Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Мазор, ба ман шӯ бидеҳ, як шӯи хушрӯ бидеҳ”


Мазорҳо ва оромгоҳи чеҳраҳои маъруфи исломӣ дар Тоҷикистон дар баробари арзиши таърихиву фарҳангӣ, ҳамчунин барои бархе аз сокинони Тоҷикистон макони дастрасӣ ба орзуҳои дастнорас шудааст.

Рухсора 33 сол дорад ва дар яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Ӯ ба қудрату тавони оромгоҳи шахсиятҳои исломӣ дар ҷануби Тоҷикистон эътиқод дорад ва мегӯяд, ки агар зиёрат ва ниёиш дар ин мазорҳо намебуд, эҳтимолан ӯ имрӯз на шӯ дошт на бача.

Рухсора мегӯяд, ки ҳамсолон ва дугонаҳояш пушти сари ҳам издивоҷ мекарданд ва бача ба дунё меоварданд, вале хостгорҳо мисле ки раҳи хонаи ӯро гум карда бошанд, ҳеҷ ба суроғаш намеомаданд: “Баъди зориву илтиҷо дар оромгоҳи Зайналобиддин, ки аз ноҳияи мо хеле дур буд, хостгорҳо қатор шуданд. Ҳамсинфони ман шавҳар карда буданд, ман шавҳар надоштам ҳамеша фикр мекардам ва зиқ мешудам, аммо як нафар пешниҳод кард, ки ба мазорҳо рав, бахтатро меёбӣ. Рафтам, роҳам кушода шуд, ҳамон банде, ки бахти маро баста буд, кушода шуд, ки шавҳар кардам.»

Рухсора мегӯяд, духтарони зиёде дар вилояти Хатлон, ки натавонистаанд ҳамсар пайдо кунанд ва синашон аз 30 бештар шудааст, бо ҳар баҳона, яке бо баҳонаи маризӣ, дигаре бо баҳонаи хайру саховат ба ин маконҳо сафар мекунанд. Аммо дар асл як хоҳиш доранд, ҳамсари хубу меҳрубон ва бачаҳои фаровон.

Мазори Увайси Қаранӣ, машҳур ба Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалингю
Мазори Увайси Қаранӣ, машҳур ба Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалингю

Шумори занҳо дар Тоҷикистон ҳамеша аз мардҳо бештар буд ва бар пояи шумориши аҳолӣ дар соли 2010, занҳо 52 дар сади аҳолиро ташкил медиҳанд. Муҳоҷирати саросарии мардҳои деҳот ба Русия, никоҳҳои хешутаборӣ ва дур мондани духтарҳо аз таҳсил, аз сабабҳои “пирдухтар мондани гурӯҳе номбар мешавад.

Ҳамсӯҳбати дигари мо Савлатбӣ 37 сола аст ва ба назари худаш тамоми фурсатҳои издивоҷ бо як марди қобили қабулро аз даст додааст. Ӯ мегӯяд, “агар то панҷ соли пеш ҳамсояҳо ва хешу табор аз ман мепурсиданд, ки кай шавҳар мекунам, акнун дигар ин саволро ҳам намедиҳанд.”

Савлатбӣ фарсахҳоро паймуда ба зиёрати оромгоҳи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ омадааст, ки аз рӯи шуниди ӯ мушкили корафтодаҳоро осон мекунад: "Он чизеро, ки Худованд насиби мо кард нодида илоҷ нест, вале шояд ҳамин ҳазрати Амирҷонро (Мирсаид Алии Ҳамадонӣ) сабаб кунад, ки мо ҳам барои худ шӯе пайдо кунем.»

Зиёрати оромгоҳҳо дар Тоҷикистон баъди суқути Шӯравӣ авҷ гирифт ва аз сиёсатмадор то соҳибкору тоҷир ҳама барои ободии ин маконҳо сармоягузорӣ карданд. Аммо ин раванд бо пайдо шудани равияҳои дигари дини Ислом дар Тоҷикистон ва “ширк” унвон шудани тавофи мазорҳо рӯ ба коҳиш овард. Рӯҳониёни хатлонӣ мегӯянд, ки оромгоҳҳо ва мазори шахсиятҳои исломӣ дар ин минтақа арзиши таърихӣ ва фарҳангӣ доранд, ва бовари мардум ба қудрати ин маконҳо чизе бештар аз бовар нест.

Саидҷони Сорбонхӯҷа
Саидҷони Сорбонхӯҷа

Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, раиси Шӯрои уламои маркази исломӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, талаби бахт аз мазору қабристонҳо хурофотпарастӣ аст, бахтро бояд аз Худованд талаб кард, на аз оромгоҳу мазору қабристон, «Дӯстони Худо худо нестанд, вале зи худо ҷудо нестанд... Мову шумо пайравони ҳамон падарҳоямон ҳастем, ки онҳо ҳамин корро анҷом медоданд. Бобоёнамон мегуфтанд, ки равед як чорворо кушеду хайр кунед, соҳиби бахт мешавед ва ҳамин корро анҷом медоданд.»

Бар пояи маълумоти расмӣ, дар қаламрави вилояти Хатлон ҳудуди сад мазору оромгоҳи шахсиятҳои исломӣ мавҷуд аст, ки дар баробари ниёзмандони дигар занону духтарони ба истилоҳ исмашон аз даҳонҳо афтода аз онҳо бахт талаб мекунанд. Шаҳзод Раҳимов, ноиби сардори раёсати ҷавонон дар вилояти Хатлон мегӯяд, ҳеҷ мазоре ба ягон духтар шавҳар намедиҳад, ин танҳо як хурофотпарастӣ аст, ки бояд пеши роҳаш гирифта шавад.

Аммо ба гуфтаи Фариштамоҳ Каримова, коршиноси гендерӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, тамоюли тарҷеҳ додани мардҳо ба духтарони 18 сола, шанси издивоҷро барои духтарҳои синашон аз 25 ба боло маҳдуд кардааст. “Духтарҳо дар сини аз 25 ба боло аллакай пирдухтар унвон мешаванд”- мегӯяд Фариштамоҳ Каримова.

Тибқи иттилои Оҷонсии омор, шумораи занону духтарони синнашон аз 18 боло, ки умуман шавҳар накардаанд то соли 2010, ҳудуди 600 ҳазор нафар будааст, ки 220 ҳазор нафари онҳо дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG