Пайвандҳои дастрасӣ

Баъзе аз намояндагони расонаҳои мустақили Тоҷикистон баста шудани оҷонсии иттилооти Тоҷнюсро “сигнали бад” донистанд. Тоҷнюс баъди ҳафт соли ҳузур дар фазои иттилоотӣ рӯзи 14 ноябр аз қатъи фаъолияташ дарак дод ва ин вазъро “ба набуди журнализми озод дар Тоҷикистон” марбут донист.

Оина ҳеҷ гуноҳ надорад, ки барои мисол лаби ман каҷ аст. Ин мушкили ман аст, ки лаби каҷ дорам.

Зебо Тоҷибоева – мудири хабаргузории Азия-Плюс – баста шудани Тоҷнюсро “андӯҳовар” номид ва гуфт, қатъи фаъолияти ин хабаргузорӣ ба сарнавишти расонаҳои дигари мустақил таъсир хоҳад гузошт. Вай гуфт, “масъулони ин хабаргузорӣ ба ин осонӣ тан намедоданд, агар барои қатъи фаъолияташон сабабҳои ҷиддитар намебуд. Яъне, онҳо ҳамин тавр аз майдон нарафтанд. Вақте онҳо рафтанд, пас, ба кори расонаҳои дигар ҳам таъсир дорад. Ҳукумат сабабҳоеро пайдо хоҳад кард, ки дигар расонаҳоро низ аз майдон дур кунад.”

Зебо Тоҷибоева

Зебо Тоҷибоева

Хабаргузории Тоҷнюс тақрибан баъди ду ҳафтаи аз чоп мондани нашрияи “Нигоҳ” фаъолияташро қатъ кард ва Зебо Тоҷибоева мегӯяд, боиси таассуф аст, ки ба ҷуз ду созмони дохилӣ каси дигаре вокуниш нишон надод. Ба қавли ӯ, зоҳиран ҷомеа ва хабарнигорону созмонҳои байналмилалӣ ин хабарро ба оромӣ “ҳазм мекунанд”.

Коршинос Абдумалик Қодиров Тоҷнюсро яке аз бозигарони қавӣ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон номид ва гуфт, “набудани чунин оҷонсӣ раванди худсонсуриро шиддат хоҳад бахшид”. Вай мегӯяд, ин раванд расонаҳо ва бахусус хабанигорони ҷавонро фурӯ мебарад, ки пеш аз як сухани ҳақро навиштан ҳатман тақдири хабаргузории Тоҷнюс ё нашрияи “Нигоҳ-ро ба хотир меоранд.

Қодиров афзуд, “аммо оина ҳеҷ гуноҳ надорад, ки барои мисол лаби ман каҷ аст. Ин мушкили ман аст, ки лаби каҷ дорам. Оина танҳо ба ман ҳамин камбудро нишон медиҳад ва бояд лаби каҷамро рост кунам. Вақте камбудҳои худамонро набинем, лаби мо каҷ мемонад, мо ислоҳ намешавем.”

Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров

Мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки оҷонсии Тоҷнюс дар ин ниҳод сабти ном шудааст, дар бораи қатъи фаъолияти ин хабаргузорӣ иттилое надодааст. Аз кормандони оҷонсӣ низ касе ҳозир нашуд, вазъиятро ба тафсил шарҳ диҳад.

Аммо дар изҳороте, ки рӯзи душанбе аз номи муассис ва кормандони хабаргузорӣ чоп шуд, гуфта мешавад, “дигар дар Тоҷикистон шароити лозим барои фаъолияти расонаи мустақил ва журнализми озод мавҷуд намебошад.” Масъулони хабаргузорӣ дар идома гуфтанд, ин қарор барояшон ногаҳонӣ набуд, чун ба гуфтаи онҳо, интизор доштанд, баъди аз чоп мондани нашрияи "Нигоҳ" навбати онҳо мерасад. “Ҳамчунон, ки навбати як-ду расонаи мустақили боқимонда низ хоҳад расид", - таъкид шудааст дар изҳорот.

Хабаргузории “Тоҷнюс” моҳи сентябри соли 2009 аз тарафи созмони ИНДЕМ, ки муассисаш Саймуддин Дӯстов (Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён) аст, ташкил шуда ва дар ҳафт соли гузашта бештар бо ифшо кардани ахбороте, ки дар долонҳои ҳукумат давр зада, вале бисёр вақт берун намеомаданд, маъруфият дошт. Рӯзи 2 ноябр бо пахши изҳороте муассиси ҳафтаномаи "Нигоҳ" аз қатъи фаъолияти ин нашрия хабар дод ва он дафъа низ сабаби тасмимро дар “адами мавҷудияти шароити лозим” номид.

Қаблан ду созмони журналистии Тоҷикистон аз мақомоти кишвар хоста буданд, ки барои нашри ҳафтаномаи "Нигоҳ" шароити заруриро фароҳам кунад. Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон аз чоп мондани "Нигоҳ"-ро нигаронкунанда дониста ва аз майдони матбуот рафтанашро "тангтар шудани фазои гуногунандешӣ" номиданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG