд.

Дар ҳамин ҳол Таҳмина Ҷӯраева, як масъули Дафтари ҳуқуқи башар ва риояти қонуни Тоҷикистон мегӯяд, ин намоишгоҳ асосан ба хотири пуштибонӣ ва дилбардории пайвандони афроди шиканҷашуда таъсис ёфтааст. Зеро пайвандони онҳо новобаста ба ҳама фишорҳову мушкилот то ҳанӯз ба адолати судӣ бовар доранд ва талоши худро дар ин замина анҷом медиҳанд. Ӯ меафзяод: «Ин тасвирҳо, ҳамчунин дарди дили волидайн ва фарзандону ҳамсарони афродеро ки дар пайи шиканҷа бераҳмона кушта шудаанд, инъикос мекунад. Чунин намоишгоҳҳо барои ба вуҷуд овардани сару садо дар ҷомеа ва ҷалби таваҷҷӯҳи мақомоти болоӣ ба масъалаи доғи шиканҷа мусоидат мекунад. Маслан агар чанд соли пеш мақомот вуҷуди шиканҷа ва бадрафториро инкор мекарданд, аммо ҳоло дар сатҳи болоӣ ин мавзӯъ матраҳ мешавад ва ҳатто худи президент ҳам дар рӯзи милиса баромад кард ва талаб намуда, ки кормандони милиса дар фаъолияти худ аз бадрафторӣ истифода набаранд».

Таҳмина Ҷӯраева, меафзояд, бо вуҷуди мушкил будани исботи парвандаҳои шиканҷа, онҳо тавонистаанд то кунун аз ҳуқуқи чанд нафар хешовандони афроди шиканҷадида ҳимоят кунанд.

Бо ин ҳама, масъулони Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯянд, мавзӯи шиканҷа ва бадрафторӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун як падидаи фарогир боқӣ мондааст.

Нигина Баҳриева, раҳбари Бунёди ҷамъиятии «Нота бене» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «барои мисол Эътилофи зидди шиканҷа борҳо ба омбдусмен дар мавриди ҳодисаҳои мушаххасе дар мавриди истифодаи бадрафториву шиканҷа муроҷиат кардем ва дар ягон аз ин мавридҳо вокуниши мушаххасро надидем. Ва дар ҳамаи ин ҳолатҳо омбудсмен масъалаҳои мазкурро ба додситонӣ вогузор кард. Албатта дар ҳолатҳои алоҳида баъзан пешравиҳо буданд ва парвандаҳои ҷиноӣ боз гардидаанд, аммо ин кофӣ нест. Зеро қазияҳое, ки дар атрофи он сару садоҳо зиёд буд, маслан қазияи Баҳромиддин Шодиев ва ё Сафаралӣ Сангов ҳамоно ҳеҷ натиҷа надоданд.»

Поси хотири қурбониёни шиканҷа дар ҳоле ҷараён гирифт, ки Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури шиканҷа зимни сафари ахираш ба Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ низ гуфт, ин кишвар то ҳанӯз дар амри мубориза бо шиканҷа ба пешрафти чашмгире даст наёфтааст. Ҷаноби Мендез афзуд, бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон мавридҳои шиканҷа ба атври гусурда ҷой доранд, дар соли гузашта ҳамагӣ 4 парванда дар ин робита боз шудааст. Ба иддаои ин гузоришгар, яке аз далоили густариши шиканҷа дар Тоҷикистон беҷазо мондани омилони ин ҷурм аст, ки аксаран на бо иттиҳоми шиканҷа, балки бештар "сӯиистифода аз мақоми хидматӣ" ҷазо мегиранд ва ҳатто авф мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG