Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, баъд аз зиёрати мазори Имом Зайнулобиддун аз банди азоби пулиси Русия озод шудаанд. Аммо рӯҳониён имдодталабӣ аз шахси мурдаро аз Ислом намедонанд.

Даҳҳо нафар аз сокинони Хатлон пеш аз сафари Русия оромгоҳи Имом Зайнулобиддин, шахсияти маъруфи исломӣ дар ноҳияи Ҷиликӯли ин вилоятро, зиёрат мекунанд ва аз рӯҳи ӯву ёронаш мадад мехоҳанд.

“Маро тобу тавоне деҳ, ки дур аз хешу надиконам дар амон бошам, бо корфармои хубе рӯбарӯ шавам ва пули хубе ба даст орам.” Ин дуо ва дархости аксарияти онҳоест, ки пеш аз сафар ба Русия дар сари мазори Имом Зайнулобиддин хайре мекунанд ва тарҳи муҳоҷирати кориро мекашанд.

Бахтовар, сокини 25-солаи ноҳияи Вахш, чаҳор бор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Ӯ мегӯяд, дар ҳар сафараш бо ҳамроҳии аҳли хонавода ба бӯсидани қабри Имом Зайнулобиддин ва ёрони ӯ рафта буд, то дар ғарибӣ кораш барор гираду бо дасти пур ба хона бар баргардад. “Калонсолҳои хонаамон мегӯянд, рафта аз мазорҳо, бахусус Имом Зайнуллобиддин пеш аз сафар ба Русия дуо гиреду баъд роҳи муҳоҷиратро пеш гиред. Мо гуфтаи онҳоро мекунем, ки корҳоямон бобарор ҳастанд. Ман дуо гирифтам ва зиёрат кардам барои чанд нафар дар назди мазор як табақ ғизо додам, ки корам бобарор бошаду роҳам сафед”,-нақл кард Бахтовар.

Ин сокини 26-солаи Вахш гуфт, ҷавонони зиёди тоҷик, ки бо ҳамроҳии ӯ кор мекунанд, “депорт” (ихроҷ) мешаванд, аммо пулиси Русия аслан ба ӯ кордор намешавад. Бахтовар бовар дорад, бо шарофати шод кардани рӯҳи Имом Зайналобиддин ӯ аз азияти пулиси Русия озод аст. Вай бар ин аст, ки ихроҷ ё ҳабс шудан аслан ба ҳуҷҷатҳои кас ё қонунмандии рафтору кирдори ӯ рабт надорад. Ба ақидаи Бахтовар, чанд нафареро, ки ҳамаи аснодашон дуруст буд, “депорт” карданд, ки аз Имом Зайналобиддин дуо нагирифта буданд.

Назаралӣ Қурбонов, яке аз нигаҳбонони мазори Имом Зайнулобиддин, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар рӯзи чаҳоршанбе беш аз 700 нафар аз вилояти Хатлон ва берун аз он ба зиёрат меоянд, ки дар миёни онҳо муҳоҷирон низ кам нестанд: “Зиёрати бобои Зайнулоббидин бештар рӯзҳои чаҳоршанбе сурат мегиранд, ки ба хотири ихлос ва муҳаббат доштани мардум мебошад, муҳоҷирон дӯстони Худоро зиёрат карда, ба Русия мераванд ва сарбаланд ҳастанд. Онҳо бо зиёрат кардани оромгоҳи Зайнуллобиддин муваффақ мешаванд.”

Назаралӣ Қурбонов

Назаралӣ Қурбонов

Аз маблағе, ки зоирони ин мазор хайр кардаанд, ҷое барои таҳияи ғизо ҳам сохта шудааст ва зиёраткунандагон барои худ ба дигарон ғизо омода кардаву лаҳзаҳоеро дар ин ҷо бо ҳам мегузаронанд. Аммо рӯҳониён ба зиёрати маконҳое, ки муқаддас шумурда мешаванд, бо шубҳа менигаранд. Бархе аз онҳо мегӯянд, саҷда ба мазор кори ғайримусулмонист.

Мулломуҳаммадшарифи Минҳоҷ, руҳоние аз ноҳияи Ҷиликӯл гуфт: “Зиёрат кардани муҳоҷирон хуб аст, ин яъне мустаҳаб аст, аммо онҳое, ки меоянд саҷда мекунанд, аз дин ихроҷ мешавад. Аммо ин чизҳо дар мазори Зайнулобиддин ҷой доранд, ки аз дин дур ҳастанд ва ҳамин корро мекунад. Худованд кори муҳоҷиронро барор диҳад, вале бояд аз Худо талаби сарбаландӣ кунанд.”

Таърихдонҳо мегӯянд, Имом Зайнулобиддин дар асри 10 дар шаҳри Ясриби Арабистон таваллуд шудааст, ки набераи ҳазрати Алӣ, писари Имом Ҳусайн ва абераи паёмбари ислом Муҳаммад (с) аст, вале дақиқ нест, ин мазори ӯст. Дар бисёре аз маҳалҳои Тоҷикистон ба ҷойҳое барои ба маротиб боло бурдани аҳамияти мазҳабӣ ё таърихии онҳо номи афроди маъруфро медиҳанд, ки таърих рабти онҳоро бо ин маконҳо рад мекунад.

Савсан Шарифова, як масъули идораи фарҳанг дар Хатлон мегӯяд, “хурофотпарастӣ” ва бӯсидану саҷдаи мазорҳо дар Хатлон аз ноогоҳии мардум дар бораи ин мавзеъҳои таърихӣ мебошад. Дар зимн, дар Хатлон беш аз 800 ёдгории таърихӣ, ки онҷоро мардум ҳамчун зиёратгоҳ қабул кардаанд, мавҷуд аст, ки дар бораи кӣ будани онҳо ва шахсияташон маълумоте нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG