Пайвандҳои дастрасӣ

Осиёи Марказиро тобистони гарме дар пеш аст


Саҳнаи қатли ҷангҷӯёни Толибон аз сӯи рақибонашон аз "Давлати исломӣ"

Саҳнаи қатли ҷангҷӯёни Толибон аз сӯи рақибонашон аз "Давлати исломӣ"

Мақомоти баландпояи низомӣ мегӯянд, ҷангҷӯёни исломӣ бо расидани фасли гармо барои тасарруфи қаламравҳои бештар дар шимоли Афғонистон ва убур ба Осиёи Марказӣ талош хоҳанд кард.

Ҷонибек Ғаффоров, сардори ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон рӯзи 27 апрел дар анҷумани панҷуми амниятӣ дар Маскав гуфт, ба эҳтимоли ғолиб бо расидани мавсими баҳору тобистон гурӯҳҳои ҷангҷӯ барои тасарруфи навоҳии шимоли Афғонистон “талошҳои воқеӣ” хоҳанд кард.

Ба ақидаи ин фармондеҳи 46-солаи артиши Қирғизистон, ҷараёни ҳаводис тақрибан тибқи чунин сенария сурат хоҳад гирифт: “Нирӯҳои Урдуи миллӣ ва пулиси Афғонистон ҷиҳати поксозии шимоли он кишвар амалиёти густарда ба роҳ хоҳанд андохт. Ин метавонад боиси ба кишварҳои ҳамсоя гузаштани ҷангҷӯён шавад.”

Ҷонибек Ғаффоров гуфт, ҷангҷӯёни зодаи Осиёи Марказӣ аз қасди худ барои эҷоди манбаъҳои ноамнӣ дар қаламрави кишварҳои ин минтақа даст набардоштаанд ва зоҳиран давлатҳои Осиёи Марказиро тобистони гарме дар пеш аст.

Дар анҷумани амниятии Маскав муовини вазири дифоъ ва сардори ситоди кулли артиши Тоҷикистон Абдулҳошим Ғуломзода низ суханронӣ карда, нигарониҳои Душанбе аз афзоиши таҳдиди ифротгароёни мазҳабӣ аз самти Афғонистонро баён доштааст. Ҷузъиёти суханрониҳои фармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳанӯз дастрас нашудааст.

Афғонистон бо се кишвари Осиёи Марказӣ марзи мустақим дорад. Аз ҷумла 1370 километр бо Тоҷикистон, 744 километр бо Туркманистон ва 137 километр – бо Узбакистон.

Мояи бештари нигаронӣ дар мавриди гурӯҳҳои тундрав марзҳои ин кишвари ҷангзада бо Туркманистону Тоҷикистон аст. Ба бовари коршиносони масоили амниятиву низомӣ, ин ду кишвар дар муқоиса бо Узбакистон, иқтидори зиёди низомӣ надоранд ва марзҳояшон бо Афғонистон дар муқобили эҳтимоли рахна аз сӯи гурӯҳҳои ҷангҷӯ осебпазир аст.

Дар намунаи Тоҷикистон релефи мураккаби кӯҳистоние, ки 1370 километр марзаш бо Афғонистонро қад-қади рӯди Омӯ ҷудо мекунад, низ дар роҳи ҳифозати марз аз таҳдидҳо мушкилоти зиёде эҷод мекунад.

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки марзбонҳои тоҷик тавони ҳифзи мустақилонаи марз бо Афғонистонро доранд ва гурӯҳҳои кӯчаке, ки таҳдиди убури ин марзро мекунанд, ба ҳадде чолишзо нестанд, ки дар матбуот, бавижа дар расонаҳои Русия тасвир мешавад.

Мақомоти Афғонистон шумори ҷангҷӯёни дар вилоятҳои шимоли он кишвар ҷамъшуда аз гурӯҳҳои мухталиф – сар карда аз ҷунбиши Толибон то Ҳаракати исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ ва “Давлати исломӣ”-ро, ки ҳузураш дар Афғонистон рӯзторӯз тақвият меёбад, ҳазорон нафар бармешумуранд. Мухолифини мусаллаҳи давлати кунунии Афғонистон чанд вулусволиро дар вилоятҳои бо Тоҷикистон ҳамсояи Қундуз, Тахор ва Бадахшон барои моҳҳо тасарруф кардаанд. Гуфта мешавад, ки дар миёни ҷангҷӯёни фаъол дар шимоли Афғонистон даҳҳо тан аз зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ ҳастанд.

Амонулло Қурайшӣ, ҳокими минтақаи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Имом-Соҳиб чанде пеш ба Озодӣ гуфта буд, танҳо гурӯҳи зери дасти “Мустафо –Тоҷик”, як фармондеҳи зодаи Тоҷикистон дар вилояти Қундуз аз 40 то 45 нафарро дар бар мегирад.

Маъсум Станакзай

Маъсум Станакзай

Маъсум Станакзай, вазири дифои Афғонистон, ки низ дар анҷумани амниятии Маскав суханронӣ мекард, гуфт, бархе доираҳо мехоҳанд ҷунбиши Толибонро ҳамчун як нерӯ дар муқобили “Давлати исломӣ” истифода кунанд. Станакзай гуфт, чунин кори ғалат боис мешавад, ки дар симои Толибон боз як аждаҳои дигар сар боло кунад.

Ишораи Станакзай аз ҷумла ба сӯи Маскав ҳам ҳаст, ки ба гуфтаи мақомоти дипломатиаш, бо Толибон роҳҳои тамос барқарор кардааст. Як нашрияи англисӣ чанде пеш ҳатто гузориш дод, ки гӯё Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия зимни сафари моҳи сентябри соли гузаштааш ба Тоҷикистон дар ҳудуди пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар канори Душанбе бо як фармондеҳи баландпояи Толибон гуфтугӯ кардааст. Кремл инро рад мекунад, вале Замир Кобулов, фиристодаи Путин дар умури Афғонистон баъдан гуфт, Маскав омода ҳаст, “ба хотири кумак ба раванди сулҳи Афғонистон” мавқеаш дар масъалаи таҳримоти зидди Толибонро нармтар кунад.

Дар моҳи феврали соли равон як намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба хабаргузории Associated Press гуфт, далелҳое ба даст омадааст, ки Русия дар тасарруфи шаҳри Қундуз, дар шимоли Афғонистон дар моҳи сентябри соли 2015 ба Толибон кумак карда, аъзои ин гурӯҳро омӯзиши низомӣ дода ва бо силоҳ таъмин кардааст.

Ба гуфтаи ин мақом, "русҳо ба Толибон пул ва силоҳ доданд, то онҳо алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" вориди набард шаванд. Ба ин тартиб, дар дасти аъзои гурӯҳи Толибон худкори навтарини "Калашников", ки танҳо дар Русия истеҳсол мешавад, пулемёти "Калашников" ва гранатомётҳои зиддитанкӣ пайдо шуданд".

Ин мақоми ҷосусии Амрико ишора кардааст, ки ин кумакҳои низомӣ метавонист хеле осон аз тариқи Тоҷикистон ба манотиқи шимоли Афғонистон ирсол шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG