Пайвандҳои дастрасӣ

11 чеҳраи хабарсози Тоҷикистон дар соли 2015


Чеҳраҳои хабарсози Тоҷикистон дар як акс

Чеҳраҳои хабарсози Тоҷикистон дар як акс

Дар тӯли соли 2015 Тоҷикистон чандин бор дар сархати ахбори расонаҳои минтақа ва ҷаҳон қарор гирифт. Аммо чеҳраҳое, ки дар ин як сол Тоҷикистонро хабарсоз карданд, киҳо буданд? Ва бо чӣ амалкардҳое исми ин кишварро дар соли 2015 вирди забонҳо карданд?

Дар соли 2015 исми Тоҷикистон чандин дафъа дар сархати ахбори муҳими расонаҳои минтақа ва ҷаҳон садо дод. Дар ин гузориш бештар ба шахсиятҳое мепардозем, ки Тоҷикистонро дар як соли охир хабарсоз карданд.

"Шайх Темур"

Дар моҳи феврал мақомот аз боздошти Саидмаҳдихон Сатторов, мулаққаб ба “Шайх Темур”, сокини 65-солаи ноҳияи Турсунзода хабар доданд. Дар гузориши вижаи телевизионҳои давлатӣ гуфта мешуд, ки ин рӯҳонӣ 7 зан дорад ва бо ҷамъе аз пайравонаш, ки онҳоро “саллакабудон” ном мебаранд, худро "Имом Маҳдӣ", пайғамбари охируззамон эълон кардаву ба ҳамин далел номашро дар соли 2012 расман аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8 июл "Шайх Темур”-ро бо ититҳомоте, чун тамаъҷӯӣ, бисёрзанӣ, монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ва ишғоли худсаронаи замин ба 16 соли зиндон маҳкум кард. Худи ин рӯҳонӣ аз ҷамъи иттиҳомоти алайҳаш эълоншуда танҳо бисёрзаниро эътироф мекунад.

Сӯиқасд ба Қувватов

Шаби 5 ба 6 март дар маҳаллаи Фотиҳи шаҳри Истамбули Туркия Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” – яке аз созмонҳои мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон кушта шуд. Қувватов ҳангоми берун рафтан аз хӯроки шом дар манзили Сулаймон Қаюмов ном сокини ноҳияи Восеъ ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Наздикони Қувватов мӯътақиданд, ки Қаюмов махсус барои таҳияи шароити сӯиқасд ба ҷони ӯ ба Истамбул фиристода шуда буд. Сулаймон Қаюмов то ҳол дар Туркия дар боздошт қарор дорад ва мурофиаи парвандаи ӯ аз сӯи додгоҳи ҷиноятҳои марбут ба терроризми Истамбул ҳанӯз поён наёфтааст. Ҳамсари Умаралӣ Қувватов – Қумринисо Ҳафизова - ва 5 фарзанди ӯ баъди кушта шуданаш дар яке аз кишварҳои қораи Амрико паноҳ ёфтанд. Моҳи ноябр фарзанди шашуми Умаралӣ Қувватов ба дунё омад.

Мақоми нави писари президент

Рӯзи 16 март бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон писари 27-солаи ӯ Рустами Эмомалӣ раиси Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъин шуд. Рустами Эмомалӣ аз соли 2013 раҳбарии Хадамоти гумрукро бар ӯҳда дошт. Ӯ ҳамчунин раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ва ҷавонтарин генерал дар Шӯравии собиқ аст. Бисёриҳо парвози босуръати Рустами Эмомалӣ дар курсиҳои давлатиро идомаи раванди ҳарчӣ бештар дар дасти аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон мунсаҷим шудани мақомҳои муҳими давлатӣ ва ҳамвор кардани роҳ барои иваз кардани падараш дар мақоми раҳбари аввали Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

Ду амали хайри Забеҳулло

Забеҳулло Шафеъзода

Забеҳулло Шафеъзода

Матбуоти Русия одатан аз Тоҷикистон ва шаҳрвандонаш дар робита ба қочоқи маводи мухаддир ёд мекунад. Аммо дар моҳи октябр номи Тоҷикистонро дар расонаҳои Русия Забеҳулло Шафеъзода ном сокини ҷамоати Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент дар Маскав вирди забонҳо кард. Забеҳуллоҳи 25-сола ҳамёнеро, ки дар кӯча ёфт, ба соҳибаш баргардонд, ки дар расонаҳо ҳамчун намунае аз шарофатмандӣ унвон шуд. Забеҳулло баъди пайдо кардани ҳамён чанд бор ба соҳибаш паём мефиристанд, вале ӯ муҳоҷири тоҷикро қаллоб гумошта, ҷавоб намедиҳад. Аммо Забеҳулло бо истодагарӣ дар ниҳоят муваффақ мешавад, ки пулро ба соҳибаш баргардонад Гузашта аз ин, ин муҳоҷири 25-солаи тоҷик 8000 рубл пулеро, ки русҳо ҳамчун нишонаи қадрдонӣ ба ҳисоби ӯ рехтанд, барои табобати як тифли дусолаи тоҷик хайр кард.

Ронандаи бовиҷдони тоҷик

Намунаи дигари шарофатмандиии муҳоҷирони тоҷикро дар соли 2015 Равшан Файзалов, як ронандаи 47-солаи микроавтобус дар шаҳри Екатеринбург ба намоиш гузошт. Ин муҳоҷири тоҷик халтаи пулеро, ки як зану шавҳари солхӯрда дар мошини ӯ фаромӯш карданд, ба соҳибонаш баргардонд. Маълум шуд, ки дар ин халта 852 ҳазор рубл ё ҳудуди 13 ҳазор доллар пули мотосикле будааст, ки он зану шавҳар баъди дар як садама ҳалок шудани фарзандашон фурӯхтаанд. Ин пул баробари маоши чорсолаи Равшан буд, вале ӯ савоби амалашро аз сарват боло донист ва ин ҳама пулро ба соҳибонаш, ки аз забони гӯё ҳам маҳрум будаанд, пас дод. Матбуоти Русия Равшан Файзаловро барои ин кораш “бовиҷдонтарин ронанда” ном додааст.

Фирори полковник

Дар моҳи май расонаҳои дунёро хабари дар Сурия ба созмони тундрави “Давлати исломӣ” пайвастани полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи вақти ОМОН – воҳиди вижаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон такон дод. Ин афсари баландпоя, ки дар Русияву ҳатто дар Амрико тамрини зиддитеррористӣ гирифтааст, бо нашри як паёми видеоӣ дар Интернет гуфт, ба нишони эътироз ба сиёсати мақомоти Тоҷикистон, ки ба таъбири ӯ, зидди дини Ислом аст, пой ба роҳи ба истилоҳ “ҷиҳод” гузоштааст.

Гулмурод Ҳалимов

Гулмурод Ҳалимов

Моҳе баъд гузоришҳое нашр шуд, ки Гулмурод Ҳалимов аз пояш захмӣ шудааст. Дар Тоҷикистон алайҳи ин афсари дар гузашта баландпоя бо иттиҳомоти зархаридӣ ва хиёнат ба Ватан парванда боз кардаанд ва Гулмурод Ҳалимовро аз тариқи Интерпол таҳти таъқиби байналмилалӣ гузоштаанд.

Ошӯби Ҳоҷӣ-Ҳалим

Хабари дигари такондиҳандаи сол, ки ба ақидаи аҳли назар, сиёсати ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба дигарандешонро шадидтар кард, ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябр ба раҳбарии муовини вақти вазири дифоъ генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим буд. Ин ошӯб субҳи 4 сентябр аз ҳамлаҳо ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва як посгоҳ дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ва ғасби силоҳ аз амборҳои вазорати дифоъ оғоз ёфта, рӯзи 16 сентябр бо кушта шудани генерал Назарзода ва охирин тарафдоронаш дар дараи Ромит анҷом ёфт. Бар асоси иттилои расмӣ, тайи 12 рӯзи амалиёти зидди ин гурӯҳ 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва аз гурӯҳи Назарзода 25 тан кушта ва беш аз 100 нафар дастгир шуданд.

Баъди хунсо шудани гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим мақомот ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ ва раисаш Муҳиддин Кабириро ба раҳбарӣ ва таъмини молии ин ошӯб айбдор карданд. Додгоҳи олӣ рӯзи 29 сентябр фаъолияти ҳизби наҳзатро дар Тоҷикистон манъ ва онро ба рӯйхати созмонҳои ифротиву террористӣ шомил кард.

"Кӯчарӯби зебои Душанбе"

Дар моҳи август Тоҷикистонро хабари хуши ба “харитаи зебоии ҷаҳон” роҳ ёфтани як духтар аз Душанбе дар сархати ахбор қарор дод. Мунира Мирзоеваи 19-соларо, ки дар яке аз ширкатҳои кабудизоркуниии пойтахти Тоҷикистон кор мекунад, як аксбардори румин тасодуфан дар кӯча ҳангоми гулкориаш ва либоси норанҷии хоси кӯчарӯбҳо акс бардоштааст ва ба ин далел ӯ дар дунё бо номи “кӯчарӯби зебои Душанбе” маъруф шуд. Мунира фарзанди калонӣ ва ноновари асосии хонаводаи иборат аз 7 нафар будааст. Ӯ мегӯяд, хеле мехост баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат бисупорад, вале шароити танги хонаводааш ӯро маҷбур кард, ба ҷои курсии донишҷӯӣ гулпарварӣ дар кӯчаҳои Душанберо ихтиёр кунад. Сӯҳбати видеоии ин духтари зебои тоҷик бо Радиои Озодиро то имрӯз беш аз 125 000 нафар тамошо кардаанд.

Марги Умаралӣ

Дар моҳи октябр марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа дар Санкт-Петербурги Русия дунёро такон дод. Ба нишони эътироз ба марги ин кӯдак, ки баъди боздошти волидонаш аз сӯи пулис ва чанд соат дар идораи пулис нигоҳ доштани худи Умаралӣ рух дод, мавҷи эътирозҳоро ба бор овард. Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти интизомии Русияро айбдор карданд, ки хунукназариашон сабаби марги тифл шудааст. Бо талаби ба масъулият кашондани омилони марги ин кӯдаки тоҷик дар Петербургу Маскав, Мюнхени Олмон, Ню-Йорк ва ҳатто дар Ҳонгконг намоишҳои эътирозӣ доир шуданд. Барои нахустин бор раҳбарони баландпояи Русия, бо шумули сарвазираш Дмитрий Медведев, ваъда доданд, ки омилони марги Умаралӣ Назаров муҷозот хоҳанд шуд.

Кремл тавассути сухангӯяш Дмитрий Песков дарак дод, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин низ аз ин қазия огоҳ аст. Вокунишҳо дар чунин сатҳи боло то ҳол дар мавриди марги ҳеҷ як муҳоҷири тоҷик дар Русия иттифоқ науфтода буд.

Бо ин вуҷуд, модари Умаралӣ Назаров аз Русия ихроҷ шуд ва мақомоти тафтишотии Русия исрор доранд, ки иллати фавти Умаралӣ Назаров мегаловирус буд, ки аз модараш ба ӯ гузаштааст, на бадрафторӣ ё бепарвоии маъмурони пулис ё бемористон. Наздикони Умаралӣ аммо мегӯянд, ки кӯдак то ба пулис бурдани онҳо сиҳату солим буд.

"Пешвои миллат"

Рӯзи 25 декабр раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро имзо кард. Ин қонун, ки қаблан аз сӯи ҳарду маҷлиси парлумони Тоҷикистон тасвиб шуд, ба Эмомалӣ Раҳмон расман унвони “Пешвои миллат” ва як силсила имтиёзҳои нав медиҳад. Ӯ аз ҷумла аз ҳар навъ масъулияти ҷиноӣ барои амалҳое, ки дар давраи раҳбариаш кардааст, озод мешавад ва қарор аст, ба номи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “Пешвои миллат” осорхонаву китобхонаи алоҳида боз шавад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, баъди анҷоми давраҳои мумкини раёсаташ ба ҳайси раҳбари маънавии кишвар боқӣ мемонад ва иҷрои машваратҳои “Пешвои миллат” барои ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ҳатмӣ мешавад ва “масъалаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷӣ” бо ӯ мувофиқа карда мешавад.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур дар шарҳи қонун навишт, ки чунин қонунҳо хоси кишварҳои пешрафта буда, ба хотири “пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия” қабул шудааст. Аммо мунтақидон эътои унвони “Пешвои миллат” ба Эмомалӣ Раҳмонро намунаи дигари шахспарастӣ меноманд.

Пули муҳоҷирон

Вале як чеҳраи аз ҳама хабарсози имсол Муҳоҷири тоҷик аст. Дар тӯли тамоми сол аз Русия дар бораи коҳиши ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон – як манбаи асосии таъмини рӯзгори хонаводаҳо ва суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон – ва аз яку якуним миллион хеле камтар шудани шумори мардикорони тоҷик дар он кишвар гузоришҳо ба даст мерасид. Омори охири Бонки марказии Русия мегӯяд, дар 9 моҳи аввали соли 2015 аз ин кишвар ба Тоҷикистон ҳамагӣ 1 миллиарду 54 миллион доллар пул рафтааст. Ин назар ба 3,8 миллиард долларе, ки соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон омада буд, беш аз 3 маротиба камтар аст ва пешбинӣ мешавад, ки даромади муҳоҷирон дар соли оянда боз ҳам коҳиш хоҳад ёфт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG