Пайвандҳои дастрасӣ

Бонк на пулро дод ва на "бахшиш"-ро қабул кард


Шӯъбаи "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Восеъ.

Шӯъбаи "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Восеъ.

Як сокини Восеъ пас аз он, ки натавонист 6 ҳазор доллар пасандозашро аз "Тоҷикистодиротбонк" бозпас бигирад, хост ҳудуди 35 дарсади ин маблағро барои қарзи як муйсафеди ҳамдеҳааш бахшад, аммо масъулони бонк ин пешниҳодро қабул накарданд.

Хуршед Маҳмадиев, сокини деҳаи Гулободи ҷамоати Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ рӯзи шанбеи 27 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои бозпас гирифтани маблағи 6 ҳазор доллар аз пасандозаш ба тамоми сохторҳо муроҷиат кард, аммо билохира пулашро гирифта натавонист.

Хуршед Маҳмадиев гуфт, пас аз ин ба хулоса омад, ки маблағи 2 550 долари онро барои пардохти қарзи яке аз муйсафедони ҳамдеҳааш бахшад. Аммо намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Восеъ ба ин розӣ нашуда ва аз муйсафед талаб дорад, то дар ивази қарз, манзилашро бидиҳад.

Хуршед Маҳмадиев мегӯяд, “дидам, ки пуламро гирифта наметавонам, як мӯйсафеди ҳамдеҳаам аз “Тоҷиксодиротбонк” қарздор аст. Ҳар моҳ қарзаш 75 доллар зам мешавад. Ба бонк рафтам, ариза пешниҳод кардам, ки агар пули маро дода наметавонед, пас аз ин пули боқимонда қарзи мусафедро гиред ва ман 3450 долари дигарро мегирам. Аммо масъулони бонк ин корро накарданд ва гуфтанд, ки монед, қарзаш зам шудан гирад, рафта хонаи мӯйсафедро мегирем."

Хуршед Маҳмадиев

Хуршед Маҳмадиев

Ғайратшоҳ Азимов -- муйсафеди ҳамдеҳаи Хуршед Маҳмадиев, барои корҳои хоҷагидорӣ дар моҳи декабри соли гузашта аз намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” қарз гирифта ва ҳамакнун бо гузашти нӯҳ моҳ наметавонад қарзашро баргардонад.

Дар ҳамин ҳол, пас аз он ки ин иқдоми Хуршед Маҳмадиевро намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” напазируфт, вай маҷбур шудааст, ки дигарбора аз болои ин бонк ба додситонӣ шикоят барад. Як масъули додситонии ноҳияи Восеъ рӯзи 26-уми август ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки аризаи шикоятии Хуршед Маҳмадиев аз болои "Тоҷикистодиротбонк" ба онҳо ворид шуда ва санҷиш дар ин замина идома дорад.

Ҳоло додситонӣ ба намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати пардохти пасандози Хуршед Маҳмадиев мӯҳлат додааст ва амр кардааст, ки дар сурати иҷро нашудан, нисбати масъулони бонк чора меандешад.

Хуршед Маҳмадиев дигарбора аз болои "Тоҷикистодиротбонк" ба додситонӣ шикоят бурдааст."

Зимнан, Хуршед Маҳмадиев дар намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” маблағи 15 ҳазор доллареро, ки зимни муҳоҷират дар Русия ба даст оварда буд, барои пасандоз гузошта буд. Аммо баъдан бо вуҷуди муроҷиатҳои пай дар пай, ин сокини ноҳияи Восеъ тавонист ҳудуди 9 ҳазори онро дар муддати чандин моҳ бозпас гирифт. Аммо бо гузашти се моҳ Хуршед наметавонад, 6 ҳазор доллари дигарашро бозпас бигирад. Ин сокини ноҳияи Восеъ моҳи июни ҷорӣ намояндагии “Тоҷиксодиротбонк"-ро ба додгоҳ кашид, вале натиҷае надод.

“Тоҷиксодиротбонк” баъди “Агроинвестбонк” дувумин бонки бузурги Тоҷикистон ба шумор мерафт ва аз лиҳози ҳаҷми гардиши маблағ дар раддабандии бонкҳои бузург аз “Ориёнбонк”-у “Амонатбонк” болотар меистод. Аммо пас аз таъсири манфии бӯҳрони иқтисодӣ вазъи “Тоҷиксодиротбонк” якбора бад шуд ва муштариён ҳам натавонистанд, аз банкоматҳои он пул бигиранд.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи “Тоҷиксодиротбонк” мудирияти онро ба даст гирифт. Дафтари матбуоти бонк рӯзи 19-уми май хабар дод, ки ҳадаф аз ташкили мудирияти муваққатӣ дар ин бонки бузург, ​"ҳимояи манфиатҳои соҳибони пасандозҳо ва қарздеҳон гирифта шудааст."

Бонки миллӣ ба маъмурияти муваққатӣ дастур дод, ки "фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда", барои беҳтар кардани вазъи молиявии "Тоҷиксодиротбонк" чораҳои зарурӣ андешанд.

​Мирҳаёт Ёқубов, раҳбари гурӯҳ, ба ҷойи Тоҷиддин Пирзода мудирияти "Тоҷиксодиротбонк"-ро бар ӯҳда гирифт. Мирҳаёт Ёқубов ба тозагӣ муовини раиси Департаменти идораи захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ таъин шуда буд. Ҳатто 18 август маъмурияти муваққатии “Тоҷиксодиротбонк” барои се моҳи дигар тамдид шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG