Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба хотири Рамазон омадем ба остонаи ту..."


Рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯдакон дари хонаҳоро кӯфта “рамазонхонӣ” мекунанд

...Ифтор дар Тошканд тақрибан поён ёфта буд, ки дар манзили Лола Юнусова занги дар садо дод. Ӯ дарро боз карда се кӯдакеро дид, ки бо садои баланд рамазонхонӣ мекарданд, анъанае, ки солҳо боз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ роиҷ аст. Таври маъмул, рӯзона ё замони ифтор гурӯҳи кӯдакон дари хонаҳои ҳамсояро мекӯбанд, як пора шеъру дуо мехонанд ва дар иваз пул ё савғоте мегиранд.

Коршиносон мегӯянд, ки ин анъана шабеҳи Иди Мавлуди Масеҳ ё Ҳеллуин дар кишварҳои ғарбӣ аст, вале рамазонхонӣ метавонад як моҳи дароз идома кунад. Аз нигоҳи Лола Юнусова, ба ҳамин хотир ин анъана хастакунанда аст. “Кӯдакҳои хурдсол ҳар рӯз омада шеър мехонанд. Мо ба онҳо пул медиҳем, Аммо боз ҳамон кӯдакон рӯзи дигар ҳам меоянд. Мо мегӯем, ки кофист, дигар наоед. Бисёре аз волидайн ба кӯдаконашон иҷоза намедиҳанд, ки рамазонхонӣ кунанд, мо ҳам иҷоза намедиҳем. Чунки онҳо ба талбандаҳо шабоҳат доранд ва ба ин ба бисёриҳо маъқул нест. Онҳо пеши дар омада, дуру дароз занг мезананд. Шахсан ба ман ин маъқул нест. Вақте дарро мекушоед, одатан се ё чаҳор кӯдак ким-чиҳо мегӯянд ва талаб мекунанд, ки ба мо пул диҳед”. -мегӯяд ӯ

Вале Аҳмадҷон, ҳамсояи Лола Юнусова мегӯяд, ки аз рамазонхонии кудакон ҳаловат мебарад. Ӯ ҳамеша онҳоро бо табассум истиқбол мекунад ва барояшон каме пул медиҳаду хоҳиш мекунанд, ки такрор ба такрор бихонанд. Аҳмадҷон мегӯяд, ки аз овони тифлӣ хотироте ширине дорад, ки ҳамроҳ бо ҷӯраҳояш ҳар шом ба хонаҳои ҳамсояҳо рафта рамазонхонӣ мекарданд, ки як дуои хайр аст – “Ба хотири Рамазон омадем ба остонаи ту, Худо писар диҳад ба гаҳвораи ту”. Аммо агар кӯдакон тӯҳфае нагиранд, дуои худро тағйир медиҳанд – “Ба хотири Рамазон омадем ба остонаи ту, аммо чизе нагирифтем, пас Худо на писар, балки духтар диҳад ба гаҳвораи ту”.

Шеър-дуои кӯдакони туркман ҳам тақрибан ҳамин гуна аст: Бигузор дар манзили шумо ҳамеша ид бошад. Бигузор дар хонаи касе, ки чизи кам медиҳад, духтар таваллуд шавад. Бигузор дар хонаи касе, ки чизи зиёд медиҳад, писар таваллуд шавад”.

Дар Қазоқистон замони шӯравӣ рамазонхониро манъ карда буданд. Аслан, он солҳо қазоқҳои тақводор пинҳонӣ рӯза мегирифтанд, зеро аз муҷозот шудан аз
сӯи мақомоти амниятӣ ҳарос доштанд. Вале ҳоло мо дар Қазоқистони шарқӣ кӯдаконеро метавон дид, ки ин гуна рамазонхонӣ мекунанд: Мо фарзандони Муҳаммадем. Мо ҳама аз як ҷамоаем. Агар шумо ба мо тӯҳфае диҳад, ин моро қавитар месозад”. Онҳо ҳамчунин ин гуна дуо мекунанд: Бигузор Худованд дуои шуморо қабул кунад ва ҳама касоне, ки рӯза гирифтаанд, аз марҳамати Худо бархурдор шаванд!”

Рамазонхонӣ дар Афғонистон то таҷовузи шӯравӣ дар соли 1979 ҳам роиҷ буд, вале тӯли даҳсолаҳои ҷанг ва баъд аз сари қудрат омадани Толибон, ки ҳама гуна шеърхониро манъ карда буданд, тақрибан аз байн рафт. Ин анъана фақат солҳои ахир дар баъзе рустоҳои ӯзбаку туркман ва тоҷикнишини шимоли Афғонистон эҳё мешавад.

Дар Қирғизистон рамазонхонӣ фақат се рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон идома мекунад. Солҳои ахир бузургсолон аз он шикоят мекунанд, ки матни шеъру дуо тайғир ёфтааст. Кӯдакони Бишкек, аз ҷумла, барои ҳамсояҳо дуо мекунанд, ки соҳиби мошини “Мерседес” шаванд ва ҷайбашон пур аз доллар бошад.

Дар шимоли Тоҷикистон дар рамазонхонӣ кӯдакон аз таронаҳои мардумӣ истифода мекунанд.

Дар Боснӣ ва Ҳерсоговина то фурӯпошии Югославия кӯдакон хона ба хона гашта “Бонки Рамазон!” нидо мекарданду пул ҷамъ меоварданд.

Ин анъана дар бархе аз кишварҳои арабӣ ҳам боқӣ мондааст, масалан, дар Миср рӯзҳои Рамазон нағора менавозанд ва пул мегиранд.

Аммо ҷонибдорони ҷараёни Ваҳҳобия ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро рамазонхониро “ғайриисломӣ” мехонанд ва талаби манъи онро доранд.

Тора Мирзоев, пажуҳишгари эҷодиёти мардумӣ дар Фарҳангистони улуми Ӯзбакистон мегӯяд, ки қарнҳои пеш калонсолон ҳам рамазонхонӣ мекарданд ва он фақат дар аввалҳои қарни бист хоси атфол шудааст.
XS
SM
MD
LG