Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толиб Айёмбеков: “Маро сиёҳ мекунанд”


Намое аз деҳоти Бадахшон. Акс аз бойгонӣ.

Намое аз деҳоти Бадахшон. Акс аз бойгонӣ.

Фармондеҳи қитъаи марзии ноҳияи Ишкошим дар робита бо ҳодисаи қатли генерал Абдулло Назаров ба саволҳои Озодӣ посух дод.

Исми Толиб Айёмбеков, фармондеҳи қитъаи марзии ноҳияи Ишкошим дар робита бо ҳодисаи ахири куштори генерал Абдулло Назаров, раҳбари Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон сари забонҳо шуд. Тибқи баъзе хабарҳо, Айёмбеков нафарони муттаҳам дар куштори Назаровро паноҳ дода, аз ҳамкорӣ бо мақомоти сохторҳои интизомии Тоҷикистон саркашӣ мекунад. Худи Айёмбеков мегӯяд, ду нафар аз ширкатдорони ҳодисаи рӯзи шанбе, 21 июлро ба дасти органҳои тафтишот супурда, дар бораи маҳалли будубоши ду нафари дигар иттилое надорад.

Толиб Айёмбеков бародари Абдуламон Айёмбеков (маъруф бо лақаби Алёша-Горбун) аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби нерӯҳои оппозитсиюн ҷангидааст. Бародараш дар охири соли 1994 дар 34-солагӣ дар Бадахшон кушта шуд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Толиб Айёмбеков хостем, тафсилоти ҳодисаи куштори А.Назаровро нақл кунад.





Айёмбеков: Ин ҳодиса рӯзи шанбе рӯй дод. Ба ман хабар доданд, ки Назаровро куштанд. Гуфтанд, ки ӯро ба шифохона бурдаанд, мо ҳам он ҷо рафтем, одам бисёр буд. Касе мегуфт, ки ӯро парондаанд, дигарҳо мегуфтанд, ки ӯро корд задаанд. Баъд як духтурро дидам, ки гуфт, ки сараш хуншор буд ва эҳтимолан сараш зарбе хӯрдааст. Вақте бо бачаҳо гап задам, гуфтанд, ки ӯро дар ҳолати вазнин оварданд, аммо баъд тамом шуд. Баъд рафтам дунболи бачаҳо, гуфтам, ки ҳодиса чӣ хел шуд? Гуфтанд, ки чор бача дар беруни шаҳри Хоруғ дар ҷое истироҳат мекарданд. Вақте хостанд дубора ба Хоруғ баргарданд, аз пеши роҳашон як ҷипе омад, ки сохти Хитой аст. Одатан вай (Назаров) бо Уазик ва як ҷипи сафед мегашт. Хулоса, мошини ин ду гурӯҳ каме ба ҳамдигар расидааст. Ӯ (Назаров) аз мошин берун шуда ҷанҷол кардааст, гуфтааст, ки “шумо кӣ ҳастед, ки мошини маро мезанед?”. Ӯ бо либоси варзишӣ будааст ва худро муаррифӣ накардааст. Бачаҳоро ҳақорат ҳам кардааст ва бачаҳо гуфтаанд, ки ин хел гап назан ва байнашон ҷанҷол сахт шудааст. Вай гӯё пистолетро баровардааст, ки инро дида, як нафар ӯро аз пушт задааст ва ӯ болои санг афтида аз ҳуш рафтааст. Инро дида, ду муҳофизаш аз мошин баромада автоматро тайёр мекунанд ва ронанда фирор мекунад. Ин бачаҳо бо санг мезананд ва охрана ҳам автоматро партофта гурехтааст. Баъд онҳо бинанд, генерал намеҷунбад. Ронандаро фарёд карда гуфтаанд, ки зуд биёяд ва генералро ба шифохона баранд. Баъд ронанда муҳофизонро, ки фирор карда буданд, баргардонида, ҳамроҳ бо бачаҳо генералро ба шифохона бурданд. Ин гапи бачаҳоест, ки он ҷо буданд. Онҳо қасам хӯрданд, ки дар дасташон корд набуд.

Озодӣ: Онҳое, ки дар ин ҳодиса аз тарафи “бачаҳои Хоруғ” иштирок доштанд, чанд нафаранд ва онҳо дар куҷо ҳастанд?

Айёмбеков: Онҳо чор нафар буданд, ду нафарашонро мо ба мақомот супурдем. Онҳо талаб доранд, ки ду нафари дигарро ҳам бидиҳем, аммо ба мо маълум нест, ки онҳо дар куҷо ҳастанд.

Озодӣ: Ин бачаҳо кормандони шӯъбаи марзбонӣ буданд?

Айёмбеков: Не, инҳо бачаҳо оддӣ буданд, сокинони Хоруғ.

Озодӣ: Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳангоми рӯй додани ин ҳодиса гӯё генерал таҳти таъсири машрубот буд, вале онҳое, ки ӯро мешиносанд, мегӯянд, ки вай як марди намозхон буду аслан алкоҳол наменӯшид.

Айёмбеков: Бале, ҳардуи мо намозхонем. Ин як подстава аст. Маро ба ин вазифа таъйин карданд ва ҳоло мехоҳанд, ки номи маро сиёҳ кунанд. Як ҳафта пеш мо бо ӯ вохӯрда будем, гуфт, ки мехоҳам барои ду-се рӯз Қайроққум равам. Баъди бозгашташ вохӯрдем, сӯҳбат кардем. Муносибатҳои мо хеле хуб буданд ва дар Хоруғ, бовар кунед, вай танҳо бо ман гап мезад. Ҳамаи ин сиёҳкориҳо кори боло аст.

Озодӣ: Чаро шумо бачаҳои дар ин кор дастдоштаро ҳимоят мекунед?

Айёмбеков: Ман онҳоро ҳимоя намекунам, мо рӯйхати онҳоро додем. Ду нафарашонро супурдем ва будубоши ду нафари дигарро намедонем. Ҳоло болои ман фишор зиёд мешавад. Ман мехоҳам, ки ба президенти муроҷиат кунам ва бифаҳмонам, ки чӣ мегузарад.

Озодӣ: Мегӯянд, ки ҳоло ба Хоруғ воҳидҳои низомии сохторҳои қудратӣ кашида шудаанд, ин рост аст?

Айёмбеков: Рост аст. Баталйони нерӯҳои зудамал, гвардияи перзидентӣ, ОМОН, Алфа, КГБ, ВКД – ҳама воҳидҳои низомӣ ин ҷо ҳастанд. Мошину чархболҳо омадаанд. Намедонем, ки чӣ мехоҳанд. Мегӯянд, ки ба онҳо “командирҳо”даркоранд. Мо бо президент сӯҳбат карда будем, вай ба мо иҷозат дод, ки бо тиҷорат машғул шавем, фақат бо маводи мухаддир ва силоҳ сару кор надошта бошем. Мо ба президент муроҷиат кардем, аммо фикр мекунам, ки ин номаи мо то президент нарасидааст.

Озодӣ: Алфа кай омад?

Айёмбеков: Рӯзи шанбе ин ҳодиса шуд ва субҳ Алфа аллакай ин ҷо буд.

Озодӣ: Як саволи норӯшани дигар ин аст, ки оё чаро муҳофизони генерал ба ӯ дар он лаҳза кӯмак накарданд?

Айёмбеков: Ин савол барои мо ҳам матраҳ аст, ки чаро онҳо бо автомату тапонча мусаллаҳ буданду аммо генералро партофта аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

Озодӣ: Ҳоло онҳо дар куҷо ҳастанд?

Айёмбеков: Онҳоро КГБ боздошт кардааст ва силоҳро ҳам мусодира карданд. Як пистолет буду як автомат.

Озодӣ: Дуруст аст, ки шумо ҳоло нирӯҳои ба Бадахшон кашидашударо чун таҳдид ба ҷони худ арзёбӣ мекунед?

Айёмбеков: Бале. Соате пеш ба ман занг зада гуфтанд, ки ба номи ту повестка омадааст, гуфтам, ки повестка бошад, ба адреси хонаи ман фиристед.

Озодӣ: Онҳо чӣ мехоҳанд?

Айёмбеков: Ман намедонам. Ман барои худам ҷавоб медиҳам. Маро сиёҳ мекунанд, ин тавтеа аст.

Озодӣ: Дар маркази вилоят, мегӯянд, ки мақомоти баландпоя аз Душанбе қарор доранд, шумо бо онҳо вохӯрдед?

Айёмбеков: Ман бо онҳо се рӯз пеш вохӯрдам, ин ҷо Шаҳбозов, Илолов, Маҳмадаминов, Навҷувонов омадаанд. Ҳар иттилое доштем, ба ихтиёрашон гузоштем. Ман гуфтам, ки воҳима накунед.

Озодӣ: Мегӯянд, ки рӯзи шанбе дар асл Назаров дар мулоқот бо шумо қарор
дошту баъди ин мулоқот мехост ба Хоруғ баргардад, ки ин кор шуд. Ин рост аст?


Айёмбеков: Вай дар Ишкошим набуд, вай дар Гармчашма буд, ман ба ӯ телефон кардам. Гап дар ин ки ба посгоҳи марзии Ишкошим намояндагони КГБ омада буданд, гапҳои пасту баланд гуфтанд. Ман ба генерал телефон кардам гуфтам, ки ҳамин ҳодиса шудааст, онҳо маро пас мезананд. Ман медонам, ки бо овози баланд гап задам. Гуфтам, ки метавонам ҳоло худам биёям, аммо генерал гуфт, набиё, ин як провокатсия аст. Фикр мекунам, ки сабти ин гуфтугӯро ҳам доранд.

Озодӣ: Яъне ҳамон рӯз байни шумо даъвое бархост?

Айёмбеков: Ҳеҷ даъво набуд. Муносибатҳои мо бо генерал хуб буд. Ӯ як профессонал, як варзишгар буд. Мо бо ӯ бисёр ҳамсӯҳбат шудаем. Ӯ мегуфт, дар Бадахшон мардум дигаргуна аст, гапро мефаҳманд.

Озодӣ: Бо сар задани ин ҳодиса, бисёриҳо мегӯянд, ки дар Бадахшон амалан дуҳукуматӣ асту нуфузи фармондеҳони собиқ назар ба ҳукумати расмӣ дар миёни мардум бештар аст.

Айёмбеков: Ҳамеша инро мегӯянд. Моро сиёҳ мекунанд. Дар ҳоле, ки ҳукумат, прокуратура ҳама ин ҷо ҳастанду кор мекунанд.

Озодӣ: Хости шумо чӣ аст? Шумо мехоҳед, ки ин қазия бо роҳи қонунӣ ҳал шавад.

Айёмбеков: Бо роҳи сулҳомез.

Озодӣ: Ҳоло агар омада хостанд, ки шуморо боздошт кунанд, чӣ мекунед?

Айёмбеков: Ҳеҷ кор намекунам. Касе дар Рамазон ҷангро шурӯъ кунад, ӯро худо мезанад. Мо намехоҳем, ки касе бигӯяд, ки мо, помириҳо, дубора мехоҳем ҷангро шурӯъ кунем. Мо як бор ҷангро дидем. Бадахшон тоза роҳи худро ёфта истодааст. Мо мехоҳем, ки миллати мо тинҷ зиндагӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG