Пайвандҳои дастрасӣ

Марҳилаи савуми мониторинги маҳбасҳои Тоҷикистон дар баробари беҳбуди вазъи зиндонҳо, ҳолатҳои шиканҷа шудани зиндониҳоро низ ошкор кардааст.

Дар ҳоле, ки даври навбатии омӯзиши вазъи зиндонҳои Тоҷикистон ҳодисаҳои ба таври фарогир шиканҷа шудани маҳбусҳоро ошкор накардааст, аммо Таҳмина Ҷӯраева, намояндаи Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар баъзе маҳбасҳо зиндониҳо ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва бархе ҳуҷраҳо бо рӯшанӣ таъмин нестанд..

Таҳмина Ҷӯраева ҳамзамон аз иқдоми мақомот истиқбол кард, ки дар интихоби зиндон ба гурӯҳи пажӯҳишгар ихтиёр ва иҷозати комил доданд, ки онҳо вазъи зиндониҳоро бидуни огаҳии пешакӣ мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Ҷӯраева мегӯяд, ки дар ҷараёни даври навбатии омӯзиши вазъи зиндониҳо танҳо ду ҳолати шиканҷа ошкор шуд. Ӯ ба хотири амнияти зиндониҳо аз ному насаб ва макони шиканҷа ном набурд.

Як маҳбуси зиндони “Кирпичний”, воқеъ дар канораҳои пойтахти Тоҷикистон, ки мо аз ӯ ном намебарем, дар сӯҳбати телефонӣ аз дохили маҳбас ба Радиои Озодӣ гуфт," баъди расонаӣ шудани мавридҳои шиканҷаи зиндониҳо, тафтишу санҷиши зиёд анҷом шуд ва ҳоло озори зиндониҳо дар муқоиса бо ду соли пеш камтар шудааст."

Ҳамсӯҳбати мо 10 соли пеш бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда ва то расидан ба озодӣ 8 солро дар паси панҷара сипарӣ кардааст. Ин зиндонӣ, ки дар тӯли солҳои маҳбусӣ шароитҳои мухталифро таҷруба кардааст, мегӯяд, “агар гӯем, ки латукӯб тамоман аз байн рафтааст, ин нодуруст мебуд.”

Дар ҳоле, ки Ҳусниддин Нидоев, як масъули идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, зиндониҳо дар ҷараёни сӯҳбат мавҷудияти шиканҷаро рад кардаанд, аммо Маҳмурод Одинаев, раиси Эътилофи иҷтимоии зидди шиканҷа дар зиндонҳо бар ин назар аст, ки вазъ дар маҳбасҳо ҳамчунон бетағйир боқӣ мондааст.

Одинаев мегӯяд, дигаргунӣ танҳо ин аст, ки шиканҷа мисли солҳои пешин ошкоро анҷом намешавад. Маҳмурод Одинаев мегӯяд, ки "ду моҳи пеш худкушӣ кардани Тоҳир Бозоров, яке аз маҳбусони зиндони 4 воқеъ дар маҳаллаи "1-ум Советский"-и шаҳри Душанбе худ нишонаи вуҷуди шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳист."

Шиканҷаву бадрафторӣ дар зиндонҳо, аз масоилест, ки масъулони маҳбасҳо ва боздоштгоҳҳои Тоҷикистонро ҳамвора мавриди интиқод қарор медиҳад.

Дар солҳои охир чанд қазияи марбут ба шиканҷа, аз ҷумла марги мармузи Умедҷон Тоҷиев, Ҳамза Икромзода, Исмоил Бачаҷонов, Низомиддин Ҳомидов, Саймурод Орзуев, Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бар асари бадрафторӣ дар боздошт ҳалок шудаанд, дар ҷомеа сару садоеро ба бор оварда буд.

Дар гузориши созмонҳои байналмилалӣ низ гуфта мешавад, ки аксар мавридҳои шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ба хотири дарёфти эътироф анҷом мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG